Дар як сатр
» » Ҳадаф - рафъи мушкилот ва рушди маҳал

Ҳадаф - рафъи мушкилот ва рушди маҳал

5-04-2018, 09:57

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинар – машварати сайёр оид ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ ва пешниҳоди тавсияҳо ҷиҳати ба роҳ мондани мавзӯи «Шакли намунавии ҳисоботи ҷамъбастӣ вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои давраи ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона» баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Маҷлисро Раҷабалӣ Раҷабов, муовини раиси вилояти Хатлон ифтитоҳ бахшида, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти маҳаллӣ маълумоти мухтасар дод.

- Рушди маҳал барои ҳар як кишвар ин нишондиҳанда ва мизони самаранокӣ ва рушди умумимиллӣ ба шумор меравад. Минтақаҳои рушдкарда барои ҳар як давлат яке аз омилҳои заминавӣ барои рушди устувори минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб мераванд, - зикр кард Раҷабалӣ Раҷабов.

-Ҳадафи асосии фаъолияти Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама такмилу таҷдиди сохтори маҳаллӣ ва роҳандозии ҳукумати электронӣ  ба шумор меравад, - афзуд Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қосим Роҳбар иброз дошт, ки Кумитаи рушди маҳал ҷиҳати баланд бардоштани механизми идоракунии маҳаллӣ, таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои босифати давлатӣ, мониторинги самаранокии татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» пешниҳодҳо омода кард. Дар ин раванд мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нақши махсусан муҳимро мебозанд.

Ҳамчунин, Даврон Валиев, муовини сардори Раёсати банақшаги-рӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳал, тавсияҳо оид ба истифодаи мавзӯи «Шакли намунавии ҳисоботи ҷамъбастӣ вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, барои давраи ҳисоботи семоҳа, шашмоҳа, нуҳмоҳа ва солона»-ро пешниҳод намуд.

- Кумита мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар самти идоракунии рушди маҳал, ҳамоҳангсозии масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, мушаххасгардонии вазифаю ваколатҳо миёни мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои маҷмӯии рушди иҷтимоиву иқтисодии воҳидҳои марзиву маъмуриро татбиқ менамояд», -афзуд Даврон Валиев.

Дар охир иштирокчиёни семинар - машварати сайёр ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. 

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳадаф - рафъи мушкилот ва рушди маҳал

Ҳадаф - рафъи мушкилот ва рушди маҳал

Ҳокимияти давлатӣ
Дар ҳама ҷамоатҳо интернет роҳандозӣ мешавад

Дар ҳама ҷамоатҳо интернет роҳандозӣ мешавад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тақдими фанноварӣ ба мақомоти 8 ноҳияи сарҳадӣ

Тақдими фанноварӣ ба мақомоти 8 ноҳияи сарҳадӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Ҳукумати электронӣ» ташаккул меёбад

«Ҳукумати электронӣ» ташаккул меёбад

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо