Дар як сатр
» » Замин баракати зиндагист

Замин баракати зиндагист

17-04-2018, 12:22

Мушкилоти зиндагӣ оилаи Майрамро водор намуд, ки рӯ ба замин, яъне ба кори деҳқонӣ оварад.

Майрам бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагӣ бо шавҳараш Собирҷон маслиҳат карда, ба назди раиси хоҷагии ҳамонвақта Файзуллоев рафтанд. Онҳо мехостанд саҳмия ё ба қадри имкон замин ба иҷора гиранд. Ҳар ду вориди ҳуҷраи кории раис шуданд. Аз ӯ хоҳиш намуданд, ки аз заминҳои деҳаи Гулистон 1,5 га замин ҷудо намояд. Азбаски Гулистон деҳаи  навобод буд, дар он заминҳои бекорхобидаю талу теппадор вуҷуд дошт.

Раис мақсади онҳоро фаҳмид ва огаҳ намуд, ки заминҳои интихобкардааш дар поёни қитъаҳои пахта ҷойгир шудааст. Ба ин заминҳо об овардан душвор аст. Илова бар ин, заминҳо чимзору ба чарогоҳ табдил ёфтаанд. Баъди шунидани суханони раис Майрам ва шавҳараш розигӣ доданд, ки аз уҳдаи корам намудани ин заминҳо мебароянд.

Хулоса, бо ҷаҳду талоши зиёд зану шавҳар соҳиби замини иҷора гардиданд. Соли аввал дар як қисмаш ғаллаю дар қисми дигараш ҷуворимакка коштанд. Бо маслиҳати якдигар аз  "Амонатбонк” ба миқдори муайян пул қарз гирифтанд. Насоси обкашӣ харида аз танқисии об баромаданд.  Бо техника баъзе ҷойҳои заминро ҳамвору зиёда аз 20 ядак (телечка)  партовҳои деҳаро оварда рехтанд. Оҳиста-оҳиста, бо ранҷу заҳмати зиёд заминро тахту ҳамвор карда, онро барои кишти зироат омода сохтанд.

Вақте ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминҳои бекорхобидаро ба боғкорӣ табдил додан” баромад, он ба кори деҳқонии Майрам такони ҷиддӣ бахшид. Бо мақсади бунёд намудани боғи намунавӣ бо ҳамроҳии шавҳараш Собирҷон барои гирифтани маслиҳат ба назди деҳқонони шаҳрҳои Ҳисору Исфара рафтанд.

Бо боғкорони пуртаҷриба ҳамсуҳбат шуда, маслиҳатҳо пурсиданд, ҳамзамон зиёда аз 150 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда оварданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва роҳбарони хоҷагӣ орзуҳои неки Майрам амалӣ шуданд. Охири моҳи  декабри соли 2009 Хоҷагии деҳқонии "Юсуфиён”-ро дар ҳаҷми 1,5 га замин барои бунёди боғи намунавӣ ба имзо расонд. Ранҷу заҳмати зиёд ва меҳнати ҳалол Майрамро соҳиби обрӯи баланд гардонд. Барои иштироки фаъолона дар озмуни минтақавии "Зан соҳиби замин” ва ғалаба аз рӯйи номинатсияи Беҳтарин зан- саҳмдори замин” сазовори Диплом ва 2000 сомонӣ туҳфа гардид. Ҳамаи ин қадрдонию дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Майрамро ҳамчун заминдори беҳтарин, боғкори пуртаҷриба дар миёни занҳои деҳот маълуму машҳур гардонд.

Аксарияти занҳои хонанишини деҳот ба назди ӯ омада, барои аз худ намудани таҷрибаи соҳибкориаш ва ташкил намудани гармхонаҳои сабзавотӣ маслиҳат мепурсанд. Чандин занҳои хонашин бо ёрии ӯ соҳиби замин ва ҷойи кор гардида, зиндагии худро беҳтар намуданд. Дар кори таъмин намудани занҳо бо ҷойи кор масъулияти Майрам баланд аст.

Ӯ кӯшиш менамояд, ки занҳои деҳот дар кори деҳқонӣ фаъол бошанд. Аз рӯйи чунин кӯшиш ва амалӣ гардидани мақсадҳои нек Майрам 14 октябри соли 2017 бо пешниҳоди лоиҳаи "Таъсиси гармхона” ва боғи намунавӣ ғолиби озмуни грантии раиси вилояти Хатлон дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ гардид. Дар ин пешравию комёбиҳо, ба даст овардани муваффақиятҳо саҳми аҳли оилаи ӯ дида мешавад. Майрам Саъдуллоева хурсанд аз он аст, ки ӯ дар мулоқоти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, ки 14 октябри  соли гузашта дар "Кохи Борбад” баргузор гардида буд, иштирок дошт. Ин вохӯрӣ ба ӯ ғайрату илҳоми тоза бахшид, суханронӣ ва бо меҳр ба соҳибкорон муроҷиат намудани Сарвари давлат пайваста пеши назараш омада, шавқу завқи ӯро ба замин дучанд гардонд. Аз ин мулоқот бо як ҷаҳон таассурот баргашта, дар назди худ мақсад гузошт, ки фаъолияти соҳибкории худро васеъ намуда, маслиҳату нишондодҳои Сарвари давлатро дар деҳот амалӣ намояд.

Майрам Саъдуллоева дар баробари соҳибкорзани фаъол будан, инчунин дар оила модари хуб ва тарбиятгари фарзандон низ мебошад. Духтаронаш Бунафша ва Маҳина факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм намуда, ба касби муҳосибӣ машғуланд. Шамсия баъди хатми коллеҷи тиббӣ дар беморхонаи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба ҳайси момодоя кор мекунад. Мавлуда ва Мустафо дар Донишкадаи энергетикии ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) таҳсилро давом дода, мехоҳанд дар оянда бо касби пешакардаашон машғул шуда, дар зиндагӣ мисли модар  мавқеи хешро дар ҷомеа дарёбанд.

- Ман баракати зиндагиро аз замин ва аз меҳнати ҳалол ёфтаам, - мегӯяд Майрам Саъдуллоева. - Аз ин рӯ, мехоҳам, ки занҳои хонанишини деҳот дар кору зиндагӣ пешсаф бошанд.

 

Намоз Солиев,

шаҳри Левакант


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ , АМОН МАҲКАМОВ
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»

Р. Сапармуротова: «Барои муваффақ гардидан бояд аз дили замин огоҳ бошӣ»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА