Дар як сатр
» » «МАҚСАД - БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ»

«МАҚСАД - БЕҲТАР НАМУДАНИ ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ»

14-04-2018, 15:41

14 апрели соли ҷорӣ раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода намояндагони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Давлат Мирзоев, сардори Раёсати оби деҳот ва чарогоҳҳои вилоят Ҷ. Ғозиев, сармутахассиси бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят А. Азулоев ва кормандони ВАО ширкат доштанд. Аз ҷониби намояндагони Бонки ҷаҳонӣ хонума Сана Ага аль Нимер, роҳбари гурӯҳи лоиҳавии Бонки ҷаҳонӣ, сармутахассис оид ба таъминоти оби нӯшокӣ, хонума Кэролайн ван ден Берг, мутахассиси иқтисодӣ оид ба масъалаҳои об, хонума Фарзона Муҳиддинова, мутахассис оид ба масъалаҳои об ва Дилшод Нодиров, дар мулоқот ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, барояшон саломатӣ ва баҳри фаъолияти минбаъдаву ҳамкориҳои дуҷониба бурдбориҳо таманно намуд. Тавре ки роҳбари вилоят таъкид дошт, ҳадафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон пеш аз ҳама тақвият бахшидан ба рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ буда, ба ин мақсад ҳамкориҳоро ба давлатҳои дуру наздик хуб ба роҳ мондаанд. "Натиҷа ин аст, ки солҳои охир бо дастгириву кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ қисми зиёди мушкилоти ҷойдошта дар шаҳру ноҳияҳо роҳи ҳалли хешро ёфтанд, албатта, дар ин самт саҳми Бонки умумиҷаҳонӣ назаррас мебошад”, - таъкид дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Бо дастгирӣ ва сармоягузории Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳо лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, айни замон роҳандозӣ шуда истодааст. Тавре ки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, бо назардошти қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Соз-мони Милали Муттаҳид ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028” сармоягузорӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба масоили об ба манфиати иҷрои Қатънома мебошад.

-Дар давраи татбиқи Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020 дар вилоят як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. Дар давраи татбиқи Барнома, яъне то соли 2018-ум мувофиқи нишондодҳои барнома бояд 238,8 миллион сомонӣ маблағ равона мешуд. Маблағгузории аслии барнома бошад, дар ин давра, яъне то 1 январи соли 2018 370,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки аз ин 328,5 миллион сомониаш ҷалби сармоягузориҳо мебошад,- таъкид рафт зимни мулоқот. Тавре ки роҳбари вилоят ироа дошт, дар самти беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда, аз ҷумла дар доираи "Лоиҳаи рушди инфраструктураи маҳалӣ "коммуналӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру навоҳии Бохтар (Қӯрғонтеппа), Кӯлоб, Восеъ ва Данғара дар давоми солҳои 2010-2013 ба маблағи 682 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гашт.

Ҳамчунин, дар доираи лоиҳаи номбурда корҳои барқарорсозии обтаъминкунӣ ва беҳдошти ҳолати санитарии марказҳои ноҳияҳои Фархор ва Восеъ то соли 2016-ум дар ҳаҷми 11,85 миллион доллари амрикоӣ ба анҷом расонида шуданд. Яке аз масъалаҳое, ки зимни мулоқот бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ матраҳ гардид, ин ташкили номунтазами таъмини идоракунии партовҳои сахти маишӣ ба шумор рафт. Бинобар суст будани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои коммуналӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда омода набудани майдончаҳои муваққатии партовғундорӣ, нарасидани партовқуттиҳои махсус, таъмини беҳдошти санитарию экологииаксар марказҳои шаҳру ноҳияҳо халалдор гардидааст. Чуноне ки дар ҷамъомадзикр гардид, танҳо барои барқарор ва азнавсозии иншоотҳои системаи ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ дар 25 шаҳру навоҳии вилоят беш аз 135,1 миллион сомонӣ маблағ зарур аст.

Аз ин лиҳоз, пешниҳоди лоиҳаи навбатии Бонкро дар самти беҳсозии таъминоти об ва ҳолати санитарии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ, Ҷайҳун, шабакаҳои обтаъминкунии ноҳияи Восеъ ва шабакаи обтаъминкунии ноҳияҳои Данғараю Темурмаликро саривақтӣ шуморида раиси вилоят ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.

Дар навбати хеш роҳбари гурӯҳи лоиҳавии бонки ҷаҳонӣ хонума Сана Ага аль Нимер нисбати ҳамкории дуҷониба ва дастгириҳо изҳори сипос намуда, баҳри дар амал татбиқ гардидани лоиҳаҳои минбаъда низ барору комёбӣ орзу намуд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Ҳамкорӣ то соли 2020

Ҳамкорӣ то соли 2020

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА