Дар як сатр
» » Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

23-01-2015, 11:05

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Марҳилаи нави татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону навзодон ва ёрии фаврӣ дар вилояти Хатлон» оғоз шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар доираи марҳилаи аввали ин лоиҳа азнавсозии муассисаҳои таҷрибавии вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббии истеҳсоли Олмон, Испания, Амрико ва таҳкими иқтидори кадрӣ ба роҳ монда шуд.

- Дар доираи ҳамкориҳои молиявӣ бо Олмон имрӯз фаъолият дар се самти афзалиятноки соҳа, аз ҷумла бемории сил, фалаҷ ва модару кӯдак идома дорад, - зикр кард манбаъ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. - Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамчунин таҷдиду азнавсозии шуъбаҳои зоишгоҳҳои беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Вахш, Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки дар доираи ин лоиҳа сохтмони 2 маркази вилоятии перинаталӣ дар шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ҷорӣ намудани системаи телетиб ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Иҷрои 262 лоиҳа дар доираи Барномаи рушд

Хабарҳо