Дар як сатр
» » Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

22-01-2015, 14:52

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз


«Азбаски омӯзгор машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагӣ маҳсуб мешавад, ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хоса гардонидааст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст... Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».
Эмомалӣ Раҳмон

Беҳин фарди ҷаҳон омӯзгор аст,
Аз ӯ сарсабзу хуррам рӯзгор аст.

Чеҳраи нуронӣ ва маҳорати баланди омӯзгорӣ, одамият ва нармгуфторӣ, донишмандию хушбаёнии Гулғунча Ёрасенова барои пиру барнои Вахшонзамин ошност. Тӯли 48 соли фаъолияти бенуқсонаш ин омӯзгори собиқадору сарсупурдаи мактабу маорифи тоҷик собит кардааст, ки устоди касби хеш асту бо қобилияти хуби муносибатсозиаш бо кӯдакон, усулҳои ҷолиби таълимаш, сухани таъсирбахшу соҳибкасбиаш маҳбуби ҳамагон гаштааст.

Ҳар субҳи нав барояш илҳомбахш аст. Бо дили гарм, бо ҳаяҷон ба сӯйи мактаб мешитобад, то ба шогирдонаш ҳарфи наве бигӯяд, донишашонро биафзояд. Мактаб барояш макони муқаддас аст ва ҳеҷ гоҳе аз кори он хастагӣ эҳсос намекунад.

Фаъолияти омӯзгории Г. Ёрасенова ҳанӯз аз 18-солагиаш шурӯъ шудааст. Тӯли ин солҳо дар макотиби навоҳии Ҷ. Румӣ (собиқ Колхозобод), Ҷиликӯл, А. Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) ва аз соли 1983 ба ин сӯ дар шаҳри Қӯрғонтеппа кор кардаву мекунад. Кадри соҳибному омӯзгори қавӣ будани ӯро дар назар дошта, соли 2000-ум раҳбарияти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ӯро барои кор дар гимназияи тозабунёди назди донишгоҳ даъват кард. Дар ин ҷо 9 сол фаъолият дошт ва пасон, соли 2009 ба литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба кор омад.

- Омӯзгор як рисолат дорад ва он ҳам тарбияи насли наврас аст, - мегӯяд Г. Ёрасенова. – Гарчанде синну солам ба ҷое расидааст, аз мактаб дил канда наметавонам. Бе мактаб, бе кӯдакон вуҷуд доштан бароям ҳатто ғайри қобили тасаввур аст. Кори омӯзгорӣ бароям хушбахтист.

Муддати солҳои омӯзгорияш Гулғунча Ёрасеноваро борҳо ба мақоми сарварии мактабҳо таъин карданӣ шуданд, аммо ин даъватҳоро рад намуд ва гуфт, ки «аз сарвар будани ман ҳеҷ фоида нест, вазифаи ман танҳо омӯзгор будан аст. Насли ояндаро бояд омӯзонем, ояндаи дурахшонеро бояд созем, он чизе, ки мо натавонистем, бигзор шогирдони мо эъмор кунанд».

Дар кадом мактабе, ки ӯ кор кард, соҳибобрӯ шуд ва шогирдону волидони онҳо аз кори муаллима розӣ буданд. Толибилмони Г. Ёрасенова имрӯзҳо дар донишгоҳу коллеҷҳои дохилу хориҷи кишвар таҳсил мекунанду карйераи хубе сохтаанд.

*****
«Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад».
Эмомалӣ Раҳмон

Вақте аз муаллима дар бораи шогирдони замони муосир пурсидем, ки то куҷо аз толибилмони 20-30 сол қабл аз ҷиҳати донишу ҷаҳонбинӣ фарқ мекунанд, гуфт, «тарбият яксон аст, валекин истеъдод мухталиф».
- Ҳоло сарчашмаҳои донишу саводомӯзӣ бисёр шудааст, - зикр кард Г. Ёрасенова. - Волидайн кӯшиш мекунанд, ки барои фарзандонашон шароити хуб муҳайё созанд. Кӯдакон аз компутар, интернет ва дигар фанновариҳо зиёд истифода мекунанд. 15-20 сол пеш дарс нисбатан ором мегузашт, аммо имрӯз дарс шавқовартар мегузарад. Ҳар сухане, ки мегӯед, кӯдак зуд аз худ мекунад, баҳс кардан мехоҳад. Албатта, зиракию доноии шогирд аз худи муаллим ҳам вобаста аст. Бо кӯдак кор кардан, дили ӯро ёфтан кори саҳлу осон нест. Фикр мекунам, ки агар кӯдак солим бошад, ҳеҷ вақт нодон намемонад. Вақте синфи якумро мегирам, кӯшиш мекунам, ки то моҳи декабр шогидонам пурра ҳама чизро аз худ кунанд. Аз рӯйи нақша, кӯдаки синфи якум дар охири сол бояд то ҳаждаҳ калимаро рӯнавис карда тавонад, аммо ман кӯшиш мекунам, ки шогирдон дар нимаи сол кори хаттиро бо 40-50 калима нависанд. Мехоҳам кӯдаке, ки шогирдам аст, ҳам хушхат, ҳам зуднавис бошад. Хушбахтона, дар бисёр ҳолатҳо ба ин муваффақ мешавам.

Ҳамаи 5 писари муаллима маълумоти олӣ доранд ва дар арсаҳои гуногуни иқтисодию бонкдорӣ фаъолият доранд. Аммо келинҳояш дар пайравӣ ба худи ӯ омӯзгорӣ мекунанд. «Аз сабаби он ки шароит набуд, фарзандони калонам бо ман дар пайи таъмини хонавода буданд. Аввал писарони хурдиам маълумоти олӣ гирифтанд, баъд фарзандони калониам», - мегӯяд Г. Ёрасенова. Писаронаш ба модар мегӯянд, ки вақти роҳат дидани ӯст ва бояд кори пурмашаққати мактабро тарк кунад. Аммо «ман бе кӯдакон бемор мешавам», - ин аст посухи қотеи муаллима ба фарзандон.

*****
Дар ин шаҳре, ки беёдист ёдаш,
Туро меҷӯям аз ёди хазон, аз гиряи оташ!

Гулғунча Ёрасенова ҳамсари журналисти маъруфу соҳибноми тоҷик, собиқ ходими рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» шодравон Олимҷон Ёрасенов аст. Ҳарду ҳам дар мактаб ва ҳам дар донишгоҳ шарикдарс буданд. Дар ҳаёти муаллима лаҳзаҳои ширину хотирмон бисёранд, аммо як рӯзи талхи зиндагии ӯ то ҳанӯз аз лавҳи хотироташ зудуда намешавад.

- Мо бо Олимҷон орзуҳои зиёд доштем, - ёд меорад ӯ. - Ҳарду донишҷӯ будем, соҳиби фарзанд, аммо хона надоштем. Ҳар ҷо ки Олимҷон ба кор мерафт, ба хотири кори ӯ бо фарзандонам кӯч мебастам. Ёдам ҳаст, Олимҷон баъзан шӯхӣ мекард, ки баъди якчанд сол ман дар байни фарзандонам агар истам, маро дар миёни онҳо намешиносӣ… Октябри соли 1992 буд. Шаҳр ноором, боди ҷанг мевазид. Олимҷонро аз ҷойи кораш силоҳбадастон гирифта бурданд. То ҳанӯз аз ӯ ному нишоне нест. Фарзанди аз ҳама калониам дар синфи ҳашт мехонд, аз ҳама хурдиаш шаш сол дошт. Ду-се рӯз пеш аз беному нишон гаштанаш аз утоқаш якчанд тир оварда, ба ман нишон дод. Гуфт, ки утоқи кориямро тирборон кардаанд, агар он ҷо мебудам, зинда намемондам. Чун замони ҷанг шароит душвор буд, ҳамеша маро мегуфт, ки либосу пойафзоли кӯдаконамонро напартоям. Ба ягон нафари дармонда лозим мешавад. Шояд медонист, ки фалокате ба ӯ мерасад. Охирин бор садояшро аз радио 14 ноябр шунида будам…

Баъди бенишон гаштани Олимҷон Гулғунча бо ҳамон либосҳо фарзандонашро калон кард. Чун дар замони донишҷӯӣ одати шаб хондану дӯхтанро дошт, баъди хобондани фарзандон нақшаи дарсиашро тартиб медод. Барои фарзандонаш ҷӯробу либоси гарм мебофт, то ки дар сардиҳо бемор нашаванд.
Муаллима ҳанӯз ҳам умед дорад, ки рӯзе ҳамсари азизаш ба назди ӯву фарзандон бармегардад.

- Вақте хабари марги ягон касро мешунавам, шукр мегӯям, ки касе аз реҳлати Олимҷон бароям иттилоъ надод, - зикр кард Г. Ёрасенова. - Агар инро мешунидам, кайҳо ё бемор мешудам, ё вафот мекардам. Ҳар боре садои тақ-тақи дар барояд, дилам меларзад, фикр мекунам Олимҷон омадааст…

*****
«Омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд».
Эмомалӣ Раҳмон

Назари омӯзгори хушсалиқа Гулғунча Ёрасенова ба ояндаи омӯзишу парвариш дар Тоҷикистон нек аст. Ба пиндори ӯ, агар пораю ришвахӯрӣ комилан решакан шавад, арсаи илму маориф ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае ноил хоҳад шуд.

- Ду набераи худам, ки шогирдонам низ буданд, мактабро бо баҳои аъло хатм карда, шомили донишгоҳ шуданд, - изҳор медорад ӯ. – Аммо ҳоло дар мактаби олӣ ба хондан кам аҳамият медиҳанд. Онҳо руҳафтода шуда, мегӯянд, ки дар донишгоҳ ба дониш кам аҳамият медиҳанд, нақши асосиро маблағ мебозад. Шояд низоми нави тестӣ ин мушкилотро аз байн барад…

Ҳоло муаллима Г. Ёрасенова ҳамроҳ бо дигар омӯзгорони литсейи «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа пайваста ба шогирдон росткорию бовиҷдониро талқин мекунанд ва дар зеҳни кӯдакон ин андешаро таҳмил мекунанд, ки дониш сарвати бебаҳост ва пулу мол ҳеҷ гоҳ ҷойи ин сарвати зеҳниро нахоҳад гирифт. Г. Ёрасенова аз мудирияти литсейи «Ориёно» ҳам изҳори сипосу қаноатмандӣ намуд, ки ҳамеша аз омӯзгорони собиқадору соҳибистеъдоди литсей пуштибонӣ ва нисбаташон ғамхорӣ мекунад, то ба кори таълиму тарбия дилгарм бошанд ва бо шавқу рақбати бештаре ба шогирдон дарс гӯянд.

Ягона орзуи омӯзгор Гулғунча Ёрасенова имрӯз амалисозии ҳамсари зиндаёдаш Олимҷон аст.
-Олимҷон бисёр мехост, ки шеъру очеркҳояшро дар 45-солагиаш китоб кунад, - афзуд муаллима. - Ҳар навиштае, ки дошт, ман то имрӯз нигоҳ доштаам. Мехоҳам ба ин орзуи ӯ ҷомаи амал пӯшонам…

Омӯзгори дараҷаи тахассусаш олӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон Гулғунча Ёрасенова дар баробари ин ки қариб 50 соли умрашро ба кори мактабу тарбияи шогирдон бахшидааст, ҳамоно ташаббускору навовар, маҳфилорову сухангустар аст ва ҳамвора аз пайи такмили дониши худ асту шогирдон. Ӯ, ки худ сидқан бовар дорад, ки «ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан», шогирдонаш ҳам бо ин эҳсоси донишгадоӣ тарбия меёбанд. Ин аст, ки аксари кулли онҳо дар ҷодаҳои илму эҷод ва дар пайроҳаи зиндагӣ комрону муваффақ шудаанд.

Бузургии устод ҳам дар пирӯзию сарсабзии шогирдон ифода меёбад.

Ҳангомаи ИСМАТ,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Роҳнамои доно ва устоди шоиста

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Тақдири насли пешбарандаи давлат дар дасти омӯзгор аст

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА