Дар як сатр
» » Бори каҷ ба манзил нарасид

Бори каҷ ба манзил нарасид

5-04-2018, 11:47

Аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» убури ғайриқонунии қочоқчиёни афғон аз сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба марзи давлатӣ пешгирӣ карда шуд.

Бори каҷ ба манзил нарасид

Аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи "Хатлон” чунин иттилоъ доданд: "Ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ 4 нафар қочоқбарони афғон бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона як нафар қочоқчии афғон безарар ва як нафар захмӣ гардида, боқимонда ба муқовимати сарҳадбонон тоб наоварда ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карданд”.

Бино ба иттилои манбаъ, аз маҳалли ин задухӯрд баъди азназаргузаронӣ маводи мухаддири навъи афъюн 32 кг ва зиёда аз 1 кг ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Ҳамчунин,  дар  шуъбаи назорати сар-ҳадии "Панҷи поён” низ аз ҷониби гурӯҳи навбатдории сарҳадии "Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт” дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти гумрук ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёти боркаши тамғаи "Дулан” рақами давлатиаш ТҶ 8132 АР 01 мансуб ба ронанда - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз махфигоҳи дохили воситаи нақлиёт, маводи сахттаъсири нашъ-адори навъи героин ба миқдори тахминан 2 килограмм  ошкор ва мусодира карда шуд.

Ф. Давлат,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Гулнисо: «бо қаҳрамонии шавҳарам ифтихор мекунам»

Гулнисо: «бо қаҳрамонии шавҳарам ифтихор мекунам»

Чеҳранигорӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Панҷи поён

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА