Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм кори ҳамагон аст


Пешгирӣ аз экстремизм ва терроризм кори ҳамагон аст



Дар шаҳри Бохтар чорабинии сиёсӣ - маърифатӣ оид ба масъалаи “Муқовимат ба экстремизм ва терроризм” баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз қабили ҳифзи сарҳад, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тарбияи ватандӯстии наврасон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масълаҳои номбурда раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Нусратулло ва дигар масъулон баромад намуданд.

Дар чорабинӣ сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, имомхатибон, намояндагони соҳаи маорифу дин ва фаълони ҷомеа иштирок доштанд.

Ҷаласаи корӣ ба иҷрои талаботи “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025”, сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, иҷрои қонунҳо оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бахшида шуд. Аз рӯи масъалаҳои матраҳшуда муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Нусратулло бо таҳлилу хулоса ва пешниҳодҳои мушаххас маърӯза карда, афзуд, ки “экстремистон ва террорис-тон афроди манқуртшудае мебошанд, ки зиндагии осоиштаи мардумро дар муҳити фарҳангҳои гуногун чашми дидан надоранд. Бинобар ин, онҳо дар ҳар гӯшаи олам ба тахрибкорӣ ва қатлу куштор даст мезананд, то дар дили башарият тарсу ҳарос эҷод кунанд. Ҳадафи онҳо тағйири сохти давлатҳо ва ташкили зиндагии асримиёнагӣ мебошад. Бинобар ин, ҳамаи қишри ҷомеа бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди хурофоти динӣ мубориза баранд. Зеро хурофот дар байни одамони бесавод паҳн гардида, ба амнияту субот таҳдид мекунад».



Таҳлилҳо собит карданд, ки беш аз 85 фоиз шахсоне, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ пайвастанд, дар кӯдакӣ ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудаанд ва чунин ҳолатҳо имрӯз ҳам ба мушоҳида мерасад. Ба хотири пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ ва таблиғ нашудани ақидаҳои ифротӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардида, минбаъд барои такроран машғул шудан ба таълими ғайриқонунии динӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дар намуди ҷарима, машғул шудан ба фаъолияти муайян ва ҳатто маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ шудааст. Бо назардошти бархӯрди дин бо арзишҳои миллӣ таъкид гардид, ки ходимони дин ва масъулони соҳаи маънавиёт ба масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ ва пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифтротгаро баромадҳои таъсирбахш анҷом диҳанд ва ин масъала зери назорати бевоситаи раисони шаҳру ноҳияҳо қарор гирад, то ин ки сулҳ, таърих, забон, фарҳанг ва урфу одатҳои миллӣ пойдор монад.

Абдураҳмон Раҷабзода муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ таъкид дошт, ки новобаста аз сохти дунявии давлат, Тоҷикистон барои мусалмонон ҳамаи имкониятҳоро муҳайё кардааст. Ҳоло дар кишвар беш аз 4 ҳазор масҷид амал мекунад ва ҳар сол ҳазорҳо нафар маросими ҳаҷро ба иҷро мерасонанд. Бо вуҷуди ин, афроди манфиатҷӯ ба воситаи интернет зина ба зина баъзе аз шаҳрвандони ноогоҳ ва бехабарро мағзшӯӣ намуда, дар натиҷа онҳо таҳаммулпазирӣ ва асолати миллии худро гум карда, ба сӯи гурӯҳҳои ҷангҷӯ мераванд. Таҷриба нишон дод, ки дар сурати ба сари қудрат омадани гурӯҳҳои террористӣ ҳаёт ба маҷрои ҷаҳолату торикӣ баргашта, мушкилоти иқтисодӣ ба вуҷуд меояд.



Зимнан таъкид шуд, ки Тоҷикистон кишвари дунявӣ буда, озодиҳои диниро кафолат медиҳад. Бинобар ин, ҳеҷ зарурате нест, ки бо баҳонаҳои динӣ ифротгарову даҳшатафкан шуд.

Дар ҳамоиш таҷрибаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба экстремизм, терроризм ва иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷӣ, пешгирӣ ва ошкорсозии шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, террористӣ ва сабабу омилҳои ба содиркунии ин қабил ҷиноятҳо мусоидаткунанда таҳлил ва баррасӣ карда шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ оид ба вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон ва моил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо нигаронӣ изҳор дошт, ки  таълими ғайрирасмӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, сомонаҳои интернетӣ ва заифии таълиму тарбия омилҳоеанд, ки ба шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, волидон бояд барои таълиму тарбияи фарзанди худ диққати зарурӣ равона кунанд. Аҳли ҷомеа ва маориф бетараф набошанд.

Ҳама бояд дар ташаккули фарҳанги миллӣ саҳми худро гузорад. Танҳо бо роҳи илм андӯхтан ва дӯст доштани Ватан метавон дар пешрафту ободии диёр саҳми худро гузошт.М асъулин бо назардошти вазъи мавҷуда хулоса карданд, ки дар мубориза ба зидди экстремизм ва терроризм мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандон фаъолияти худро боз ҳам зич ва ҳамоҳанг кунанд, то аз чунин рафтору кирдорҳои зиддиинсонӣ ҷилавгирӣ карда шавад.

Баҳром МИРОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода