Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҷилваи нанги Ватан


Ҷилваи нанги Ватан



ПАРЧАМ

Парчам нишони мост,
Парчам ҳумои бахт
Дар осмони мост,
Таърихи мо, ҳамосаи мо, достони мост,
Тандиси ҷоҳу манзалати ҷовидони мост,
Ойинадори қомати насли ҷавони мост,
Боланда чун умеди дилу ормони мост,
Сарви хуҷастаи чамани бехазони мост,
Чун мисраи баланд,
Сар барзада зи дафтари табъи равони мост.
Рамзе, ки он зи ҳар чи азизу муқаддам аст,
Парчам аст!
Се ранг дорад он,
Сурху сафеду сабз:
Дар ранги сурх шуълаи хуршеди Ховар аст,
Сурхии нони гандумии дасти модар аст,
Ранги сафед-бахти ҷавонони кишвар аст,
Пайғоми сулҳ-боли сафеди кабутар аст,
Сабзаш баҳори сабзи умед асту бовар аст,
Фардои сабзи ин ватани сабзманзар аст.
Аз Кова ёдгор бувад парчами ватан,
“Шаҳнома”-и виқор бувад парчами ватан!
Боғи муаллақе
К-аз ранги сабз об хӯрад навбаҳори ӯ,
Хандад шукуфаҳои сафед аз канори ӯ,
Чун лаъли сурх ҷилва кунад лолазори ӯ,
Тоҷаш ба мисли гул буваду ҳафт ахтараш,
Монанди ҳафт қатари зебои шабнам аст,
Гулбоғи парчам аст!
Бо парчами баланд
Умре нигоҳи худнигари мо бувад баланд,
Чун насли кӯҳ ҳар назари мо бувад баланд,
Иқболи мо чу шеъри тари мо бувад баланд,
Ҳамчун нишони васл,
Чун бозгӯи асл
Фари мо бувад баланд,
Сари мо бувад баланд!
Он тоҷ-тоҷ бар сари болои миллат аст,
Анвори ӯ таҷассуми фардои миллат аст,
В-он печу тоб мавҷ зи дарёи миллат аст,
Яъне хабар зи мавҷи гуҳарзои миллат аст,
Ҳар наҷм шаҳчароғ ба шабҳои миллат аст,
Болои ӯй қомати зебои миллат аст.
Поянда бод қомати сарви биҳишти ӯ,
Чун сарнавишти мост кунун сарнавишти ӯ.
Сайри қадаш зи мард шуҷоат кунад талаб,
Авсофи ӯ зи фард фасоҳат кунад талаб,
Ҳуснаш зи чашм дарси назокат кунад талаб,
Меҳраш даруни сина масоҳат кунад талаб,
Подорияш зи шахс матонат кунад талаб,
Оре, ҳамеша аҳд садоқат кунад талаб.
Мо қадди худ ба парчами худ поя мекунем,
Бар офтоб бурдаву ҳамсоя мекунем!
Чун Пешвои хеш,
К-ӯ бӯса зад ба парчаму савганд ёд кард,
Овард сулҳу мардуми ғамдида шод кард,
Маҳкам ба шоҳбанди ҷасорат камар кунем,
Мо парчами ватан ҳама ҷо ҷилвагар кунем,
З-ин рамзи бахти хеш ҷаҳонро хабар кунем,
Бо фахру бо ғурур,
Дар дидаҳо сурур
Бар қомати баланди баландаш назар кунем,
То қуллаҳои бахту саодат сафар кунем,
Таърихи хеш номаи бахту зафар кунем.
Поянда бод, қомати ту, парчами ватан,
Фарри туву шаҳомати ту, парчами ватан!

Озар САЛИМ

***** 

ПАРЧАМИ МО

Эй ҷилою ҷилваи нанги Ватан,
Парчами мо фахри фарҳанги Ватан.
Ҷовидона парфишониҳо намо,
Дар замину дар самою дар фазо.
Сурхият ҳамранги хуни одам аст,
Дар сафо-т сулҳу суботи олам аст.
Нав ба нав андар ҷаҳон афкори мо,
Ҳам ҷасорат, ҳам сиёсат ёри мо.
Ранги сабзи ту нумӯъи кишвар аст,
Хони мо пурганҷу пур аз гавҳар аст.
Тоҷ бар сар ҳафт ахтар дар само,
Ҳар яке истораҳои раҳнамо.
Ранги сурху ҳам сафеду сабзи ту,
Ҳамчу нерӯ метапад дар набзи ту.
Парчами мо ҷилва дорӣ дар замон,
Бо ҷасорат, бо ғурур андар ҷаҳон.
Марди миллат зери ту савганд хӯрд,
Ӯ қасам бо миллату пайванд хӯрд.
Бо Худову модару ҳам шири ӯ,
Ҳам ба хоку оби худ савганд хӯрд.
Эй ҷилою ҷилваи нанги Ватан,
Парчами мо фахри фарҳанги Ватан.
Ҷовидона парфишониҳо намо,
Дар замину дар самою дар фазо.

Амиршоҳи ХАТЛОНӢ

******

Диёри гулбасар

Диёри номдорам, мулки Хатлон,
Туро ман дӯст дорам, мулки Хатлон.
Ба он таърихӣ пур аз қаҳрамонӣ,
Ту ҳастӣ эътиборам, мулки Хатлон.
Ту парвардӣ ҳаме Сардори давлат,
Чунин як шаҳчинорам, мулки Хатлон.
Туро машҳури олам кард Восеъ,
Диёри нангу орам, мулки Хатлон.
Ба он Чилдухтарону Хоҷамуъмин,
Ту гаштӣ ифтихорам, мулки Хатлон.
Сари Хосори ту сабз аст доим,
Зиҳӣ, эй чашмасорам, мулки Хатлон.
Маро ин файзу неъмат аз ту бошад,
Замини зарнисорам, мулки Хатлон.
Бидода шуълаҳои НОБ -и Норак,
Чароғи нурборам, мулки Хатлон.
Беҳин неъмат барои мо шудастӣ,
Ту аз Парвардигорам, мулки Хатлон.
«Фалак» аз ту ба гардун сар кашида,
Дафу ною дуторам, мулки Хатлон,
Фузуда аз чакан ҳусни арӯсон,
Нигори гулъузорам, мулки Хатлон.
Зи Истиқлол гардидӣ шукуфон,
Диёри бобарорам, мулки Хатлон.
Илоҳо, гулбасар бошӣ ҳамеша,
Ба ҳар ҷо пешкорам, мулки Хатлон.
Чу гулгашти Мусаллоӣ дақиқан,
Туро он сон шуморам, мулки Хатлон.
Ба се даҳсола симоят дигар шуд,
Аё эй ғамгусорам, мулки Хатлон.

Саидҷаъфар БАЁЗӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода