Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ф. Шарифӣ: “Беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”


Ф. Шарифӣ: “Беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои занони вилоят ва Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси Шӯрои вилоятӣ Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, зӯроварӣ дар оиларо зуҳуроти нангин ва халалдоркунандаи устувории оила ва ҷомеа номид.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома “Нақши занону бонувон дар рушду пешрафти ҷомеа ва пешгирии зӯроварӣ дар оила” маърӯзаҳои сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Раҳимзода ва мудири бахши кор бо оилаи Раёсати кор бо занон ва оила Меҳринисо Холмуродова шунида шуд.

Дар муҳокимаи масъалаҳои муҳим аъзои Шӯро Саодат Амиршоева, Хатича Ализода, Майдагул Шарипова, Дилшод Ҳакимзода, Хатича Абдуллозода ва чанде дигарон иштирок карданд. Қайд гардид, ки сабаби асосии сар задани низоъ байни зану шавҳар дар оилаҳои ҷавон, ки боиси ҷудо шудани онҳо мегардад, ба ҳаёти мустақилона омода набудани духтарон ва ҷавонон мебошад. Иддае аз падару модарон фарзандонро ба зиндагии мустақилона ҳоло ҳам дуруст омода намесозанд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар намекунанд ва дар тафаккурашон сабру таҳаммулро ҷой намедиҳанд.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ нишондоди ҷудошавии оилаҳоро нигаронкунанда арзёбӣ намуд. Ҷанбаи дигари ташвишовари масъала ба тарбияи яке аз волидон вогузор намудани фарзандон ба шумор меравад, ки ин омил ба тарбияи дуруст ва камолоти маънавии фарзандон бетаъсир нахоҳад буд. “Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулпазирӣ маҳз дар оила ташаккул ёфта, муносибати хуби падару модар ба фарзандон таъсири мусбат мерасонад”, - идома дод Ф. Шарифӣ.

Муовини раиси вилоят афзуд, ки на танҳо масъулони мақомоти давлатӣ, балки тамоми фаъолони ҷомеа, бояд дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва дигар қишри аҳолӣ доир ба мустаҳкам намудани пояҳои оиладорӣ, муқаддас будани оила ва нақши он дар ҷомеа, ҳуқуқи зану шавҳар ва дигар аъзои оила корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Бо мақсади пешгирии раванди болоравии бекоршавии ақди никоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣмаърифатиро бояд тақвият бахшид.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар вохӯриҳояшон бо занону бонувон, ҷавонон ва аҳли ҷомеа махсусан истода мегузаранд. Аз ҷумла, дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар (7 марти соли 2020) аз афзоиш ёфтани ҷудошавии оилаҳои ҷавон давоми солҳои охир изҳори нигаронӣ намуда, аз модарону бонувон чунин даъват ба амал оварданд: “Ман аз шумо, модарону бонувони азиз, даъват менамоям, ки нисбат ба шавҳарони худ меҳрубону ғамхор бошед ва ба қадри заҳмати онҳо низ расед. Бовар дошта бошед, ки дар ин сурат шумо ҳатман оилаи мустаҳкам барпо карда метавонед, саломатиатон хуб мешавад ва умри бобаракат мебинед. Чунки муносибати хуби байниҳамдигарии падару модар ба фарзандон ва аҳли оила таъсири мусбат мерасонад ва ба онҳо дарси ибрат мегардад. Яъне, фарзанд тарзи дурусти оиладорӣ ва муносибату муоширатро бевосита аз падару модари худ меомӯзад. Танҳо дар чунин оилаҳо фарзандон падару модари худ ва калонсолонро эҳтиром мекунанд, дастгиру кумакрасони онҳо мешаванд ва ҳамчун шахсони хайрхоҳу савобҷӯ ба камол мерасанд”.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода