Дар як сатр
» » Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

Дӯстӣ. Кишоварзон тухмиҳои хушсифатро кишт мекунанд

10-04-2018, 10:22

Дар ноҳияи Дӯстӣ 14 ҳазору  450 гектар замини корам мавҷуд буда, имсол, тибқи нақша, дар майдони 7 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад. То имрӯз дар майдони зиёда аз 5000 гектар пунбадона кишт шудааст.
Тибқи иттилои Р. Бобоев, масъули Раёсати кишоварзии ноҳия, кишоварзони хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов дар кори хоҷагидорӣ таҷрибаи хуб дошта, ҳамасола баробари кишти дигар зироатҳо ба пахтакорӣ низ диққати махсус зоҳир менамоянд.
Хоҷагии мазкур дорои 625 гектар замини корами обӣ буда, имсол дар майдони зиёда аз 350 гектари он кишти пунбадонаи навъҳои «Хатлон-2014», «Тоҷикистон»-ро гузаронидаанд. Дар қитъаҳои аввал киштшуда сабзиши пунбадона  мушо-ҳида мегардад.
Ба гуфтаи масъулини хоҷагӣ, соли гузашта аз ҳар гектар 35-40-сентнерӣ ҳосил рӯёнида буданду имсол ният доранд, ки бо риояи дурусти омилҳои парвариши ин зироат ҳосилро бештар кунанд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи Эшбек Сатторов низ яке аз хоҷагиҳои калони пахтакори ноҳияи Дӯстӣ ба шумор меравад. Ин хоҷагӣ дорои 700 гектар замини корам буда, имсол ният доранд дар майдони 400 гектар кишти пунбадона гузаронанд.
Низомиддин ИСОЕВ,
                       «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ