Дар як сатр
» » ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ «МАЛИКА»

26-03-2018, 09:26

Дар саҳни бинои навсохти "Малика” ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «100 ҳунари мардумӣ дар Хатлон» баргузор гардид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз гӯшаҳои омоданамудаи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳар кадоме намунаи ҳунарҳои қадимаву муосирро муаррифӣ мекарданд, шинос шуданд. Занону бонувони Хатлон дар ин намоишгоҳи боҳашамат намунаи ҳунарҳои гулдӯзӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, атласу адрас, ҳунарҳои попурӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, инчунин маҳсули дастони намояндагони аққалиятҳои миллии вилояти Хатлон, аз қабили ҷомадӯзӣ, ҷелакдӯзӣ, тоқиҳои занонаву мардонаро ба намоиш гузоштанд.

Қоҳир Расулзода ташкили чунин як намоишгоҳро дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ салоҳи кор арзёбӣ карда, ба ҳунару маҳорати бонувони тоҷик баҳои баланд дод.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин намунаҳои ҳунари қолинбофӣ, бӯрёбофӣ, гилембофӣ, пиллаву пашмресӣ, чӯбтарошиву кандакорӣ, табақу қошуқтарошӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ ва маҳсулоти оҳангариву кулолгарӣ низ ба маъраз гузошта шуда буд.

- Маҳз бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои қадимаи тоҷикон аз нав эҳёву барқарор гардида, миллати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ мекунанд, - зикр намуд Сарвазири мамлакат.

Тавре ки аз дафтари матбуотии шаҳрдории Бохтар хабар доданд, сохтмони Маркази хизматрасонии «Малика» моҳи августи соли 2017 оғоз гардида, 24 марти соли 2018 ба истифода дода шуд. Зимни шиносоӣ аз иншооти мазкур ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки маблағи сохтмони иншоот 2 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сарпарасти иншоот - соҳибкори ватанӣ Фирдавс Валиев дар суҳбат бо намояндагони ВАО изҳор дошт, ки дар бунёди марказ аз муосиртарин тарҳи меъмории шарқиёна истифода бурдаанд ва 90 фоизи масолеҳи бинокорӣ моли ватанӣ дониста мешавад. «Дар иншооти мазкур то 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Инчунин, дар ин маркази хизматрасонӣ толори бошукӯҳ барои баргузор намудани конфронсҳо ва чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ ва маърифатӣ бо 60 ҷойи нишаст ташкил карда шудааст. Дар ин маҷмаа меҳмонхона барои 10 нафар мизоҷон низ пешбинӣ гардидааст. Ҳар як ҳуҷраи маишӣ-иҷтимоӣ бо рахти хобу васоили зарурӣ таъмин мебошад. Тарабхона барои қабули 80 нафар мизоҷон ба нақша гирифта шуда, дар тӯйхона барои 150 нафар ҷойи мувофиқ фароҳам аст», - афзуд Ф. Валиев.    

Дар намоишгоҳи мазкур ба меҳмонони хориҷӣ армуғонҳо ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуд, ки таҷассумгари ҳунарҳои милливу мардумии кишвари мо буд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

Ҷавонон аз ҳунарҳои миллии хеш бохабар мешаванд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Ҳокимияти давлатӣ
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

«Ҳунарҳои мардумӣ - рукни муҳимтарини фарҳанги миллӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ