Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Нишасти матбуотӣ


Нишасти матбуотӣ


Натиҷаҳои соли 2020 қаноатбахшанд

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2020-ум   дар ҳамаи  бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ба 16 млрд 985 млн 21,3 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли   2019-ум 1 млрд 479 млн 850,9 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 9,5 фоиз  афзудааст. 

Тавре ки Амирбеки Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иброз  дошт, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти  кишоварзӣ 12   млрд 305 млн 84,1 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 4 млрд 679 млн 937,0 ҳазор сомонӣ ба  соҳаи чорводорӣ  рост меояд. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 7 млрд  952 млн  680,1 ҳазор сомонии он ба бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ рост меояд.

Бинобар гуфтаи А. Темур айни ҳол дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 89 998 сар чорвои калони шохдор,  556 666 сар бузу гӯсфанд, 608 112 сар паранда, 16107 сар асп ва 12319 оилаи занбӯр парвариш меёбанд. Соли 2020 дар хоҷагиҳои мазкур 13980 тонна гӯшт 20 ҳазору 191 тонна шир, 239 тона асал ва  ғайра истеҳсол карда шудааст. 

Зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон барои нигоҳдошт ва зиёд намудани саршумори чорвои хушзот 30 хоҷагӣ дар шабакаи хоҷагиҳои зотпарварӣ ба қайд гирифта шуда, аз он 12 хоҷагӣ ба парвариши 5040 сар чорвои калони шохдор, 14 хоҷагӣ ба парвариши 102 ҳазору 935 сар чорвои майдаи шохдор ва 4 хоҷагии зотпарварӣ ба парвариши 417 сар аспҳои зоти тоҷикӣ машғул мебошанд. 

Тибқи маълумотҳои расмӣ масоҳати умумии чарогоҳҳо дар қаламрави вилояти Хатлон ба 1 миллиону 226 ҳазору 323 гектар мерасад.


Бунёди муассисаҳои тандурустӣ

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди 566 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта,то имрӯз сохтмони 481 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Дар ин бора Мирзоалӣ Раҷабзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон,   зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ танҳо дар соли 2020  бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи тандурустӣ, аз қабили марказу бунгоҳҳои саломатии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ ба истифода дода шудааст.

Айни замон шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба 1668 адад мерасад, ки аз ин 52 муассисаҳои вилоятӣ, 32 марказҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ, 11 амбулатория аз нигоҳи тиббӣ, 158 маркази методӣ, 24 беморхонаи марказии шаҳру ноҳияҳо, 58 беморхонаи рақамӣ, 709 бунгоҳи саломатӣ мебошанд.

Новобаста ба дастоварду навовариҳо то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 41 муассисаи тандурустӣ, дар биноҳои корношоям қарор доранд. Аз ин шумора дар ноҳияҳои Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Қубодиён  5 ададӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ. Балхӣ 4 ададӣ  ноҳияҳои Балҷувон, Кӯшониён, Ховалинг, Дӯстӣ, Восеъ 3 ададӣ муассисаҳои тиббӣ дар биноҳои ба меъёр ҷавобгӯ нестанд.

Дар охир намояндагони ВАО ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Ҷамолиддин Сайфиддинов, 

«Хатлон»

 

 

МАБЛАҒҲО МАҚСАДНОК

ИСТИФОДА МЕШАВАНД

3-юми январи соли 2021 дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки васеи рӯзноманигорони расонаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баргузор гардид.

Нахуст Бахтиёр Назарзода сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон нишасти матбуотиро  ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки барои кулли молиячиёни вилоят соли сипаришуда соли  бобарору пурмаҳсул буд.   

Дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодии вилоят иҷрои нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ дар соли 2020-ум аз ҳисоби даромадҳои худӣ 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 1218,5 млн. сомонӣ маблағи пешбинишуда 1256,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 37,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. 

Аз руи маълумотҳо ба ҳолати 1 январи соли 2021    бақияи қарзи  андозҳо дар сатҳи вилоят дар маҷмӯъ маблағи 189,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ки нисбат ба аввали сол 21,0 млн. сомонӣ  зиёд гардидааст. 

Маблағҳои буҷетӣ 1 миллиарду 584 млн. сомонӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф 1074 млн. сомонӣ, тандурустӣ 491 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 12,8 млн. сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 6,8 млн. сомонӣ равона карда шудааст. 

Бояд ёдовар шуд, ки дар соли 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 477,9 млн. сомонӣ, барои фарқияти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 90,7 млн. сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо гардиданд.  

Дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бо мақсади дастгириву ёрӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти татбирҳои пешгирӣ ва паҳншавӣ аз бемории короновирус, муолиҷаи саривақтии беморон ва кӯмак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, махсус бақияи озоду даромади шаҳру навоҳи 14,1 млн. сомонӣ ҷудо гардид. 

Зикр гардид, ки дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Маркази бозомузӣ фаъолият дошта, зиёда аз 269 нафар муҳосибон ва иқтисодчиён оиди ҳисобдории муҳосибин бо тариқи равзанаи ягонаи  электронӣ аз рӯи барнома ба омӯзиш фаро гирифта шуда, 167 нафар соҳиби сертификат гардидаанд. 

Пас аз баромади роҳбарияти Сарраёсат хабарнигорони ВАО оид ба истиқболи 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷалби мутаххасисон ба соҳаи молия, маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоии хоҷагии халқ ва дигар самтҳои муҳими соҳаи молия саволҳо пешниҳод намуда, ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

 Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуотии 

Сарраёсати молияи 

вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода