Дар як сатр
» » Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

22-01-2015, 16:24

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

8 духтури ҷавон дар шаҳри Сарбанд соҳиби қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ гардиданд.

Ба гуфтаи Қарахон Чиллазода, раиси шаҳри Сарбанд, ин тасмим ба хотири ҳавасманд намудани мутахассисони ҷавон ба кор дар муассисаҳои тиббии маркази шаҳр ва деҳаҳо гирифта шудааст.

- Соли гузашта 3 нафар пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 8 хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа дар шуъбаҳои муолиҷавии беморхонаи марказии шаҳри Сарбанд бо ҷойи кор таъмин гардиданд, - гуфт Қ. Чиллазода.

Дар маҷмӯъ, дар 16 муассисаи табобатии Сарбанд 212 пизишк фаъолият доштаанд.

Шаҳрдори Сарбанд ҳамчунин хабар дод, ки соли гузашта ба 6 омӯзгори ҷавон низ барои бунёди манзил қитъаҳои замин ихтисос дода шудааст. Тайи ду соли охир, ба қавли ӯ, 32 оилаи омӯзгорони Сарбанд ба қитъаи замин барои сохтани хона даст ёфтаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Имтиёз ба омӯзгорони ҷавон

Хабарҳо, Маориф ва илм
Таъсиси донишгоҳи тиббии Хатлон

Таъсиси донишгоҳи тиббии Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

С. Шерзода: «Омӯзгорони ҷавонро бояд дилгарм созем»

Хабарҳо, Маориф ва илм
ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз вакилони ҷавон чӣ интизорем?

Аз вакилони ҷавон чӣ интизорем?

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА