Дар як сатр
» » Тасдиқи бренд (нишона)-и “Хатлон-водии пурфайз”

Тасдиқи бренд (нишона)-и “Хатлон-водии пурфайз”

14-04-2018, 16:48

Тибқи  қарори раиси вилояти Хатлон  Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз 6 апрели соли  2018 таҳти №66 Бренд (Нишона)-и минтақавии вилоят бо навиштаҷоти "Хатлон –водии пурфайз” тасдиқ гардид.

Тавре ки аз Низомнома бармеояд, мақсад аз додани ҳуқуқи истифодаи Бренд  (Нишона) пеш аз ҳама пешбарии маҳсулот, молҳои дар ҳудуди вилояти Хатлон истеҳсолшаванда, бунёди  шароити мусоид барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти баландсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза, муаррифии вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи ояндадор оид ба хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ мебошад. Принсипҳои асосии пешниҳоди ҳуқуқи истифодаи Бренд (Нишона) ин фароҳам овардани дастрасии ягона ва шароити баробари рақобатнокӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шаффофият ва назорати ба шартҳои дар Низомномаи мазкур пешбинишуда мувофиқат кардани мол ва хизматрасониҳои бо Бренд (Нишона)-и мазкур тамғагузоришуда, иборат мебошад.

Бояд хотиррасон намоем, ки истифодаи коғаз, картон ва маҳсулоти аз онҳо омодакардашуда, аксҳо, молҳои коғазӣ, маводҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ бо истиснои таҷҳизотҳо, чарм, маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ  ва армуғонҳо аз чӯб, ашёҳои санъат аз чӯб, мум, газ, мебел, матоъҳо ва маснуоти саноати бофандагӣ, рӯйҷо, дас-турхон ва рахтҳои хоб, либосу пойафзол, кулоҳу каллапӯшҳо аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ: гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, асал, меваю сабзавот, равғанҳои растанӣ, паниру маска ва ғайраҳо ҳуқуқи истифодаи  Бренд "Нишона”-ро доро мебошанд. Барои дарёфти маълумоти бештар бобати гирифтани Бренд (Нишона) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ метавонанд ба Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят муроҷиат намоянд.



Шарҳи хонандагон +
Cialis In Gelsenkirchen cialis Commander Du Baclofene Propecia Shed Hair Loss Cephalexin Reactions For Dogs
31 май 2018 06:03

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

24 шикоят аз паст будани сифати маҳсулот

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР