Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РОҲПАЙМОИИ ОММАВӢ БАХШИДА БА ПАЗИРУФТА ШУДАНИ ИҚДОМИ ПАНҶУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ СММ


РОҲПАЙМОИИ ОММАВӢ БАХШИДА БА ПАЗИРУФТА ШУДАНИ ИҚДОМИ ПАНҶУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ СММ



Имрӯз, 20 декабри соли 2022 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар вобаста ба рӯйдоди муҳими таърихӣ, яъне  пазируфта шудани ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» роҳпаймоии оммавӣ доир гардид.  

Дар роҳпаймоӣ   аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон Созандагони ватан, сокинони  фаъоли шаҳр кормандони  корхонаву идораҳо, омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд. 

Дар ин раванд ҳамоиши ҳизбӣ низ доир гардид, ки дар он  муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди таърихӣ, ки  «Соли 2025 - Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» номида шудааст, табрик намуд. 
 

Ф. Шарифӣ зимни суханронии  хеш  иброз доштанд, ки масъалаи об яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, барои ҳифзи он бояд аз пиряхҳо ба хуби нигоҳ дошта шаванд. 

Ҳамчунин, дар ин миён Қиёмиддин Миралиён, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва  чанд тан аз фаъолони ҳизб маърӯзаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд. 
 

Мавриди зирк аст, ки 14 декабри Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо» - ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул карда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби СММ  рӯзи 21 мартро ҳамчун рӯзи ҳифзи пиряхҳо қабул карданд.

Шаҳодат ХОЛОВА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода