Дар як сатр
» » Заргарӣ-ҳунари миллии тоҷикон

Заргарӣ-ҳунари миллии тоҷикон

5-04-2018, 12:18

Заргарӣ яке аз намунаҳои қадимии ҳунарҳои миллии тоҷикон маҳсуб гардида, имрӯз гарданбанду маҳсулоти мунаққаши заргарии аз тиллову нуқра омода сохтани заргарони номии Тоҷикистон дар фурӯшгоҳу намоишгоҳҳои номии ҷаҳон ба маъразу фурӯш гузошта шудаанд.

 Аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи асри биринҷӣ тааллуқ доранд. Тавре ки таърихнигорон нигоштаанд, маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.

Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, заргарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои исломӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.

Дар заргарӣ амалҳои рехтагарӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ, заробӣ, сайқалдиҳӣ, ҳаллоҷӣ ва ғайра истифода мешаванд.

Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи ҷангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра; аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, каҳрабо, булури кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо; аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд. Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚУРОҚДӮЗӢ: АЗ ДӮХТИ НАВЪИ «ВАРАҚӢ» ТО «ҚУӢ»

ҚУРОҚДӮЗӢ: АЗ ДӮХТИ НАВЪИ «ВАРАҚӢ» ТО «ҚУӢ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар

Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Дастовард: 27 медал дар олимпиада

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши истеҳсоли тило

Афзоиши истеҳсоли тило

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА