Дар як сатр
» » Ҷонфидои миллат

Ҷонфидои миллат

9-04-2018, 08:13

Раҳбаре, ки дилсӯзи халқу миллати худ аст ва нисбат ба мардум меҳрубону дарди дили халқро дарди худ ҳис мекунад, сазовори иззату эҳтироми омма мегардад.

Хушбахтона, чунин роҳбари оқилу доно, марди фозилу хайрхоҳ, адолатпарвару ҳақҷӯ, мардумдӯст насиби миллати тоҷбарсари мо гаштааст. Ва мардум аз ин доди худовандӣ мефахранду меболанд. Ин марди оқилу  доно талош ба он дорад, ки мардумаш ободу осуда ва давлаташ пешрафта бошад. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанду пешниҳодҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро якдилона қабул ва эътироф доранд. Басо рамзист, ки парчами давлати мо дар шафати яке аз созмонҳои бонуфуз Созмони Милали Муттаҳид афрохта шудаю шеъри шоири зиндаёд Шайх Саъдӣ аҳли сайёраро ба муттаҳидиву сарҷамъӣ даъват менамояд.

Миллати тоҷик аз қадимул-айём дорои таъриху фарҳанги бою ғанӣ буда, ҳамчун миллати сулҳдӯст, саховатпеша эътироф гардида, бо Ибни Синову Шайх Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Хайёму даҳҳои дигар маъруфаст… 

Мақсади банда аз рӯйи авроқи сафед овардани ин навиштаҳо дар он аст, ки наврасону ҷавонони мо донанд, ки имрӯз мо Пешвое дорем, ки миллати тоҷик, бузургони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Ҳамасола баҳри рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи мардум Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки онро кулли сокинони кишвар, хурду бузург бесаброна интизорӣ мекашанд. Банда ҳафтаҳо мунтазири суханронии Пешвои миллат дар назди оинаи нилгун менишастам. Он рӯз фаро расид, аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам, назди оинаи нилгун бо ҳамкасбон аз аввал то ба охир суханронии Пешвои муаззами миллатро гӯш додам. Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ фарқи куллӣ дошт. Дар Паёми имсола зикр гардид, ки бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ мо тавонистем сулҳу суботи комил, ваҳдату истиқлолияти давлатиро нигоҳ дорем.

Дар соле, ки  сипарӣ гардид, зиёда аз 100 давлати дунё гирифтори гурӯҳҳои ифротӣ гардида, хисороти зиёди моливу иқтисодӣ бардоштанд ва ҷони ҳазорҳо сокинони осоиштаи худро аз даст доданд. Ба  садаи 20 назар афканем, дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга дошт, барои миллати тоҷик ҳам сӯхтан буду ҳам сохтан. Оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бартараф намудану барқарор сохтани як давлати соҳибихтиёр кори caҳлy осон набуд.

Ба барқарор сохтани давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аксари гурӯҳҳои мухолифин зид буданд. Аллакай Тоҷикистон ба се порча тақсим шуда буд. Хатари нобудшавии Тоҷикистон дар назар буд. Зиёда аз 1 миллион нафар тарки манзилу меҳан намуда, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯч бастанд. Душманон намехос-танд Тоҷикистон ҳамчун давлат рушд ва пешрафт кунад.

Вакилони мардумӣ ба хулосае омаданд, ки ҳарчи зудтар ҷамъ омада, ба ин бесарусомониҳо хотима бахшанд. Дар он рӯзҳо касе набуд, ки миллати тоҷикро аз парокандагиву парешонӣ дар амон нигоҳ дорад. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии вакили ҷавони боғайрату нотарс ва ғурури миллидошта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуданд.

Аксарияти вакилони мардумӣ ба ҷонибдории вакили ҷавону кордон ва сиёсатмадор раъйи худро доданд. Замоне, ки Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудан он кас ба минбари бонуфуз баромада, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, рӯ ҷониби вакилони мардумӣ оварда гуфтанд: «Ман ҷонибдори сулҳ дар Тоҷикистон ҳастам, ҷонибдори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошам». Он замон ман  бо шавқу ҳаваси кӯдакӣ ба оинаи нилгун менигаристам.

Ӯ мардонавор ба гуфтаҳои худ истода, кори бузурге барои миллати тоҷик кард, мухолифинро сари як миз гирд оварда, дар якҷоягӣ оши оштӣ хӯрданд. Ва зиёда як миллион гурезаи тоҷикро ба ватан баргардонд. Борҳо дар баромадҳои худ мегуфт: «То охирин гурезаи тоҷикро ба ватан барнагардонам, ман худро орому осуда ҳис намекунам». Охирин гурезаи тоҷикро ба ватан баргардонд. Имрӯз миллати тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу субот дар меҳану зодгоҳи худ пайи кору фаъолиятанд.

Рӯзҳо мегузаранд, моҳҳо паси cap мешаванд, солҳо сипарӣ гаштанд. Аз он рӯзҳо 26 сол гузашт. Дар 26 соли соҳибистиқлолии кишвар ба чӣ дастовардҳои бузург ноил гардидаем, онро ба чашми сар дида истодаем. Лозим намешуморам ҳамаи онро рӯйи авроқи сафед биёрам, чунки хурду калон, пиру барно ҳамарӯза тариқи васоити ахбори омма дида ва шунида истодаанд.

Хостам аз баҳр як қатрае бошад ҳам, ба хонандаи азиз расонам, ки фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашуда, бидонанд, ки сулҳу суботи комилеро, ки мо ба даст овардаем, эҳтиёт намоем. Ба қадри ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ бирасем, ба ҷуз мо  каси дигар ватани моро ободу пешрафта намесозад. Ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошем.

Ҷ. ФАЙЗАЛӢ,

шаҳри Кӯлоб


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинед!

Ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинед!

Сиёсат
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои арзандаи миллати тоҷик

Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо