Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пойдории мақоми ориёнам Парчам аст


Пойдории мақоми ориёнам Парчам аст



Парчам дар ҳама давру замонҳо ҳамчун рамзи салтанат, ғуруру ифтихори миллӣ буд. Зери парчам – чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд.

Парчам яке аз рамз ва нишонаҳои асосии ҳар як давлат маҳсуб ёфта, дар арсаи ҷаҳон муаррифгар ва дар муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамгироии миллӣ нақши бориз дорад. Ҳамчунин, парчам яке аз нишонаҳои асосии давлати соҳистиқлол аст.

Агар ба таърихи пайдоиши парчам нигарем, хеле қадимӣ ва пурмазмун мебошад. Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Дар таърихӣ давлатдорӣ ва парчамдорӣ нахустин бор Коваи оҳангар ин рамзро ҳамчун нишони озодию сипари мардум ба вуҷуд овард. 

Ӯ аз зулми Заҳҳоки хунхор, ки аз дасти ӯ 17 писари Кова ба қатл расонида шуда буду нияти қатли писари 18-уми Коваро дар сар дошт, ба ҷон омад. Бар зидди Заҳҳок шӯриш эълон кард. Пеш аз оғози шӯриш Кова пешдомани худро ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва нусрат афрохт. Бо ҳамин тариқат Кова бар Заҳҳок пирӯз шуду он дирафш ҳамчун рамзи ғалабаи нур бар зулумот гашт.

Ҳар сарваре, ки ба сари ҳокимият мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳи ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Инчунин, дар “Шоҳнома” – и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фариддун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро “ Дирафши Ковиёнӣ” номид.

Мардуми тоҷик аз қадим соҳиби парчамҳои гуногуни худ (вобаста ба давра) буданд, вале баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 – уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон иборат аз се ранг: сурх, сафед ва сабз қабул гардид. Ҳамчунин, дар васати ранги сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудааст, ки аз давлати тоҷдор бурдани мардуми тоҷик дарак медиҳад. Ҳафт ситорааш бошад, аз рамзи ҳафт қабати осмон, ҳафт бародарон, ҳафт диёри таърихии Тоҷикистон – Суғду Хатлону Бадахшон, Ҳисору Рашту Зарафшон ва Вахши зарнисор мебошад. Рангҳои парчам, низ ифодагари мазмуни хос аст. Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишони сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Парчами кишвар ифтихор ва сарфарозии миллат аст. Варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳангоми ғолибият ба даст овардан, аввал парчами давлатиашон бо садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Чунки парчам ин нишон аз давлату давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии ҳар як миллат дарак медиҳад.

Соли 2009 аввалин маротиба дар Тоҷикистон 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирифта шуд. Дар арафаи 20 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, дар канори чапи Қасри Миллат парчами баландқоматарин дар ҷаҳон афрохта шуд.

Баъдан, он ба рӯйхати китоби Рекордҳои Гиннес ворид шуд. Баландии сутунпояи ин парчам 165 метрро ташкил дода, дарозии матои он 60 метр ва бараш бошад, 30 метр аст.

Имрӯз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои беандозаи мардум, дар маркази тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ парчами давлатӣ баровехта шудааст, ки нишона аз давлати амну осоишта аст.

Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам парчам аст, 
Пойдории мақоми ориёнам парчам аст.

Ҳамдамзода Тоҳир Сафар,
раиси Суди ҳарбии гарнизони Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода