Дар як сатр
» » Умри айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

Умри айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд

6-04-2018, 09:54

15 апрел Қаҳрамони Тоҷикистон
Садриддин Айнӣ 140-сола мешавад

«Корномаи устод Садриддин Айнӣ дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ барои ҳифзи ҳувияти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст. Дар ин хусус худи устод дар мақолааш бо номи «Тақдири як халқ» навишта буд: «Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзӯъ бахшида шуда, аз як мавод фароҳам омадаанд. Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон, дар бораи кишвари кӯҳистони ман, дар бораи хоки муқаддас, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳафт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт».

Устод Айнӣ дар аввали асри ХХ дар мақолаву очеркҳо, шеъру достонҳо ва повесту романҳои худ аз таърих, забон, адаб ва ҳунару фарҳанги миллати тоҷик озоду ошкоро дифоъ менамуд ва мардумро ба худшиносӣ даъват мекард.

Мақолаҳои ӯ ва махсусан, китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар солҳои бистуми асри гузашта ба

сифати шаҳодатномаи миллати тоҷик хизмат карда, боиси ҳамчун халқи қадима ва фарҳангӣ эътироф гардидани тоҷикон гардиданд. Устод Садриддин Айнӣ он солҳо беш аз дигарон дар мақолаҳои «Масъалаи тоҷикон», «Дар бораи мактаб ва маорифи тоҷик», «Забони тоҷикӣ», «Дар атрофи забони форсӣ ва тоҷикӣ» ба дифои ҳуқуқу ҳастии тоҷикон баромада, қадимӣ, таърихӣ ва бумӣ будани миллаташро исбот намуд.

Устод Айнӣ ба муқобили иддае аз зиёиёни он рӯзҳо, ки забони тоҷикиро забони куҳна мепиндоштанд, баромада, ботил ва беасос будани чунин ақидаҳоро фош мекард ва таъкиду исбот менамуд, ки тоҷикон забони адабии оммафаҳми беш аз ҳазорсола доранд ва он то кунун на танҳо дар муҳити халқи тоҷик, балки дар байни ҳамаи форсизабонони дунё роиҷ мебошад.

Дар андеша ва осори устод Айнӣ масъалаи ташаккули ҳувият ва баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷойи аввал қарор дошт».

Эмомалӣ Раҳмон,

Асосгузори сулҳу ваҳдати

 миллӣ – Пешвои миллат

***

«Устоди муҳтарам!

Имрӯз аз рӯзномаҳои Тоҷикистон фаҳмидам, ки дар муқобили хидматҳои чандинсолаатон, хидматҳои пурбаҳо ва барои халқи советӣ зарур ба номи шумо монанди олим, хидматнишондода илова кардаанд. Мехоҳам бигӯям, ки хидматҳои илмии Шумо, ки адабиёт, забон ва таърихи тоҷикро бойигарии бузург додааст, баҳои ҳақиқӣ аз тарафи партия ва ҳукумати советӣ гирифт. Ин ба ҳамаи меҳнаткашони Тоҷикистон хурсандӣ медиҳад, махсусан ба дӯстони Шумо шараф ва сарбаландист. Азбаски дер хабарро шунидам (чунонки дар боло навиштам, газетаҳоро ҳамин рӯз гирифтам), фиристодани телеграммаро ҳам дершуда ҳисоб кардам. Албатта, мебахшед. Ман ба василаи ин хат табрики самимонаи худро ба Шумо тақдим карда, аз дилу ҷон дасти Шуморо фишурда, бисёр зиндагӣ кунед ва бешумор ба халқи советӣ фоидаҳои илмию адабӣ диҳед мегӯям. Ин орзуи ҳақиқии ман аст. Риё нашавад гуфта, беш аз ин чизе наменависам.

Бо салом ва иродат

Абулқосим Лоҳутӣ»,

Москва, 7 ноябри 1940

***

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

Бозор Собир,

Шоири халқии Тоҷикистон

***

«Таъсири ғоявию сиёсии китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (с.1926) барои ташкили Тоҷикистони мустақил аз шаклҳои дигари мубориза, аз ҷумла навиштани мактубҳо ба номи Сталин, бештар будааст. Агар ин тавр намебуд, пантуркистон тамоми неруи худро ба муқобили маҳз Айниву тазкирааш равона намекарданд ва баҳси он то ба худи Н.И. Бухарин намерафт, ки «Намуна»-ро расман маҳкум намуд ва билохира китобро мамнуъ эълон карданд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳеҷ китобе мисли «Намуна» ба пантуркизм, махсусан шакли осиёимиёнагии он зарбаи ҷонкоҳ назадааст. Пантуркизм душманони қавӣ дошту дорад, дар мисоли русҳову арманҳову булғорҳову юнониҳо…, аммо ин мубориза ҳамеша чун муборизаи насрониҳо бо мусалмонҳо талаққӣ дода мешуду мешавад. Мафкураи пантуркизм моҳирона аз арзишҳои исломӣ истифода мекард ва таҳти шиори асосгузори он Зиё Гёк Алп «туркигароӣ, исломигароӣ ва муосиргароӣ» амал мекард. Ин аст, ки дар чашми насрониҳо он ҳамчун мафкураи мусалмонҳо ҷилвагар мегардид. Маҳз ҳамин ҷанбаи пантуркизм, яъне моҳирона аз ислом истифода кардани он, равшанфикрони бухороӣ – ҷадидонро ба доми худ кашида буд, чун аҳли Бухорову (ба маънии васеаш, аҳли Аморати Бухоро ва умуман кулли тоҷикони Осиёи Марказӣ) дини ислом мисли гӯшту нохун пайванд буданду ҳастанд. Аммо дар асл пантуркизм бо ислому мусалмонӣ рабте надорад, он як мафкураи оштинопазири миллатгароиву нажодпарастӣ аст, ки метавонад ба худ шаклҳои гуногун бигирад. «Намуна» аввалин зарбаи ғайричашмдоште буд аз ҷониби як нафар зиёии мусалмон ба пантуркизм, ки мубаллиғони онро девона кард ва онҳо девонавор ба Айниву тазкирааш, ки амалан дар он солҳо нақши китоби идеологии тоҷиконро дошт (чунонки аз 70-уми қарни гузашта ин нақш ба дӯши китоби «Тоҷикон» вогузор шуд) дарафтоданд».

Масрур Абдуллоев,

профессор, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои

рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеа

***

«Осори Садриддин Айнӣ осори ҷовидонист. Ҳар боре, ки хонанда онро мутолиа намояд, аз он барои худ чизи нав пайдо карда метавонад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки онро дигарбора рӯйи чоп орем.

Олимони кишвар нақша доранд, ки ба шарафи 140-солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, куллиёти нави ӯро дар 27 ҷилд аз  нав ба чоп омода созанд. Бо ин мақсад соли 2017 ҳайати тадорукот ташкил намуда, осори устод Садриддин Айниро дигарбора омӯхта, онро ба мавзӯъҳои алоҳида ҷудо намудем. Аз рӯйи табақабандии мавзӯъҳо танҳо осоре, ки худи устод чоп намудаанд, ба 26 ҷилд расид. Баъзе шеър, қитъа ва қисмҳои осори Айнӣ, ки бо сабабҳои гуногун қаблан чоп нашуда буд, акнун барқарор мешаванд, ки дар маҷмӯъ куллиёт аз 27 ҷилд иборат мешавад».

Сахидод Раҳматуллозода,

директори Институти  забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии 

ба номи Рӯдакии Академияи  илмҳо

***

«Рӯзе С. Айнӣ (ҳангоми президенти Академияи илмҳо будан) мактуби шахсии худро ба воситаи ронанда барои фиристодан ба суроғаи нишондодашуда ба котиботи Академияи илмҳо равон карда, дар баробари нома пули конверт ва маркаро ҳам додааст. Котибот мактуби устодро бо маркаю конверт ба ҷои зарурӣ равон карда, аммо пули ба устод тааллуқдоштаро ба воситаи ронанда пас мегардонанд. С. Айнӣ аз ин воқеа дар ғазаб шуда, ба Б. Ниёзмуҳаммадов, ки ҷонишини президенти Академия будааст, супориш медиҳад, то ки бо кормандони садорат маҷлис гузаронида, ба онҳо қатъӣ таъкид кунад, ки минбаъд чунин амалро такрор накунанд ва кори шахсиро дар масъалаи хароҷот аз кори давлатӣ фарқ намоянд ва аз мадраки давлат ягон қирон ҳам ҷиҳати худ истифода набаранд. Ё ин ки рӯзе кадом нохалафе дарахтеро, ки аз Африқо оварда будаанд, аз боғи ботаникӣ медуздад. Устод тамоми идораҳои масъули шаҳриро ба по мехезонад ва қотеона талаб менамояд, ки ҷинояткорро пайдо карда, ҷазои сахт диҳанд... Устод С. Айнӣ мошини хидматиашро ягон дақиқа зиёдатӣ ва берун аз вазифаи расмӣ  истифода намебурдааст. Кадом соату дақиқае, ки устод ронандаро рухсат мекардааст, ба садорат маълум менамудааст, масалан чунин менавиштааст: «Рафиқ Ниёзмуҳаммадов! Сестра бо мошини ман барои давоҳои ман рафта буд, ки ҳозир омад ва соати севу понздаҳ дақиқа ҷавоб додам. Имзо, С. Айнӣ».

 

Мазмун аз нақли Б. Ниёзмуҳаммадов,

профессори забоншинос,

собиқ муовини президенти АИ ҶТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Устод лоҳутӣ дар вахшонзамин

Устод лоҳутӣ дар вахшонзамин

Фарҳанг ва адабиёт, Номаҳои Шумо
Ёде аз Аброр Зоҳир

Ёде аз Аброр Зоҳир

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Тарҷумаи китоби «Таджики» бо забони ӯзбекӣ

Тарҷумаи китоби «Таджики» бо забони ӯзбекӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

Ҷавонон ва мафкураву манофеи миллӣ

Сиёсат, Маориф ва илм
Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт