Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пояи давлат набошад бе маориф устувор


Пояи давлат набошад бе маориф устувор



Дар бораи аҳамияти таърихии қарорҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки барои сар навишти миллати мо нақши ҳалкунандае доштанд, пажӯҳишҳои дақиқу пурманфиат анҷом дода шуданд ва дар оянда низ ковишҳои боз ҳам амиқтар сурат хоҳанд гирифт. Ҳар як қарори қабулшудаи ин иҷлосия дар таъин намудани роҳи ояндаи кишвар саҳм дошт. Яке аз ҳамин гуна қарорҳои дахлдор таъсиси вилояти Хатлонро дар заминаи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтаппа дар бар мегирифт, ки бо дархости вакилони ин ду минтақа ба тасвиб расид.

Дар ин мақолаи кӯтоҳ мо атрофи дастовардҳои маорифи вилояти Хатлон дар зарфи сӣ соли таъсисёбии он ҳарф хаҳем зад. Пӯшида нест, ки ҷанги дохилӣ дар ҳамин минтақа сар зад ва харобкориҳои ба амал омада Вахшонзаминро ба хоку хун кашида, низоми мароифи онро харобу валангор сохт. Маорифи минтақаи Кӯлоб низ бо сабаби дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштанаш, чун ҳама соҳаҳои дигар заъифу нотавон гардида буд.

Бо таъсиси вилояти Хатлон дар қатори барқарорсозии тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба эҳёсозии соҳаи маориф низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Ба хубӣ эҳсос мегардид, ки ҷанги дохилӣ ва касодии иқтисодӣ қисми зиёди омӯзгоронро ба тарки вазифа ва муҳоҷирати меҳнатӣ водор намуда, соҳаро амалан фалаҷ гардонида буд. Маводи таълимӣ нокифоя буда, шароити модию техникии таълимгоҳҳо нокифоя ба назар мерасид. Ин буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати худ маорифро яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои муҳайёсозии фазои созгор дар таълимгоҳҳо ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълиму тарбия чораҳои судманд андешиданд.

Дар баробари устувор намудани заминаи моддии муассисаҳои таълимӣ ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Яке аз ҳамин гуна тадбирҳо муқаррар намудани имтиёз ва ба тадриҷ зиёд намудани музди меҳанати аҳли илм ва маориф буд.

Яке аз мушкилоти дигаре, ки соҳааи маориф бояд ба он панҷа нарм мекард, тарки сохти давлатдории куҳна, идеологияи вобаста ба нишондодҳои ҳизби коммунистӣ ва дигар кардани ғояҳои таълимӣ ба ҳисоб мерафт. Замони нав дар қатори раванди босуръати ҷаҳонишавӣ бо бархӯрдҳои азими инноватсионӣ ба рушди технологияи нави тадрис низ таъсир расонида боиси он гардид, ки низоми соҳаи маориф куллан дигаргун гардад.

Таърихи 30-солаи маорифи вилояти Хатлон гувоҳи батадриҷ рушд ёфтани ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мебошад. Дар натиҷаи барқароршавии сулҳу субот, баргаштани гурезаҳо ва ҷуфт шудани ҷавонони хушбахти замони истиқлол шумораи хонандагон зиёд гардида, талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ ба миён омад. Ин буд, ки бо сарпарастии ҳукумати кишвар, кумаки созмонҳои байналмилалӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмон ва ба истифодадиҳии биноҳҳои нави таълимӣ сурат гирифтанд. Натиҷаи ҳамин гуна кӯшишҳо буданд, ки шумораи мактабҳо аз нуҳсаду шасту ду адади соли 1991 ба як ҳазору сесаду панҷоҳу нуҳ адад расонида шуд. Инро ҳам бояд  қайд кард, ки мактабҳои дар замони соҳибистиқлолӣ сохташуда, чи аз ҷиҳати шаклу сохт ва чи аз ҷиҳати таъмин будан бо технологияи нави таълимӣ фарқкунаанд ва бо назардошти созгор будан ба уфуқҳои нави тадрису тарбия бино ёфтаанд.

Бо афзудани шумори хонандагон ва ба низоми маориф ворид гардидани фанҳои нави таълимӣ ба омӯзгорону мутахассисони ҷавон ниёз пайдо мешавад, ки ин масъла низ роҳи ҳалли худро бомувафаққият пайдо намуда истодааст.

Чунончи, барои пуррра таъмин гардидани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҳирфавӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми моҳи майи 2006 қабул карда шуд, ки ба масъалаи додани имтиёз ба омӯзгорони ҷавон бахшида шудааст. Дар асоси ин қарор ду ҳазору ҳафтоду нуҳ нафар омӯзгори ҷавони хатлонӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ, як саду панҷоҳу ду нафар соҳиби замини полезӣ ва шашсаду се нафар соҳиби қарзи имтиёзнок гардиданд. Дар умум теъдоди ашхосе, ки аз ин гуна имтиёзот баҳравар гардиданд, ба ду ҳазору ҳашт саду шасту ду нафар мерасад. 

Дар радифи дигар ғамхориҳое, ки ба соҳаи маориф нигаронида шудааст, ёд овардан аз муқаррар намудани квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон бисёр ба маврид мебошад. Квотаи мазкур ба мақсади аз байн бурдани норасоии мутахассисон дар маҳалҳои алоҳида нигаронида шуда, яке аз ташаббусҳои созандаи Роҳбари кишвар ба шумор меравад. Тибқи ҳамин квота аз соли 1997 то ба имрӯз ҳашт ҳазору ҳафтсаду сӣ нафар ҷавонони вилоят, аз ҷумла панҷ ҳазору дусаду шасту ҳафт нафар зан дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил намуданд.

Дар самти бунёди мактабҳои нави замонавӣ низ пешравиҳои зиёд рӯи кор омад. Аз як ҷиҳат, агар аз соли 1991 то имрӯз шашсаду чилу ду адад бинову муассисаҳои нави соҳаи маориф сохта шуда бошад, аз ҷиҳати дигар тамоми биноҳои таълимӣ таъмири куллӣ дида, о василаҳои нави техникӣ ва асбоби хониш таъмин гардиданд. Барои омода намудани атфол ба таълим як саду панҷоҳу ҳашт муассисаи томактабӣ ба истифода дода шуд, ки дар қиёс ба соли 1991 як саду як адад зиёд мебошад. Ҳамзамон, барои ҷалб намудани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таълимоти умумӣ маркази инкишофи кӯдакон созмон дода шудааст, ки теъдодашон ба ҳаштсаду чил адад мерасад. 

Яке аз зерсохторҳои соҳаи маориф, ки ба ҷалби хонандагон баъд аз дарс машғул буда, барои онҳо имконоти нави донишандӯзиро муҳайё месозад, муассисаи таҳсилоти иловагӣ мебошад. Ин муассиса қисми таркибии соҳаи маориф буда, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон мусоидат менамояд. Муассисаи мазкур дар асоси майлу хоҳиши хонандагон асос ёфта, хидматрасонияш бемаҳдудият барои тамоми шаҳрвандон пешниҳод мегардад. Дар ин ташкилот маҳфилҳои зиёде амал мекунанд, ки барои омода намудани хонандагон ба озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва бурун аз он ёрӣ мерасонанд. Имрӯзҳо шумораи ин гуна муассисаҳо дар вилоят ба бисту ҳафт адад расидааст, ки дар онҳо сесаду панҷоҳ маҳфили гуногун амал мекунад ва беш аз 11 ҳазор узви фаъол доранд.

Таъкиди ин нукта дорои аҳамият аст, ки дар вилоят сафи омӯзгорони навовару эҷодкор ва хонандагони ихтироъкор зиёд мегардад. Устодони варзидаи хатлонӣ чандин борҳо дар озмуни “Омӯзгори сол” ширкат варзидаву ғолиб омадаанд. Дар байини онҳо нафароне, ки ба гирифтани “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф шудаанд, дида мешавад. Дар даврони худсолории кишвар дастовардҳ ои шогирдони муасс исаҳои вилоят дар озмуну чорабиниҳои ҷ у м ҳ у р и я в и ю байналмилалӣ ва бо медали тилло ва нуқра хатм кардани мактаб як дастоварди анъанавӣ гардидааст. Хонандагони вилоят агар соли 2007 соҳиби се медали биринҷӣ гардида бошанд, соли 2020 дусаду шасту ҳафт ( аз ҷумла панҷоҳу ду медали тилло) ба даст оварданд.

Рушди дониш ва беҳшавии сифати таълим дар вилоят аст, ки натиҷаҳои сабқати хонандагон ҳамасола рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Чунончи, агар онҳо соли 2016 аз озмунҳои берун аз вилоят баргузор шуда ҳамагӣ чордаҳ ҷои якумро аз худ карда бошанд, пас соли 2017 дар ҳамин зина ҳаждаҳ ҷой, соли 2018 сиву шаш ҷой, соли 2019 панҷоҳу ду ҷой ва соли 2021-2022 як саду шаш ҷойро ба даст оварданд.

Ҳавасмандгардонӣ ва арҷ гузоштан ба заҳмати омӯзгорон боиси он мешавад, ки дар ботини онҳо рӯҳбаландӣ ба амал биояд ва натиҷаи кори онҳо беҳтар гардад. Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба ин мақсад тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода, аз ҳар гуна тадбирҳои созанда истифода менамояд. Ба тариқи мисол, дар арафаи таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи вилоят озмунҳои “ Беҳтарин муассисаи таълимӣ”, “Беҳтарин муассисаи томактабӣ”, “Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии ва интернатӣ”, “Беҳтарин маркази дарёфт ва рушди истеъдод”, “ Беҳтарни муассисаи таҳсилоти иловагӣ”, “Беҳтарин маркази технология ва коммуникатсия”, “Беҳтарин кабинети методӣ”, “Беҳтарин муаллими сол”, “Беҳтарин мураббии сол”, “Беҳтарин хонандаи сол”, “Беҳтарин навовару ихтироъкори ҷавону навраси сол” ва “Беҳтарин оилаи масъулиятшинос” гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои сазовор қадрдонӣ шуданд.

Ба ҷуз ин ҳама, хонандагон дар вилоят зери ғамхории махсуси Ҳукумат қарор дошта, наврасони лаёқатманд бо стипендияи президентӣ, стипендияи раиси вилоят, стипендияи раиси ноҳия ва дигар навъҳои ҳавасмандӣ фаро гирифта шудаанд.

Он чи дар ин мақолаи кӯтоҳ оварда шуд, қатрае аз баҳр буда, ҳама дастоварду муваффақиятҳои маорифро дар зарфи сӣ соли таъсисёбии вилояти Хатлон дар бар намегирад, вале чун мушт намунаи хирвор бозгӯи созандагиҳоест, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи маориф сурат гирифтаанд.

Санаи мубораки таърихиро ба ҳамаи омӯзгорони вилоят самимона табрик мегӯям!

Ғазалшоҳ Сафарзода,
сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода