Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЯКРӮ


ЯКРӮ



Имрӯз ҳам ба сифати Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз ин сиёсат содиқона ҷонибдор буда, дар таҳкими давлатдории миллӣ ҳамроҳи дигар собиқадорон - шахсиятҳои маъруфу муътабари ҷумҳурӣ кор мебаранд, дуогӯи ин давлату миллатанд.

Зиндагиномаи Ғайбулло Авзаловро саҳфагардон карда, бори дигар шоҳиди он мегардем, ки ин мард, ин сиёсатмадор, ин инсони заминӣ, воқеан, матинирода мебошад. Ӯ моҳи феврали соли 1947 дар деҳаи Айлонии ноҳияи Сари Хосор (ҳоло Ҷамоати деҳоти Сари Хосор) дар оилаи раиси Афзал чашм ба олами ҳастӣ кушод. Дар ин ҳол падараш раиси Афзал 54 ва модараш холаи Мошариф 45 сол доштанд. Дар рӯзи ба дунё омадани тифл мардуми деҳаҳои Айлонӣ, Вахинак, Зувайри ноҳияи Сари Хосор номзадии раиси Афзалро ба вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон пешбарӣ карда, пирӯзиашро таъмин намуданд. Бузкашӣ, базму бозӣ, хурсандӣ, гӯштингирӣ, гӯруғлисароӣ идома дошт ва миёни меҳмонон устод Сайдалӣ Вализода низ буд. Номи писарчаи навзодро Ғайбулло гузошта, умед карданд, ки ӯ номи аҷдодро зинда ва шуҳраташро поянда нигоҳ медорад. Гузашти аём нишон дод, ки дуои пирони рӯзгордидаю ботадбир дар ҳакқи ин тифл мустаҷоб гардид. ӯ номбардори падар, номбардори давлату миллати худ шуд. Дар он солҳо ном ба номи раиси Афзал буд, зеро ӯ ба ниёзмандон нон медод, бегуноҳонро аз ҳабсу зиндон озод мекард, аз ҳақиқату адолат дифоъ менамуд, тарафдори халқи меҳнаткаш ва яке аз бунёдгузорони сохти нав, зиндагии нав буд. Холаи Мошариф бошад, кадбонуи хонадон, зани дасткушоду меҳмоннавоз ва сағерапарвар буд.

Бо иғво, туҳмату буҳтон, дасисакорон, одамони сиёҳдил чанд маротиба раиси Афзалро ба маҳбас кашониданд, гӯё ба мақсади нопоки худ расида бошанд, вале тирашон хок хурд, раиси Афзал аз ҳабс озод ва оқибат пурра сафед шуд. Аммо афсӯс, ки холаи Мошариф бо ин ҳама ноҳақиҳои замон тоб наоварда, дар синни 50-солагӣ ин дунёи фониро падруд гуфт. (рӯҳаш шод бод).

Ба душвории зиндагӣ, нобасомониҳои он солҳо нигоҳ накарда, фарзандонро хононданд, тарбия карданд, бо фазлу дониш гардониданд. Ин буд, ки бародарони Ғайбулло - Наврӯз, олим, номзади илми таърих, Хайрулло - доктори илми педагогика, узви вобастаи Академияи улуми педагогии ҷумҳурӣ, профессор, Азизулло - яке аз адибони шинохта ба камол расиданд. Авзалов Ғайбулло Саидович бошад, баъди хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар муҳосиботи қитъаи Арали ноҳияи Восеъ, сарбойтори хоҷагии «Совет»-и ноҳияи имрӯзаи Темурмалик ва хоҷагии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор, сардори Раёсати кишоварзии вилояти Кӯлоб ифои вазифа намуд. Соҳаи чорводорӣ ва хоҷагии қишлоқ пешрав гардид. Иғвогарию нотавонбинӣ дар ин давра иродаи матини ӯро шикаста натавонист, зеро ӯ пайваста дар талошу мубориза буд, барои номи нек аз ҳақиқат дифоъ мекард.

Соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва роҳбарии шаҳри Тошкандро бо баҳои аъло хатм кард ва имрӯз аз барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаи ду миллати дӯсту бародар, ду давлати ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон, густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳо, иқдому ташаббусҳои ҷавонмардонаи ду президент - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори сипос намуда, ин падидаро пайванди дилҳои ду миллату як халқ арзёбӣ медорад.

Ғайбулло Авзалов ду даъват вакили халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1992 соли даҳшат, нооромӣ, ҷанги шаҳрвандӣ, бадбахтию хунрезиҳо, бенизомию беҳокимиятӣ, қатлу ғорат Ғайбулло Авзаловро бетарафу бетафовут нагузошт.

Бе ягон тарсу ҳарос дар гирдиҳамоиҳо, ҷамъомаду митингҳо баромад мекард, ҷавононро ба оромӣ, дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат ба Ватан, ба ҳамдигар даъват менамуд. Нақши таърихии Иҷлосияи ХVl Шӯрои Олии Тоҷикистонро, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ба сари қудрат вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии Данғара-172 Эмомалӣ Раҳмонро овард, оғози сулҳу ваҳдат, пешгирии қатлу ғорат, сарҷамъии миллат арзёбӣ дошт, ки ин гуфтугузорҳо минбаъд 3 солу 3 моҳ идома ёфт. Дар 40 музокирот 40 Созишнома ба имзо расид, аммо мушкилот ҳанӯз зиёд буд. Ниҳоят баъди вохӯрӣ дар Хусдеҳи Афғонистон, бо роҳбарони ин давлат ва собиқ мухолифин ва Созишномае, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид,  дари сулҳи воқеӣ боз шуд, адолат тантана кард, ваҳдат пирӯз гардид, аммо…

Солҳои 1993-1995 Ғайбулло Авзалов ба ҳайси ҷонишини раиси комиҷроияи Шӯрои вакилони вилояти навташкили Хатлон соҳаи кишоварзиро роҳбарӣ мекард. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ хоҷагиҳои харобшударо барқарор кардану зотпарварию тухмипарвариро эҳё намудан, пеши роҳи ғасби заминро гирифтан осон набуд. Аммо Ғайбулло Авзалов аз уҳдаи вазифаи худ содиқона баромад.

- Сиёсатмадори варзида, номбардори падар, фарзанди содиқи Ватан Ғайбулло Авзалов бо вуҷуди хоксорӣ, серталаб буд. Ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра дода шуд ва комёб ҳам гардид, ки ҳалолаш бод,- афзуд зимни суҳбат раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Балҷувон Гулмаҳмад Сангов.

- Ниҳоят хурсандем, ки бо ин марди бузург, инсони дарёдилу роҳбари кордон, ташаббускор, сахтгиру серталаб дар вазифаҳои масъул кор кардем, аз ӯ сабақ гирифтем, дар ҳалли мушкилоти мардум ҳамкории зич намуда, дар рушду ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоштем, - бо нигоҳи ватандорӣ таъкид доштанд собиқадорони соҳа Асадулло Абдуллоев, Саъдулло Бекназаров, Орифзода Маҳдӣ.

Солҳои 2000 - 2002 Ғайбулло Авзалов ба сифати раиси ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон (ҳоло Дӯстӣ) ифои вазифа намуд. Дар як муддати кутоҳ ӯ тавонист пеши роҳи яғмогарони «Бешаи палангон» ғасби худсаронаи замин, азонихудкуниҳои моликият, амволи хоҷагиҳо ва дигар бесарусомониҳоро гирифта, ба рушди иқтисод, кишоварзӣ, ободонии ноҳия мусоидат намояд.

- Ғайбулло Авзалов як ҳикмати мардумиро пайваста таъкид менамуд: «Меҳнатата ҳалол кун, ҳосилата ҷувол кун». Ӯ вақтро аз ҳама қимат медонист. Ба қадри вақт, умри гузарон, расед, ниҳолеро ба самар оред, гӯшаеро обод кунед, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ бунёд намоед. Аз ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат сабақ гиред. Дар баробари ин роҳбаронро ба инсоф, сарфаю сариштакорӣ, тарбияи мутахассисони ҷавон даъват менамуд,- ёдовар шуд аз солҳои раисии Ғайбулло Авзалов дар ноҳияи Дӯстӣ собиқ раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад.

Ғайбулло Авзалов соли 2002 вакили мардумӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, солҳои 2002-2005 узви кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, солҳои 2005-2006 муовини раиси кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва шуғли аҳолии Маҷлиси намояндагон фаъолият дошта, дар таҳкими қонуният дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт.

Аз 4-уми декабри соли 2006 то ба 27- уми ноябри соли 2013 масъулияти раисии вилояти Хатлонро ба уҳда дошт. Ба қадри боварию эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расид. Зимни сафарҳои кории худ ба вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пешравиҳо қаноатмандона ҳарф зада, хоки зархези ин диёри биҳиштосоро барои аз як майдон бардоштани се ҳосил, ташкили гармхонаҳо, рушди ситруспарварӣ, макони боғҳои меваҳояш шаҳдбор, иқлими  обҳои поку мусаффо, арзёбӣ дошта, аҳли заҳмат, роҳбарону мутахассисони соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва сохтмонро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав, содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар, ворид кардани техника ва технологияи нав, рушди боғдорию сабзавоткорӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ дар арсаи ҷаҳонӣ даъват намуд. Аз ин нигоҳ Хатлонзамин ин гӯшаи Тоҷикистони биҳиштосо сол то сол ободу зебо гардида, садҳо мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, хонаҳои баландошёна, иншооти хизматрасонӣ, корхонаю коргоҳхои истеҳсолӣ бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Нишондодҳои истеҳсолӣ афзун гардида, сифати кору хизматрасонӣ беҳтар шуд. Дар ин пешравию дигаргуниҳо Ғайбулло Авзалов он солҳо ба сифати раиси вилояти Хатлон накши муассир гузошта буд. Баргузории семинар - машваратҳои илоятӣ, озмунҳои «Иди асал ва сайри харбуза», ҷашнҳои «Сада» ва «Меҳргон», ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ҳар сол қадршиносӣ намудани ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтаринҳои соҳаҳои хоҷагии халқ» ба рушди ҳама соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.

Ғайбулло Авзалов ба дониш, ҳунар, маҳорат ва кордонии роҳбарону мутахассисон дар ҳама соҳаҳо эътибори ҷиддӣ медод. Ҳангоми ба вазифаҳои масъул таъин кардани онҳо сифатҳои кордонию ташаббускорӣ, уҳдабариашонро ба назар мегирифт. Кадрро вобаста ба маҳаллаш баҳо намедод, зеро хуб медонист, ки: Аз маҳалбозии мо иллат ба миллат мерасад, Миллати моро аз ин иллат нигоҳ дорад Худо. Ҳамин аст, ки имрӯз садҳо шогирдони тарбиякардааш дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда содиқона ба Ватани худ кор карда, қисмате давлати пирӣ меронанд ва дуогӯи насли ояндасози миллат ва Роҳбари давлатанд.

- Бо шарофати Истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат мақому мартабаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боло рафт. Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, вобаста ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи дунё пазируфта шуд, ки фардо дар таъмини аҳолии дунё бо об ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши сазовор мегузорад, - ибрози назар намуд Ғайбулло Авзалов.

Воқеан, нақши Ғайбулло Авзалов дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат бағоят бузург аст, ки инро мардуми  шарифи Хатлонзамин одамони касбу кори гуногун эътироф кадаанд.

- Мо мардуми Тоҷикистонро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид шуда, дар эъмори ҷомеаи навин нақши худро гузорем, аз гузашта сабақ гирем, насли сазовору арзандаро ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба камол расонем,- бо эътимоду боварӣ ба фардо таъкид намуд
Ғайбулло Авзалов. 

Хонаи обод ва фарзандони солеҳу некном доранд, Ғайбулло Авзалов ва холаи Саида.

Имрӯз фарзандони онҳо Искандар, Умед, Салима, Ҷамила ва Анвар, ки ҳама соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, дар вазифаҳои гуногун баҳри солимии ҷомеа, баланд бардоштани иқтисодиёт, ҳимояи ҳуқуқи ҳамватанон содиқона ифои вазифа доранд. Онҳо ворисони ҳақиқии падару модари худ хоҳанд шуд.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи ӯро дар назди халқу Ватан арзанда қадр намудаанд.
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Дар ҳақиқат, Ғайбулло Авзалов дорои иродаи матин, дониши қавӣ, истеъдоду масъулияти баланди роҳбарӣ буда, зиндагиномаи ӯ сабақи ибратомӯзест барои наслҳои имрӯзу фардо ва онҳое, ки дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда кор мекунанд. Аз чунин инсонҳои ватандор бояд омӯхт.

Шералӣ САИД

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода