Дар як сатр
» » Синну сол дар никоҳ аҳамияти зиёд дорад

Синну сол дар никоҳ аҳамияти зиёд дорад

18-04-2018, 10:26

Бармаҳал ба шавҳар додани духтарон дар бисёр ҳолат барои саломатии модар ва кӯдаки ояндааш зарари ҷиддӣ мерасонад. Ҳатто баъзан вақт ба ҳолатҳое вохӯрдан мумкин аст, ки духтарони 15-16-сола низ барои таваллуд ба зоишгоҳ меоянд.

Тибқи мушоҳидаҳои тиб-бӣ, духтарони бармаҳал ба шавҳарбаромада аз лиҳози ҳормо-нӣ ва афзоиши ҷисмонӣ барои таваллуд ҳанӯз омода нестанд. Баъзан тифли онҳо бо вазни кам ё норасид ба дунё омада, дар узвҳои ҷинсии зан осебҳо пайдо мешаванд. Дар баробари ин, бо сабаби надоштани таҷрибаи кофии синамаконӣ ғадудҳои шири модар осебпазир мешаванд.

Ин гуна занон-модарон дар замони ҳомиладорӣ ба мушкилоти аз байн рафтани обҳои назди ҷанин ё тифли батн, таваллуди бармаҳал, фавти дохилибатнии тифл рӯ ба рӯ мешаванд. Кормандони тиб бояд вазъу ҳолати духтаронро зери назорати махсус гирифта, дар бораи ҷанбаҳои манфию мусбати саломатӣ ва шароити зиндагии оилаҳои онҳо маълумоти дақиқ дошта бошанд.

Дар баробари ин, аз рӯйи му-шоҳидаҳо аксар оилаҳои навташкил дар асоси никоҳи бармаҳал бунёдгардида ба сабабҳои омода набудани падару модари ҷавон барои нигоҳубини тифл ва бо ин сабаб дучори бемориҳои гуногун гардидани тифл ва модар, боиси вайроншавии оила мегардад.

Дар китоби «Танзими оила дар ислом»-и профессор Абдураҳими Умрон омадааст: «Синну сол ҳангоми никоҳ аҳамияти биологӣ, иҷтимоию маданӣ ва демографӣ дорад. Аз нигоҳи биологӣ, мубошират бо духтари ноболиғ боиси осеб дидани узвҳои занона мегардад. Зиёда аз ин, агар зан ҳомиладор шавад, ба ӯ ва фарзанди дар батнашбуда хатари калон таҳдид мекунад. Касоне, ки дар синну соли бисёр ҷавон оиладор мешаванд, камбудии оромӣ дар оилаашон ҳис хоҳад шуд. Ин маънои онро низ дорад, ки дар синну соли ҷавонӣ ба даст овардани ризоият дар байни зану шавҳар мушкилтар мегардад ва никоҳ бебарор шуда, метавонад бо ҷудошавӣ анҷом ёбад. Дар Қуръони маҷид дар бораи синну соли хонадоршавӣ ва ҳалли андозаи синну сол ишораҳои умумӣ дода шудааст. Имом Абуҳанифа дар бораи никоҳ дар синни 18 барои писарон ва 17 барои духтарон сухан меронад».

Бармаҳал ба шавҳар додани духтарон ва издивоҷ дар синни то никоҳ дар қонунгузории ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидааст. Мутобиқи моддаҳои 167 ва 168-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бармаҳал (то 18-солагӣ) ба шавҳар додани духтар ва оиладор кардани писар ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Дар баъзе мавридҳои истисноӣ издивоҷ дар 17-солагӣ иҷозат дода шудааст. Аммо дар 15-16-солагӣ ҳам духтар ва ҳам писар аз ҷиҳати рӯҳиву равонӣ барои зиндагии якҷояи хонаводагӣ омода нестанд, зеро худи онҳо ҳоло ба тарбия ниёз доранд.

Аз тарафи дигар, дар сурати бармаҳал издивоҷ кардан, онҳо таҳсили худро дуруст идома дода наметавонанд ва аксаран таҳсилро бо сабаби мушкилиҳои оилавӣ тарк мекунанд. Ин ҳама ба хушунати рӯҳиву ҷисмонии навҷавонон оварда мерасонад.

Табиист, ки дар чунин ҳолат фарзанди онҳо низ носолим ба дунё омадаву ба воя мерасад.

 

Хосият МИРЗОЕВА,

директори Маркази

солимии репродуктивии

ноҳияи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Бармаҳал хонадор намудани ҷавонон иштибоҳи маҳз аст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Алиментсупорӣ падарро аз масъулият озод намекунад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Арӯсии ноболиғон: «қарзи падарӣ» ё нақзи ҳуқуқи фарзанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, Таҳқиқи журналистӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ