Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ТАМОМИ НЕРУ ВА МАЛАКА БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ»


ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ТАМОМИ НЕРУ ВА МАЛАКА БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТ»


Рӯзи шанбе қабули сайёри раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид. 

Дар ҷамъомади васеъ, ки бо фаъолону сокинони ноҳия доир гардид, сараввал узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки рӯзи 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, сухан ронда, таъкид дошт, ки Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ дас-тур ва нақшаи кории фаъолияти ҳар як масъул, шаҳрванд бояд бошад. Сарвари вилоят зикр намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4, 5 % афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82, 5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 % афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 %, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8% заминаи рушди иқтисодии кишварро ба вуҷуд овард. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот оид ба дастовардҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми Роҳбари давлат ироа гардида буд, сухан карда, ба кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот ва содирот изҳори сипос намуд. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар баробари дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз ҳам дар фаъолияти дигар соҳаҳо, аз ҷумла иҷтимоиву иқтисодӣ камбудиҳо ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ба масъулини соҳаҳои дахлдор, роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо супоришу дастурҳои мушаххас дод. 

Сипас, роҳбари вилоят арзу матлаби беш аз 20 нафар сокинони гуногунсолу гуногункасби ноҳияро шунид. Роҳбари хоҷагии деҳқонии “Фотеҳ” Ҷамшед Асақолов ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони сардхона, нуқтаи фурӯши нуриҳои минералӣ ва тухмии зироатҳо арзи матлаб намуд. Равшан гардид, ки самти фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ буда, бунёди сардхонаҳо имкон медиҳад маҳсули дастранҷи боғдорону кишоварзон бе талаф захира гардида, сипас ба бозору дигар нуқтаҳои фурӯш, аз ҷумла хориҷи кишвар бароварда шавад. 

Сафарбек Назаров, сокини Ҷамоати деҳоти “Панҷ”, деҳаи Фатҳобод зимни муроҷиати хеш ба раиси вилоят бобати ҷудо намудани қитъаи замин арзи матлаб намуд. Номбурда ёдовар гардид, ки агар қитъаи замин ҷудо гардад, тариқи ҳашар сохтмони бунгоҳи тиббиро оғоз менамоянд. Дар ин радиф Аюб Муродов, аз Ҷамоати деҳоти “Истиқлол” доир ба ҷудо намудани қитъаи замин, ҳуҷҷатгузорӣ ва дастрас намудани лоиҳа барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Махдумқулӣ хоҳиш намуд.

Ҳамин тавр, Хайринисо Шерматова, вакили Ҷамоати деҳоти “Яккадин”, Ҳимоиддин Давлатов, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳумо”, Маҳмуд Искандаров, омӯзгор, Сайфиддин Ҳасанов ва нафақахӯр Холмо Пулодова, инчунин Абдулмуқадир Комилов, сокини деҳаи Телман, Фотима Ҳамидова-роҳбари хоҷагии деҳқонии Субҳон, аз Ҷамоати деҳоти “Панҷ”, Маснавӣ Сатторова, аз Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ”, Сайдакбар Ҳоҷиев, аз Ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ” оид  ба масъалаҳои вобаста ба тоза кардани заҳбуру заҳкаш, таъмини барвақтии оби полезӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сехи истеҳсоли дару тиреза ва осиёб, сохтмони майдончаи ҳозиразамони варзишӣ, таъмини аробачаи маъюбӣ, бунёди гармхонаи лимӯпарварӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагӣ, таъмини оби нӯшокӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд. Абдуҷаббор Хайруллоев, аз Ҷамоати деҳоти "Қумсангир", намояндаи хоҷагии деҳқонии “Гулбаҳор” ва намояндаи хоҷагии деҳқонии “Ализода” бобати баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ арзи матлаб намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ба масъулини соҳаҳои дахлдор ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Роҳбари вилоят ба раиси ноҳия ва масъулин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди иншоотҳои ҷашнӣ ва ба ҳисоботҳои оморӣ ворид намудани иншоотҳои бун-ёдгардида дастуру супориш дод.

А. САФАРЗОДА,

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода