Дар як сатр
» » Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

16-04-2018, 10:17

Истиқлолияти давлатӣ орзуи деринаи мардуми мо буд. Ин орзуи ширин дар охири садаи ХХ  амалӣ гардид. Истиқлолият рамзи олии ватану ватандорӣ, неъмати давлатсозию давлатдории мустақил мебошад. Дар ин бора суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавем, ки гуфтааст: "Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро  барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои дерини халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.

Мо-ҷавонон истиқлолияти ватанро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он саъю талош мекунем. Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ, риояи меъёрҳои он, инчунин ҳифзи ин мероси бебаҳои ниёгон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллатамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Маҳз қонуни мазкур дар эъмори забони давлатӣ ва пойдории он саривақт буда, он вазифадор менамояд, ки забони модариро чун неъмати бебаҳо ҳифз кунем, барои инкишофи он саҳм гузорем.

Дар даврони соҳибистиқлолият баро-бари баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суннату анъанаҳои миллиамон низ эҳё ва барои арҷи бештар гузоштан ба онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бисёр расму оинҳо ва анъанаҳои неки миллиамонро зинда гардонида, қисме аз онҳо ба ҷашнҳои миллӣ табдил ёфта, мақоми давлатию ҷаҳонӣ гирифтанд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин ҷашнҳои аҷдодии мо-Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз нав зинда гардид ва он бо заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар арсаи ҷаҳон ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар ин давра тамоми суннату оинҳои ниёгон эҳё шуданд ва Наврӯз ба яке аз дӯстдоштатарин ҷашнҳои миллии мо мубаддал гардид. Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки иди Наврӯзи байналмилалӣ соли 2018-ум дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар бо тантана ҷашн гирифта шуд. Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ эълон гардида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ мо- ҷавононро водор месозад, ки дар ободонию бунёдкории ҳар як гӯшаи ватани ҷоноҷонамон саҳми хешро гузорем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё ва барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуд, онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми ватан, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани ҷавонон шароити муносиб ва роҳи васеъ кушодааст.

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ қариб 50 фоиз ва дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда 23 фоизро ташкил медиҳад. Синни миёнаи аҳолӣ 24-сола буда, 70 фоизи онро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳад ва аз ин рӯ, мо-ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзем, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ бошем, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоем, ватан, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин забону фарҳанги худро ва заҳматҳои Пешвои миллатамонро эҳтиром намоем ва самимона онро дӯст дорем.

Агар хоҳем, ки ҷомеаи тинҷу обод ва давлати пешрафта дошта бошем, бояд бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо илм омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ намоем. Зеро танҳо миллати босаводу донишманд давлатро пешрафта мегардонад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар замони истиқлолият маблағгузории соҳаи маориф бо дастгири-ҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон садҳо баробар зиёд карда шуд. Агар соли 2009 барои рушди соҳаи маориф ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2016 барои ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёда аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар ин давра зиёда аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, дар кишвари азизамон 161 муассисаи замонавии таълимӣ, аз ҷумла 85 гимназия ва 65 литсей фаъолият ва 9 мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Нигоҳ доштани дастовардҳои истиқ-лолият, тинҷиву оромии ватани азизу миллатамон вазифаи ҳар яки мову шумо- ҳамсолони азиз мебошад. Бомаърифату хушбахт будани оила ин тинҷии ҷамъият, ободии ватан аст ва тарбияи насли навраси бофарҳангу боилм ин ояндаи ватан аст. Аз ин лиҳоз, мо-ҷавонон сазовори боварӣ ва заҳмату меҳнатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

 

Камолиддин Амонзода,

мутахассиси шуъбаи кадрҳои дастгоҳи

раиси вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Ҳокимияти давлатӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давла ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ