Дар як сатр
» » Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии миллӣ

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии миллӣ

26-03-2018, 09:07

Тантанаҳои боҳашамати наврӯзӣ дар шаҳри Бохтар рӯзи 25 март бо мусобиқаи кушоди гӯштии миллӣ, ки дар он дар баробари беҳтарин гӯштигирони тоҷик, инчунин паҳлавонони маъруф аз Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон ширкат варзиданд, идома ёфт.

 

Барои тамошои мусобиқаи гӯштии наврӯзӣ ва шодбошии паҳлавонон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ба варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар ташриф оварда буданд.

Ин мусобиқаи идонаро, ки бо ташаббус ва дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар, инчунин мусоидати соҳибкорони ватанӣ Н. Файзуллоев, Соҳибовҳо, Н. Фақиров ва чанде дигарон гузаронида шуд, дар варзишгоҳ беш аз 10 ҳазор нафар ва тавассути телевизиони «Варзиш» миллионҳо нафар тамошо карданд.

Қабл аз оғози гӯштин барномаи фарҳангии ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо иштироки Аловуддин Абдуллоев, Меҳрӣ Ҳоҷибоева ва чанде дигарон пешкаши тамошочиён гардид.

Дар мусобиқаи гӯштигирӣ хусусан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шумораи зиёди варзишгарон ширкат доштанд, ки бо паҳлавонони маъруфи кишварамон Набимуҳаммад Хоркашев (дорандаи панҷ медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо), Шоҳрухи Амирхон, Сайҷалол Саидов ва дигарон қувваозмоӣ карданд.

Паҳлавони шуҳратманду таҳамтани тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев паҳлавони овозадори Ӯзбекистон Болта Болтаевро дар мусобиқаи гӯштини миллӣ мағлуб карда, соҳиби шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрави тамғаи «Шевролет» гардид. Илова бар ин, сарпарастони мусобиқа 9000 сомониро барои қувваозмоӣ бо Н. Хоркашев чун ҳадя ба миён гузоштанд, вале касе ҳозир нашуд, ки бо ӯ ба майдон барояд. Аз ин хотир, туҳфа ба соҳибаш, яъне Набимуҳаммад Хоркашев супорида шуд.

Ҳадяҳои дигари таъсисдодаи кумитаи тадорукоти гӯштии наврӯзӣ, аз қабили қолину телевизор, мошинаи ҷомашӯйи ва дигар асбоб ба беҳтарин паҳлавонон, ки маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд, тақдим гардид.

Ҳамин тавр, ҷашни мубораку фархундаи Наврӯзро мардуми шарафманди вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсту қавииродаи шаҳри Бохтар, бошукӯҳу тантанаи хос истиқболу таҷлил намуданд.

Носирҷон Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

6 паҳлавон соҳиби медал шуданд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бузкашии гарм дар борони нарм

Бузкашии гарм дар борони нарм

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо

Ёвон: Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Медали нуқраи Набимуҳаммад

Медали нуқраи Набимуҳаммад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боз як медали Фавориз

Боз як медали Фавориз

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш