Дар як сатр
» » Инсонгаро ва ваҳдатсаро

Инсонгаро ва ваҳдатсаро

22-01-2015, 14:40

Инсонгаро ва ваҳдатсаро


Дар ҳамаи давру замонҳо дар таълифоти адибони асил ва воқеӣ вижагиҳои зиндагии мардум, суннатҳои ахлоқӣ ва мазҳабии одамон бо тамоми зебоиҳояш таҷаллӣ меёбанд. Кулли андеша ва тафаккури адибон ба он равона гардидааст, ки руҳониятро дар инсонҳо комилтар бисозанд, то инсон ба кӯи камолот қадаме пештар гузорад. Манзури адабиёт, хосатан каломи бадеъ низ тарбияти башар аст. Сухани асили бадеӣ метавонад шахсият ва руҳонияти инсонро такомул диҳад, ки аз ин миён таклифоти шайх Саъдӣ истисно нест.

Шайх Саъдӣ низ чун адиби баландандеша ва зиндагишинос пеш аз ҳама ба рушди руҳии инсонҳо ва андешаҳои инсонгароӣ майли том дорад. Махсусан дар «Гулистон» тафаккури баланд ва бадеъ дар либоси махлути назму наср аз мавзӯъ ба гунае сухан мегӯяд, ки инсонро ночор ба андеша водор месозад. Хусусан азамат, тафаккури балиғ ва шукуҳи андешаҳои инсонгароии Саъдӣ дар пораҳои шеъриаш дар «Гулистон» беҳтару бештар зуҳур меёбанд.

Саъдӣ бо шеваи ширини баёни хеш азамат ва бузургии инсонро тавсиф мекунад ва дар навбати худ ба инсонҳо риҷъат ва хештанро меомӯзад. Бемуҳобот Саъдӣ ҳамосаи инсонро дар «Гулистон» офаридааст, ки он маҳсули ҳамдастии инсонҳо, офариниш, воқеият ва ҳастӣ, марг ва зиндагӣ, ҳақиқат ва тариқат аст, маҳсули даст ба дасти ҳамдигар додани инсонҳост, ки онро ба вожаи маъмул ваҳдати миллӣ меноманд. Сухани Саъдӣ дар «Гулистон» ангезандаю такондиҳандаи руҳ аст, иқтидо аст ба азамату бузургии Худованд ва халифаи баргузидаи Офаридагор - инсонҳо. Аз диди Саъдӣ тамоми инсонҳо фарзандони Одаму Ҳаввоянд. Мавсуф муътақиди он аст, ки «…агар дар силки суҳбати он бадон мунтазам мондӣ, табиати эшон гирифтӣ, аммо банда умедвор аст, ки ба ишрати солеҳон тарбият бипазирад ва хӯи хирадмандон гирад, ки ҳанӯз тифл аст ва сирати бағӣ ва иноди он гурӯҳ дар ниҳоди ӯ мутамаккин нашуда ва дар ҳадис аст: «Кулу мавлудин йуладу ало-л-фитрати фааббавоҳу йуҳаввидониҳи ва йунассирониҳи ва йумаҷҷисониҳ» (Тарҷумааш: ҳар мавлуде бо сиришти пок зода мешавад ва падару модаранд, ки ӯро яҳудӣ кунанд, масеҳӣ гардонанд ва оташпараст созанд).

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут,
Хонадони нубувваташ гум шуд.
Саги асҳоби каҳф рӯзе чанд,
Пайи некон гирифту мардум шуд.

Бо ин мазмун дар Қуръони азимушшаън низ дар сураи Ҳуҷурот, ояи 13 таъкид шудааст: «Ё аюҳанносу инна халақнокум мин закарив ва унсо ва ҷаъалнокум шуъубав ва қабоила таорафу инна акрамакум, ъиндаллоҳи атқоқум (Тарҷумааш: эй инсонҳо, ба таҳқиқ, халқ кардам шуморо аз марду зан ва гардонидам шуморо нажодҳо ва қабилаҳо, то ин ки бишносед якдигарро. Пас, ба таҳқиқ, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост).

Бинобар ин дар назди Саъдӣ низ тамоми инсонҳо чун фарзандони ҳазрати Одам қурби якхела доранд, чунки онҳо ба якдигар узван, ботинан алоқаманданд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.


Маҳз ҷанбаи инсондӯстию инсонгароии ин мисраъҳост, ки абёти мазкур солҳо боз дар пештоқи даромадгоҳи Шӯрои Амнияти Ташкилоти давлатҳои Муттаҳида ба забонҳои машҳури олам ҳаккокӣ шудааст ва халқҳои сайёраро ба иттиҳод, ҳамзистии осоишта ва ваҳдат даъват менамояд.

Одам ва неку бади тинату сиришти он дар «Гулистон»-и Саъдӣ мавзӯи марказист. Феълу хӯи бад ва фарҷоми бади кирдори одамони алоҳидаеро, ки Саъдӣ мазаммат кардааст, дар кулли мавҷудияти бани башар бад ва зишт гуфтаанд ва дар баробари ин наҷобат ва накуиҳои инсонҳоро, ки мавсуф ситоиш намудааст, ҳама арҷ гузоштаанд. Бинобар ин Саъдӣ дар образи қаҳрамонони ҳикоёти «Гулистон» натиҷаи мушоҳидоти худро дар бораи феълу атвор, ҷаҳони ботинӣ ва фикру зикри муосирони хеш арза доштааст ва ба ин васила сиришти бани башар - фарзандони Одамро таҳқиқ намудааст. Саъдӣ аъмоли неку бади ҳамзамононашро дида, ба назари таҳқиқ омӯхта, шинохта, образҳои ҷовидоние офаридааст, ки назиру нусхаи онҳо дар ҳар давру замон дучор меоянд. Ба ин васила Саъдӣ мехост, ки инсонҳо оқилтару комилтар шаванд, ҷомеаи инсонӣ ободтар, мардум осудаву ваҳдати ҷовид ҳукмфармо бошанд.

Саъдӣ инсониятро даъват менамуд, ки накуном бошанд, то ҳаёти ҷовидонӣ насибашон гардад:

Давлати ҷовид ёфт, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.


Шайх Саъдӣ ба золимон панд медиҳад, ки аз ҳадди одамӣ берун нараванд ва аз мукофоти амал ғофил нашаванд, ба мискинон раҳм кунанд, чунки
«Ба бозувони тавоною қуввати сари даст
Хатост, панҷаи мискини нотавон бишкаст».


Билохира, ӯ онҳоро аз хашми эзадӣ, аз рӯзи растохез хушдор медиҳад:

Зи гӯш пунба бурун ору доди халқ бидеҳ
В-агар ту менадиҳӣ дод, рӯзи доде ҳаст.


Саъдӣ шоҳони инсоннавозро «зуллуллоҳи таъоло фил арзи, рабби арзи ъанҳу ва разиҳи» (сояи Худои бузург дар замин ӯст. Худоё, аз ӯ розӣ бош ва хушнудаш гардон) номида, бо иноят назар кардааст ва таҳсини балиғ ва иродати содиқ намуда, таъкид кардааст, ки «анносу ъало дини мулукиҳим» (мардум равиши подшоҳонашон пеш гиранд):

З-он гаҳ, ки туро бар мани мискин назар аст,
Осорам аз офтоб машҳуртар аст.
Гар худ ҳама айбҳо бад-ин банда дар аст,
Ҳар айб, ки султон писандад, ҳунар аст.


Айнан дар рӯзҳои мо ин панди Саъдӣ мавриди амал аст. Мардум аз ҳидоятҳо ва паёмҳои ҳарсолаи Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон низоми кору рӯзгорашро роҳандозӣ мекунанд ва ҳар як иқдоми Сарвари давлат мӯҷиби дастгирию пайравии тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Саъдӣ инсонҳоро ба танзими оила даъват мекунад, то зани бисёр ва фарзанди зиёд муҷиби эҷод шудани мушкилӣ дар зиндагии онҳо нагардад. «Яке аз подшоҳон обидеро, ки аёлон дошт, пурсид, ки авқоти азизат чӣ гуна мегузарад? Гуфт: - Ҳама шаб дар муноҷоту дар дуои ҳоҷот ва ҳама рӯз дар банди ихроҷот».
Шайх Саъдӣ махсусан ба шахсони дурӯяе нафрат дорад, ки

Тарки дунё ба мардум омӯзанд,
Хештан симу галла андӯзанд.


Зеро пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармояд: «Инналлоҳа ло янзуру илло суварикум ва амволикум, валокин янзуру илло кулубикум ва аъмоликум». Яъне «Ба таҳқиқ, Худои таъоло назар намекунад ба сӯи суратҳои шумо ва амволи шумо, балки назар мекунад ба сӯи дилҳои шумо ва аъмоли шумо». Аз ин нуқтаи назар Саъдӣ инсонҳоро ба ҷавонмардӣ, шикебоӣ ва бахшишу накӯкорӣ даъват мекунад:

Матоб, эй порсо, рӯй аз гунаҳгор,
Ба бахшояндагӣ дар вай назар кун,
Агар ман ноҷавонмардам ба кирдор,
Ту бар ман чун ҷавонмардон гузар кун.


Саъдӣ дар «Гулистон» мардумро ба дӯст доштани якдигар ва ишқ, ки болотарин ва волотарин неъмати худовандист барои инсонҳо, даъват менамояд. Ба қавли Саъдӣ ҳар кас ба дарки он қодир нест, зеро дарди ишқ ҳар касро насиб нахоҳад гашт. «Порсоеро дидам ба муҳаббати шахсе гирифтор, на тоқати сабру на ёрои гуфтор, чандон ки маломат дидию ғаромат кашидӣ, тарки тасобӣ нагуфтию гуфтӣ:

Кӯтаҳ накунам зи доманат даст,
В-ар худ бизанӣ ба теғи тезам.
Баъд аз ту малозу малҷае нест,
Ҳам дар ту гурезам, ар гурезам.»


Ҳаводорони ишқ хеле зиёданд. Ҳар кас мехоҳад аз ин неъмати лоязолӣ саҳме касб кунад, то ки лаззати ишқро чашида бошад. Ишқ аз нигоҳи ирфон муҳимтарин рукни тариқат аст. Ҳар касро ба ин мақом роҳ нест ва ҳар дил низ шоистаи ин гоҳ нест. Ба ин мақом ва ба ин ҷода танҳо инсони комил роҳ меёбад:

Ту, ки дар банди хештан бошӣ,
Ишқбози дурӯғзан бошӣ.
Гар нашояд ба дӯст раҳ бурдан,
Шарти ёрист дар талаб мурдан.


Ҳикояти болоиро идомаашро шунавед. «Боре ба насиҳаташ гуфтанд: - Аз ин хаёли муҳол таҷаннуб кун, ки халқе ҳам бад-ин ҳавас, ки ту дорӣ, асиранду пой дар занҷир. Гуфт:

Дӯстон гӯ, насиҳатам накунед,
Ки маро дида бар иродати ӯст.
Ҷангҷӯён ба зӯри панҷаву китф
Душманонро кушанду хубон дӯст.


Ишқ дар таълифоти Саъдӣ маҳсул ва дарки лаҳзаҳои мухталиф аз рӯзгори адиб аст. Дар эҷодиёти Саъдӣ ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат рамзи ободии инсон аст. Инсоне, ки аз ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, садоқат дурӣ меҷӯяд, ба ваҳдати комили инсонҳо нахоҳад расид, зеро инсон бидуни ишқ комил нест, бидуни ишқ таҷаллии руҳ дар инсон тира аст. Ба қавли шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ «Башар вақте ишқи гумкардаи худро дубора бозмеёбад, комил мешавад ва руҳ дар сиришти башар нурбор ва таҷаллибор мегардад. Башар дар ин ҷустуҷӯҳо ва ин ковишҳо худро комил месозад, агар ишқ набуд, ҳеҷ набуд. Инсон дар ишқ хулоса мешавад ва ишқ дар инсон. Ишқ дар инсон ошкор шуд ва инсон дар ишқ ошкор гашт. Ишқ таҷаллие аз инсон аст ва инсон таҷаллие аз ишқ аст».

Гузашта аз ин таълифоти Саъдӣ бидуни ишқи воқеӣ пуч ва ҳеҷ аст, зеро аз мутолиаи «Гулистон» бармеояд, ки фитрат, сиришт ва ҳастии Саъдӣ аз азал дар тору пуди ишқ дарҳам танида шудааст ва хонандаи закию нуктасанҷ пас аз мутолиаи «Гулистон» бешак мадюни ишқ хоҳад гашт. Ба сатрҳои зер таваҷҷуҳ кунед:

«Ёд дорам, дар айёми пешин, ки ман ва дӯсте чун ду бодоммағз суҳбат доштем. Ногоҳ иттифоқи мағиб афтод. Пас аз муддате, ки бозомад, итоб кард, ки дар ин муддат қосиде фиристодӣ! Гуфтам:-Дареғ омадам, ки дидаи қосид ба ҷамоли ту равшан гардаду ман маҳрум.

Ёри дерина маро гӯ, ба забон тавба мадеҳ,
Ки маро тавба ба шамшер нахоҳад будан!
Рашкам ояд, ки касе сер нигаҳ дар ту кунад,
Боз гӯям на, ки кас сер нахоҳад будан!»


Ба ҳамин тариқ, андешаҳои инсонгароии Шайх Саъдӣ дар «Гулистон» воситаи муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ва ишқу садоқати байниякдигарии инсонҳо буда, дар шароити имрӯза низ қимати баланди тарбиявӣ ва ҳидояткунандагӣ дорад ва инсонҳоро барои инсони комил шудан ба роҳи ростин, ки роҳи нур ва роҳ ба қалбҳои поку аз кудурат дур аст, далолат мекунанд.

Ҳасани МУРОДИЁН,
доктори илмҳои филологӣ,
профессори ДДҚ ба номи Носири Хусрав,
Корманди шоистаи Тоҷикистон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Сиёсат
Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Ҷанги Сурия фитна аст, на ҷиҳод

Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш
Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сабру таҳаммул дар таълимоти Имоми Аъзам

Сиёсат, Маориф ва илм