Дар як сатр
» » Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

25-03-2018, 08:43

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КӮДАКИСТОНИ НАВ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

     Ҷашни Наврӯзро, ки васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннату оинҳои неки ниёгон ва решапайванди наслҳо мебошад, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бошукӯҳу ҷалоли беш аз пеш истиқбол гирифтанд.

Барои иштирок дар чорабиниҳои марказии Наврӯзи имсола, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба маркази маъмурии вилояти Хатлон ташриф овард.

 

Таҷлили наврӯз дар бохтари бостон

    Рӯзи 24 март кӯчаву хиёбонҳои маркази маъмурии вилоят қабои идона дошт. Эҳсос мегардид, ки мардум омадани Наврӯзро ба унвони эҳёи зиндагии нав, ҳамчун рамзи эътидоли шабу рӯз ва тавозуни рӯзгор истиқбол мегиранд. Ба пешвози меҳмонони олиқадр ҳазорон нафар сокинони шаҳри Бохтар либосҳои рангобаранги миллӣ бар тан, бо рӯҳияи идона, гулу гулдаста баромада буданд.

         Ба муносибати Наврӯзи байналмила-лӣ - 2018 дар шаҳри  Бохтар якчанд иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Субҳи ин рӯз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ муассисаи томактабии №12-и шаҳри Бохтар ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур дар хиёбони Ваҳдат воқеъ буда, таълиму тарбия дар ин ҷо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад. Кӯдакистони нав бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бунёд гардидааст. Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хатлон-стройсервис» аст. Арзиши умумии сохтмони муассисаи томактабии №12-и шаҳр 2 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Зикр гардид, ки ифтитоҳи чунин муассисаи махсус метавонад ба беҳшавии забономӯзии кӯдакон мусоидат намояд. Ба иттилои Абдуалим Исмоилзода, раиси шаҳри Бохтар, маблағи пардохти моҳонаи тарбиятгирандагон нисбат ба дигар муассисаҳое, ки дар ҳамин шакл фаъолият мекунанд, арзонтар буда (200 сомонӣ дар як моҳ), маоши моҳонаи кормандони муассиса нисбатан беҳтар хоҳад буд.

         Дар кӯдакистон барои дарсомӯзӣ, бозӣ, хоб ва дигар самтҳои таълиму тарбия шароити лозимӣ муҳайё гардидааст. Синфхонаҳои муассисаи томактабӣ бо мизу курсӣ, 60 адад рахти хоб ва дигар аёниятҳои дарсӣ пурра муҷаҳҳаз мебошанд. Дар ин ҷо кӯдакон дар 4 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Синфхонаҳои таълимӣ бо технологияи информатсионӣ таҷҳизонида шуда, таълими забонҳои хориҷӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Дар саҳни бино барои ба дилхушӣ ва дигар бозиҳо машғул шудани наврасон таҷҳизоти зарурӣ насб гардидааст.

         Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо мураббиёну кормандон ва тарбиятгирандагони кӯдакистон онҳоро ба тарбияи дурусти насли наврас ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки бояд дар чунин шароит ба кӯдакон забонҳои хориҷӣ дар сатҳи баланд омӯзонида шаванд. "Дар заминаи дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёду азнавсозии бинои муассисаҳои таълимӣ сол то сол сатҳу сифати таълиму тарбия баланд бардошта шуда, барои донишомӯзии наврасону ҷавонон шароити арзанда фароҳам оварда мешавад”, - зикр кард Қ. Расулзода.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

А. Исмоилзода: «маърифат ва сатҳи дониши ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем»

Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Маросими парафшонсозии парчами давлатӣ дар бохтар

Маросими парафшонсозии парчами давлатӣ дар бохтар

Ҳокимияти давлатӣ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ