Дар як сатр
» » Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

5-04-2018, 10:03

Эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба эҳё ва рушдёбии ҳунарҳои мардумӣ низ заминаи хуб хоҳад гузошт. Дар даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвар миёни мардуми фарҳангдӯсти миллати тоҷик ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чакандӯзию гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чӯбтарошию бофандагӣ ва заргарӣ барин ҳунарҳои миллӣ рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва ба насли ҷавон омӯзондани ҳунарҳои миллии аҷдодии хеш яке аз роҳҳои ҳифз ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ мебошад.

Табиист, ки яке аз рисолати калонсолону гузаштагони мо ин омӯзондану ба мерос мондани ҳунарҳои аҷдодии гузаштагони худ ба насли наврасу ҷавонони кишвар мебошад. Ин рисолат низ бо иқдоми навбатӣ ва ташаббуси созандаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар амалӣ гардид. Иқдоми мазкур соҳибҳунаронро водор месозад, ки насли наврасу ҷавони кишварро ҳарчи бештар ба омӯзиш ва аз худ намудани ҳунарҳои миллии аҷдодии худ ҷалб намояд ва дар ин раванд насли ҷавонони кишварро мебояд ҳарчи бештар ба омӯзиш ва аз бар намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи фарҳанги миллии гузаштаи худ аҳамияти ҷиддӣ дода, ба онҳо ҳамчун мероси гаронмоя арҷгузорӣ намоянд.

Инчунин бо мақсади ҳавас-мандгардонии аҳолӣ ва ривоҷу равнақ додани истеҳсоли молҳои ниёзи мардум ва рушди ҳунарҳои мардумӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар иброз дошт, ки аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад. Иқдомҳои ғамхорона ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳибҳунарону ҳунармандон боиси он гардид, ки дар кишварамон ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбад ва мароқи бештари аҳолии маҳалли кишвар ба ин навъи фаъолият таваҷҷуҳ ва ҷалб карда шаванд.

Моро месазад, ки бештар имкониятҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои рушди бемайлони соҳаи сайёҳии кишварамон саҳмгузор бошем.

 

Эмомалӣ НАБИЕВ,

омӯзгори ДДБ ба номи

Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм