Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Афсона ” - дар вилоят ягона


“Афсона ” - дар вилоят ягона




27 декабри соли 2017 бо қарори раиси вилояти Хатлон Муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтак дар шаҳри Бохтар бо номи “Афсона” таъсис ёфт. Инак, имсол ин муассиса панҷсолагиашро таҷлил хоҳад кард.

Дар остонаи ҷашни “Афсона” мусоҳибае доштем бо роҳбари он Хайрулло Давлат ва фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

-Устод, нахуст Шумо, дар симои Шумо аҳли коллективи театри лӯхтаки “Афсона” ва ҳаводорони театрро ба муносибати 5 – солагии таъсисёбии он табрик менамоем.

-Ташаккур!

-Таъсис додани чунин театр ташаббуси кӣ буд?

- Аз соли 2010 инҷониб дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов гурӯҳи ҳунармандони лӯхтак амал мекард. Онҳо ҳамроҳи ҳунармандони театри вилоятӣ ба сафарҳои ҳунарӣ мерафтанду ҳамкорӣ доштанд. Он вақт ман саррассоми театр будам. Ҳангоме ки театри номбурда ба бинои нав гузашт, бинои пешинааш холӣ монд. Ва идеяе ба миён омад, ки дар заминаи ҳамин бино дар вилоят театри лӯхтак таъсис ёбад. То он замон дар кишвар ҳамагӣ ду театри касбии лӯхтак - дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд фаъолият менамуд.

Баъдан ба Махфират Хидирзода, собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, ин иқдомро пешниҳод кардем. Муовини раис пурсиданд, ки мутахассис ва замина барои он ҳаст? Гуфтем, ки ҳаст. Дар бораи гурӯҳи ҳунармандони лӯхтак дар театри вилоятӣ маълумот додему он кас гуфтанд, ки ҳатман ин масъаларо дида мебароянд. Ва бо ҳамин театри мо таъсис ёфт.

-Оё Шумо андеша кардед, ки тамошобин онро қабул мекунад ё не?

- Боварӣ доштем, ки тамошобини худро меёбем. Рӯзҳои нахустини таъсисёбии театр барои мо беҳтарин лаҳзаҳо буд. Ҳарчанд, бинои театр куҳна буд, вале ба талабот ва махсусиятҳои театри лӯхтак ҷавобгӯ буд. Саҳна, толори барҳаво, утоқҳои корӣ дошт. Таъсис ёфтани театри лӯхтак дар вилоят худ як навгонӣ, пешрафт дар фарҳанги вилоят буд. Ин ҳама дар партави дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд.

-Чаро театр маҳз “Афсона” ном гирифт?

-Намоишномаҳое ки мо мегузорем, дар асоси афсонаҳост. Некиву бадиро ба кӯдакон аз хурдӣ тавассути афсона нишон медоданд. Гумон мекунам, ки рисолати театри лӯхтак дар асоси афсонаҳо аз тифлӣ то наврасӣ ва минбаъ барои театри калонсол тамошогар тайёр кардан аст.

-Театр аз ҳунармандон ягон мушкилӣ дорад?

-Бале. Мушкилии асосӣ ин ҳунармандони театрӣ мебошад. Дар театри калонсолон ҳунарманд ба саҳна мебарояд ва тамошобин ўро мебинаду мешиносад. Аммо дар театри лӯхтак онҳо дар паси парда мемонанду танҳо дар охири намоишнома чеҳраҳои худро ба бинанда нишон медиҳанд.

Аз давраи аввали ташкилёбии театр мо чанд ҳунармандро даъват кардем. Онҳо бо завқ омада кор карданд. Аммо, бо сабабҳои гуногун корро қатъ карда рафтанд.

Дигар паҳлуи масъала норасоии кадрҳои рассоми театр, лӯхтаксоз мебошад. Имрӯзҳо кормандони театри мо кору фаъолияти хуб доранд, аммо дар байни онҳо ҳунару маҳорати Абдураҳим Абдураҳмонов, Ҳабибулло Давлатов, Парвиз Муродиён, Холмирзо Сангинуродовро махсус қайд кардан мехоҳам.

-Дар бораи намоишномаҳои панҷсолаи театри лӯхтаки “Афсона” каме маълумот медодед. 

-Дар панҷ сол моро тамошобин хуш қабул намуд. Муваффақияти асосии мо ҳамин аст. Дар ин давра мо ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, қариб ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ рафтем.

Дар зарфи панҷ сол мо даҳ намоишнома ба саҳна гузоштем. Аз ҷумла, асарҳои “Беранҷ наёбӣ ганҷ”, “Қиссаи Хирс ва Хорпушт”, “Подоши амал”, “Бӯрёкӯбони харгӯшак”, “Саргузашти солинавии Хирсак”, “Ба некӣ бадӣ нашояд”, “Шодӣ чаро касал шуд?”, “Гаҳвораҷунбонак ва мор” ва “Хари зирак” ном доштанд. Ин асарҳо ба қалами Зариф Ибод, Файзалӣ Чориев, Хайрулло Давлат, Тоҳир Маҳмадризоев, Абдураҳим Абдураҳмонов тааллуқ доранд.

-Тавре маълум аст, собиқ бинои Театри лӯхтак дар асоси нақшаи генералии шаҳри Бохтар аз байн бардошта шуд. Пас, Шумо намоишномаҳои худро дар куҷо ба намоиш мегузоред?

-Саҳна барои мо ҷойи муқаддас аст. Имрӯзҳо мо асосан ба сафарҳои ҳунарӣ машғул  ҳастем. Яъне, ба мактабҳо, боғчаҳои кӯдакон рафта, асарҳои худро намоиш медиҳем. Умед аст, ки роҳбарияти шаҳри Бохтар ва  вилояти Хатлон ин масъаларо ба инобат гирифта, барои муассисаи давлатии Театри вилоятии лӯхтак “Афсона” биное бо тамоми шароит сохта медиҳанд. Зеро дар вилоят театри мо ягона театри лӯхтак аст. Дар ҷумҳурӣ бошад, ҳамагӣ се театри лӯхтак фаъолият мекунад.

-Дар оянда басаҳнагузории кадом намоишномаҳоро дар нақша доред?

-Имрӯзҳо мо болои ду асар кор карда истодаем. Яке “Қуллаи мурод” дар бораи бабри барфист, ки дар кишвар аввалин намоишномаи театрӣ дар бораи ин ҷонвар мебошад ва ба “Китоби сурх” дохил карда шудааст. Асар ба қалами Т. Маҳмадризоев тааллуқ дорад.

Намоишномаи дигар ба қалами Х. Давлат тааллуқ дошта, “Алиҷон ва Хирс” ном дорад. Он дар асоси афсонаи русии “Маша ва Хирс” навишта шуда, амалиёти намоишнома пурра дар фазои миллии тоҷикона мегузарад.

Агар мо бо намоишномаҳои худ қадре ҳам бошад, маданият ва фарҳанги наврасону ҷавононро баланд бардошта тавонем, ин муваффақият ва комёбии мост. 

Театри лӯхтаки “Афсона” дар оянда низ бо афсонаҳои худ меҳмони кошонаи Шумо, тамошобинон, хоҳад шуд. 

-Барои суҳбати самимӣ сипосгузорем.

-Ташаккур!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода