Дар як сатр
» » Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

22-01-2015, 15:31

Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуаксин Ғаюр Семент» аз ноҳияи Ёвон беҳтарин андозсупорандаи Тоҷикистон дар соли 2014 эътироф шудааст.

Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳавасманд ва рӯҳбаланд кардани андозсупорандагон, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо ҳар сол дар ҷамъбасти соли андоз беҳтарин андозсупорандаи солро интихоб менамояд.

Комиссияи вижаи Кумитаи андоз нишондиҳандаҳои субъектҳои хоҷагидорро аз рӯйи меъёрҳо омӯхта, ширкати «Хуаксин Ғаюр Семент»-ро аз ноҳияи Ёвон дар садри панҷгонаи беҳтарин андозсупорандагони сол қарор дод.

Ҳиссаи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда дар ҳаҷми даромади умумии андозсупоранда, шумораи кормандони кироя ва фонди музди меҳнат дар соҳаи фаъолият, дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳои андоз, дуруст ҳисоб намудан ва дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт намудани андозҳо, нисбат ба соли гузашта зиёд намудани ҳаҷми маблағи андозҳои ҳисоб ва пардохтшуда, роҳ надодан ба қонунвайронкунии андоз ва зоҳир намудани масъулияти баланди андозсупорӣ – ин ҳама меъёрҳое буданд, ки барои муайян намудани беҳтарин андозсупорандагони сол ба инобат гирифта шуданд.

Корхонаи истеҳсоли сементи ноҳияи Ёвон бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент аз бузургтарин корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон буда, дар он беш аз 1000 нафар кор мекунанд. Ин корхонаро ширкати чинии «Хуаксин» бо саҳмгузории муштарак бо ширкати ватании «Ғаюр-семент» сохтааст.

Гуфта мешавад, ин ширкатҳои Тоҷикистону Чин минбаъд тасмим доранд, ки иқтидори корхонаи Ёвонро ба 1,4 миллион тонна расонанд ва боз як корхонаи дигари семент дар ноҳияи Данғара бо иқтидори 1,5 миллион тонна бунёд намоянд.

Корхонаи Данғара низ бо харҷи 100 миллион доллари амрикоӣ бунёд меёбад ва дар он 1000 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.


Шарҳи хонандагон +
250 Mg Diamox Buy Paypal rx canada pharmacy accutane Precio Cialis Generico Cephalexin Keflex 500 Mg Propecia Vom Hausarzt Viagra Mail Order No Prescription Order From Canadian Family Pharmacy cialis Kamagra Legal In Uk Will Cephalexin It Treat Strep Throat Zithromax And Doxycycline levitra 20 mg comentarios Kamagra Online Sildenafil 120 Di Mgachat Pulmicort Overseas Pharmacy viagra Cialis 10 Mg Bestellen Cialis 20 Ohne Rezept viagra How To Buy Cialis Buy Accutane Mastercard Vivanza 20mg
9 декабр 2016 04:38
Amoxicillin Antibiotics Weil Buy Tadalafil Cheap Priligy Modo De Empleo kamagra 100mg reputable site Amoxicillin And Clavulanate Canadian Pharmacy 24 Medicina Levitra Viagra Ohne Rezept Kaufen Illegal levitra samples Canada Companys That Sell Cialis Keflex Dosing For Cats Rxnorth Canada Drugs Amoxicillin For Bronchial Infections Levitra Vente kamagra plus side effects Sintomi Del Levitra Canadian Pharmacy Kamagra Generic Pharmacy Online Amoxicillin Mycoplasma cialis Costo Cialis Da 5 Is Viagra Safe viagra online Viagra Laboratoire Lily Orlistat Over The Counter
19 декабр 2016 13:14
Flagyl Rx Buy Doxycycline Mexico levitra generique 20mg en ligne Cialis 5 Mg Keine Wirkung Cephalexin Replacement For Dogs Cialis No Pongas Excusas pharmacie propecia paris Levitra Se Vende En Farmacias Propecia Primario viagra Kaufen Levitra Le Viagra Marocain Vente Propecia Canada inderal online uk pharmacy Viagra Cialis Prezzi What Is Best Ed Pill cialis buy online Cialis Sale Us Pharmacy On Line Tab Provera For Sale Direct Prozac Without Script
25 декабр 2016 00:30

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ёвону Хуан Ши - бародаршаҳр

Ёвону Хуан Ши - бародаршаҳр

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА