Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар вилоят фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ беҳ шудааст


Дар вилоят фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ беҳ шудааст



Дар вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ имсол 12 адад ва теъдоди марказҳои инкишофи кӯдакон 470 адад зиёд гардидааст.

Тавре ки аз Раёсати маорифи вилоят ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ доданд, дар ин давра шумораи хонандагони муассисаҳои таълимӣ 27008 нафар, аз ҷумла духтарон 42771 нафар ва шумораи тарбиятгирандагони муассисаи томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 28581 нафар афзудааст. Дар соли ҷорӣ шумораи омӯзгорон низ 773 нафар зиёд шудааст. Шумораи умумии омӯзгорон 46 ҳазору 987 нафар, аз он ҷумла, занон 27 ҳазору 188 нафар аст.

- Дар соли хониши 2022-2023 дар 1371 муассисаи таълимии вилоят 844 ҳазору 35 нафар хонандагон, аз он ҷумла 436 ҳазору 706 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, - афзуд манбаъ. - Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 164 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 17789 нафар ва 1320 Маркази рушди кӯдак бо фарогирии 52909 нафар кӯдакон фаъолият менамоянд. Ба таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва Маркази инкишофи кӯдакон 17,2 фоизи кӯдакони аз 3 то 6-солаи вилоят фаро гирифта шудаанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода