Дар як сатр
» » Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард

23-01-2015, 11:46

Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандро аз рӯзи таваллудаш бояд тарбия кард
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақомот дастур дод, ки то охири соли ҷорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод кунанд.

Сардори давлат зимни ироаи Паёмаш ба Маҷлиси Олӣ ба ин нукта таъкид карда, афзуд, ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ бояд барои густариши касбу забономӯзӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷи кишвар талоши бештар ба харҷ диҳанд.

Президенти мамлакат дар паёми солонааш ҳамчунин аз мардум хост бо наздиконашон, ки ба хориҷи кишвар барои кор ё таҳсил рафтаанд, доимо дар тамос бошанд.

- Баъзе ҷавонон маҳз дар муҳоҷират ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ғалтида, вориди ҷангҳои хориҷӣ мешаванд, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон. - Дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи падару модарони муҳтарамро ба таълиму тарбияи фарзандон ҷалб карда, таъкид менамоям, бомасъулият бошанд. Волидайн ва калонсолон бо чунин ҷавонон бояд дар алоқа бошанд, зеро чуноне дида истодаед, аксари онҳое, ки ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ташкилоти террористӣ афтодаанд ва ҳоло як қисмашон дар ҷангҳои даҳшатноки Ироқу Сурия мебошанд, онҳое ҳастанд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Президенти кишвар таъкид кард, ки волидон бояд аз рӯзи таваллуд ба тарбия ва таълими шоистаи фарзанд машғул шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин супориш дод, ки бо мақсади коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ бояд дар дохили кишвар ҷойҳои корӣ таъсис дода шавад. Вай афзуд, соли равон бояд на камтар аз 200 ҳазор ҷойи кории нав ташкил карда шавад.

Соли 2014, тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикисон 250 ҳазор ҷойи кори доимию мавсимӣ муҳайё шудааст, ки беш аз 80 ҳазори он ба вилояти Хатлон рост меояд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Э. Раҳмон: «Дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф феълан 18 ҳазор ҷойи кори холӣ ...

Э. Раҳмон: «Дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф феълан 18 ҳазор ҷойи кори холӣ ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

«ҲИӮ» ҷавонони тоҷикро ба роҳи бебозгашт мебарад…

Сиёсат, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Вазир кай ба Хатлон меояд?

Вазир кай ба Хатлон меояд?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Таъсиси на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави кор дар Тоҷикистон

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Соли 2015 - «Соли оила»

Соли 2015 - «Соли оила»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА