Дар як сатр
» » Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

Масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ дар паёми Пешвои миллат

15-04-2018, 11:53

«Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд».

 

 Баъди ба даст овардани истиқлолияти комили миллии тоҷикон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва ҷавон тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ тағйиротҳои куллӣ ворид созад, аз ҷумла дар соҳаи хизмати давлатӣ.

Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Дар ин асно, тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаҳои мақомоти давлатӣ, сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Зеро хизмати давлатии навини Тоҷикистон зодаи замони истиқлолият буда,  дар шароити басо ногувори таърихи миллат оғоз гардида, марҳила ба марҳила нумӯъ ёфт.

Ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият низ тамоми фикру андешаи Пешвои миллат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатӣ ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим  буд.

Маҳз натиҷаи ҳамин дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат ба соҳаи хизмати давлатӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи дониш ва таҷриба миёни хизматчиёни давлатӣ боло рафта, шумораи хизматчиёни давлатӣ то ба имрӯз ба 19 ҳазор нафар афзудааст, аз ҷумла дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 зикр гардиданд: «Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, ба самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад». Ин суханони Сарвари давлат роҳнамо ва роҳнишондиҳандаи фардои мардуми ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки он ҳам дар навбати худ, аз кулли хизматчиёни давлатӣ масъулияти баланд ва суботкориро талаб менамояд. Албатта, ин дастовардҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ, аз як тараф, натиҷаи ғамхориҳои Сарвари давлат ба соҳаи идоракунии давлатӣ бошад, аз сӯи дигар, содиқона фаъолият кардани хизматчиёни давлатии мамлакатро собит менамояд.

Бо такя ба ин гуфтаҳо мавриди зикр аст, ки дар ин дастовард ҳиссаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ назаррас буда, боиси ифтихор ва шарафмандии ҳайати  кормандони ин ниҳоди назди президентӣ  аст. Ниҳоди мазкур аз нимаи дуюми солҳои навадуми асри гузашта ба таъсиси заминаҳои меъёрии ҳуқуқии низоми ягонаи хизмати давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида шуд. Бори аввал, аз 13 ноябри соли 1998 ва маротибаи дуюм, аз 5 марти соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шуд. Аз 25 январи соли 2001 дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ - Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид, аз соли 2014 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар ин самт бо мақсади ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ қабул гардид, ки ба рушду нумуи соҳаи хизмати давлатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати хизматчиёни давлатиро то 15 фоиз зиёд кард, ки ин яке аз иқдомҳои навбатии Президенти кишварамон дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии хизматчиёни давлатӣ мебошад. Ин дастур нишон медиҳад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои молиявӣ нисбати ҳолати иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ бетараф нест. 

Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ мо-хизматчиёни давлатиро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи самаранокии идоракунии давлатӣ аҳамияти бештар диҳем, сатҳу сифати идоракуниро беҳтар кунем ва барои хизмат-расонии босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хизматчиёни давлатӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Далер Гулов,

Бахтиёр Назаров,

кормандони бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Сазовори боварии Сарвари давлат бошем

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Боздиди Сарвари давлат аз Отряди сарҳадии «Панҷ»

Боздиди Сарвари давлат аз Отряди сарҳадии «Панҷ»

Хабарҳо
Ҷавонон-неруи созанда

Ҷавонон-неруи созанда

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА