Дар як сатр
» » А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

5-04-2018, 12:43

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода  баргузор  гардид.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин аъзои Шӯро, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони идораву корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони боғчаҳои кӯдакона, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, судяҳо ва имомхатибони шаҳр, намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Кори ҷаласаро раиси Шӯрои болозикр Абдуалим Исмоилзода оғоз бахшида,  вобаста ба мақсади баргузории он табодули афкор кард.  Сипас аъзоён  дар бораи вазифаву уҳдадориҳои котиб ва аъзои Шӯро маълумот доданд. Ҳамзамон, дар бораи фаъолияти корӣ, иҷроиши қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои раиси Шӯро, мушкилиҳои ҷойдошта дар кори ҷаласа ибрози андеша карданд.

Дар фарҷом раиси Шӯрои мазкур перомуни фаъолияти кори бархе аз адвокатҳои шаҳрро эрод гирифта, қайд намуд, ки аз надонистан ё паст будани маърифат ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон сӯйистифода накунанд. Зеро бис-ёр вақт онҳо дидаю дониста ба шаҳрвандон ваъдаҳои зиёди дастнорас медиҳанд ва изофа намуд: -Кӯшиш накунед, ки мактубҳои иғвоангезро аз номи шаҳрвандон ба мақомоти болоӣ нависед,-гуфт А. Исмоилзода. -Мактуб бояд дар шакле омода гардад, ки ба манфиати шаҳрванд бошад, аммо ба иззати нафси касе нарасида, беғараз ба сохтори марбута пешниҳод шавад.

Бояд гуфт, ки мақсад аз ташкил ва баргузории Шӯрои мазкур ин пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва дониши  ҳуқуқии сокинони шаҳр мебошад.

Низомиддин ИСОЕВ,

                     «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ