Дар як сатр
» » Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

21-03-2018, 15:50

(Гузориш аз тантанаи Наврӯзи меҳру муҳаббат дар ҳалқаи бародарони тоҷику ӯзбек)

Миёни тоҷикону ӯзбекон мақоле ҳаст, ки «ҳамсояро интихоб намекунанд». Халқи мо ҳамсояи некро чун атои Худованд қабул доранд.

Рушд ва таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ дорад.

Давлатҳои мо барои бартараф намудани хатарҳои эҳтимолӣ, таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллии худ масъул мебошанд.

Аз ин рӯ, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳои мо бояд нишони эҳтиром ба хотираи аҷдодон ва замина барои ҳаёти осоишта ва хушбахтонаи насли ояндаи халқҳоямон гардад.

Шоири дӯстдоштаи мо Мирзо Турсунзода дуруст фармудааст:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯзи хуҷастапай, оламафрӯзу некпай муждаест аз анҷоми фасли дай ва эҳёи табиати афсунгар. Наврӯзи аҷдодӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ гардида, сар то сари олам тантана дорад. Бахусус Наврӯзи соли 2018 барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Наврӯзи фаромӯшнопазир аст. Зеро дар арафаи ин ҷашни байналмилалӣ муносибатҳои ду давлати бо ҳам ҳамсоя, ки беш аз 20 сол сарҳадотва рафтуомад бо сабабҳои гуногунбаста буд, аз нав барқарор гардид. Ин бори дигар аз заковату хирадиазалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳад.

Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, баимзорасии 27 санаду созишномаи ҳамкорӣ бори дигар ба оламиён нишон дод, ки мардуми тоҷику ӯзбек аз азал қаробату пайванди ногусастанӣ доранд. Робитаҳои гуногунҷабҳаи таърихӣ, умумияти анъанаҳо, расму ойинҳо, ақидаи динӣ, зиндагӣ ва услуби хоси либоси миллӣ, санъату фарҳанг асрҳо боз халқҳои моро бо ҳам наздик намудаанд.

Муҳим аз ҳама, ин баҳамоиҳо дар фасли Наврӯзи хуҷастапай айёми бахшишу пӯзиши якдигар, вақти амалҳои хайру даст гирифтани дармондагон буд. Қалбҳо пур аз меҳру сафо буду вақт имкон намедод, ки ин ду халқ ба дидори ҳам бирасанд. Фарзанд як ҷониби сарҳад ашкрезон роҳи волидайн мепоиду модар ҷониби дигар бо қалбҳои пурҳасрат наметавонист, ки фарзанд ва набераву абераашро ба оғӯш гирад. Хушбахтона, рӯзҳои сангину ғамгин пушти сар шуданд. Роҳҳо- ифшогари қалбҳои пурмеҳр кушода гардид. Шабонарӯз мавзеъҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ кушода шуда, равуои шаҳрвандони ду давлат бемамониат сурат гирифта истодааст.

Субҳи 15 марти соли равон ҳангоми сафари ҳайати намояндагони вилоят таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои наврӯзӣ бори дигар эҳсос намудем, ки дар ҳақиқат, мардуми ин ду кишвар бо ҳам қаринанд ва имрӯз ягон садде барои равуо вуҷуд надорад. Ҳанӯз субҳи бармаҳал сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба гузаргоҳи сарҳадии Хушодӣ омада, бемушкилӣ баъди расмикунонии ҳуҷҷатҳо рӯ ҷониби Ӯзбекистон оварданд.

Бо чанде аз онҳо Ойиша Хуррамова, Хайриннисо Сариева, Ҷумъагул Эсанқулова ва Раҷабмоҳ Чориева ҳамсуҳбат шудем. Ин модарони меҳрубон, сокинони Ҷамоати деҳоти "Тахти сангин”-и ноҳияи Қубодиён, бо хушнудӣ баён доштанд, ки ба дидорбинии волидайн, бародарону пайвандон мераванд.

Ойиша Хуррамова иброз дошт, ки соли 2007 охирин маротиба бародарашро дида буд. Инак, аз иқдоми неку шоистаи сарварони ду давлат хушнуд гашта, арзи сипоси хешро расонид, ки Наврӯзи соли 2018 барояш Наврӯзи меҳру муҳаббат, шодию сурур гашт. Тавре ки дар боло таъкид доштем, ҳайати меҳмонон аз вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар доштанд, то дар тантанаҳои наврӯзии сокинони вилояти ба мо дӯсту ҳамсоя ширкат варзанд.

Ҳайати меҳмонони вилояти Хатлонро аз гузаргоҳи сарҳадии Айвоҷ раиси ноҳияи Термиз Ӯринов Шуҳрат Бекмаҳмадович то маркази вилояти Сурхондарё роҳбаладӣ намуд. Сокинони вилояти Сурхондарё аз кушодашавии гузаргоҳҳои сарҳадӣ шоду мамнун гашта, меҳмонони олиқадрро аз вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Афғонистон, шаҳрҳои Турсунзодаву Ҳисор ва дигар вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо чеҳраҳои хандону қалбҳои пурфараҳ шодбошӣ менамуданд. Сараввал, раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва ҳамроҳонаш аз оромгоҳи мутафаккири барҷастаи илму адаб Муҳаммад Ҳаким Тирмизӣ (асри X-XV) ташриф оварданд. Сипас, аз осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии Термиз дидан намуда, бо нигораҳои таърихии он ошно гардиданд.

Раиси вилояти Сурхондарё Эркинҷон Турдимов раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро бо самимияти беандоза пазироӣ намуда, рӯ ҷониби Наврӯзгоҳ ниҳоданд. Воқеан, аз чеҳраҳои хандону нигоҳҳои пурмеҳри пиру барно хушҳолии беандозаро дарк намудем,аз сиёсати оқилонаи роҳбарони ду давлати бо ҳам ҳамсоя ва дӯст. Тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарё, донишгоҳу муассисаҳо маҳсули дастранҷу ҳунари хешро бо як муҳаббати беандоза пешкаши меҳмонон намуда буданд.

Ҳунарҳои мардумӣ, хӯроку хӯришҳои бо маҳорат омоданамудаи бонувони Сурхон-дарё аз он шаҳодат медод, ки мардуми тоҷику ӯзбек як ҳамбастагию умумияти фарҳангии ба худ хос доранд. Сумалакҳои ширин, далдаву хӯришҳо, қаламаву фатир, самбӯсаву ҳалвоҳои гуногун далели ин гуфтаҳост. Хаймаҳои орододашуда, гулдӯзиҳою қуроқ, намаду гилемҳои дастбоф диққати ҳамагонро ҷалб намуд. Наврӯзгоҳ дар Ипподром ҷой гирифта, дар масофаи беш аз 80 га замин доман густурда буд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва дигар меҳмонон аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳур ва вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таърихии сокинони вилояти Сурхондарё дидан намуданд.

Сипас, дар қисмати чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ низ ширкат варзиданд. Ҳунармандони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Сайёра Тоҷиева, Маҳмуд Намозов, Дилафрӯз Ҳайитбекова ва Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддини Кабир бо шеъру сурудҳои дилангез васфи Наврӯзи хуҷастапай, дӯстию бародарӣ хотири иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.

Дар гӯшаи дигари Наврӯзгоҳ ҳаводорони варзиши намуди гӯштӣ бо кафкӯбиҳо қувваозмоиши паҳлавонони номии тоҷику ӯзбек Набимуҳаммад Хоркашев, Шералӣ Ҷӯраев, Бегмурод Олтибоев, Муҳсинпаҳлавон ва дигаронро истиқбол менамуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чун рамзи эҳтиром ба паҳлавонони вилояти Сурхондарё туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Сипас, бо ширкати меҳмонони ҷашни наврӯзӣ як нишасти фараҳбахш доир гашт. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода чун дастовези заҳматкашони вилояти Хатлон маҳсули дастранҷи барзгарону боғдорон, лимупарварону нону чапотӣ, суманак ва кулчаҳои бо меҳри беандозаю ҳунари хоса омоданамудаи модарони ҳунарманди Хатлонзаминро пешкаши роҳбарияту сокинони Сурхондарё намуд. Аз ҳар ду ҷониби роҳбариятивилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё чун рамзи дӯстии гусастанашаванда ва меҳру муҳаббати бародарона туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, имрӯз мо, мардумони ду вилояти бо ҳам дӯст ва ҳамсояро сарҷамъ намуд. «Натиҷаи ҳамин баҳамоӣ аст, ки ҳоло ҷашни Наврӯзро дар вилояти Сурхондарё таҷлил намуда истодаем. Маҳз бо ҳамкориҳои дуҷониба дӯстии гусастанашавандаи халқҳо метавонем ба дастовардҳои беҳтару хубтар ноил гардем. Зеро бузургон фармуданд:

Зиндагӣ бо дӯстон айш асту танҳо

оташ аст,

Шохи аз гулбун ҷудо масруфи гулхан

мешавад.

Дар ин рӯзҳои наврӯзӣ ба мардуми вилояти Сурхондарё тансиҳатӣ, хонаободӣ таманно дорам ва бигзор ҳама рӯзу лаҳзаи умрашон амсоли Наврӯз бошад», - зикр кард Д. Гулмаҳмадзода.

Мо бо чанд тан шаҳр-вандони вилояти Сурхон-дарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсуҳбат шуда, таманнои наврӯзиашонро пурсон гаштем.

Шералӣ Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон: "Сафари Ҷумҳурии Тоҷикистон бароям фаромӯшнопазир буд. Ободкорию бунёдкориҳоро зери сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида хушҳол гардидам. Аз баимзорасии созишномаҳои байнидавлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон илҳоми тоза гирифтам. Наврӯзи Аҷамро ба мардуми шарифи вилояти Хатлон табрик мегӯям. Бигузор, ҳамеша садои савту сурур дар хонадони мардуми тоҷик танинандоз бошад”.

Мавлуда Набиева, муовини раиси вилояти Сурхондарё: "Мо сокинони вилояти Сурхондарё аз он хушҳолем, ки робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон барқарор гаштааст. Сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қалби ҳамагон суруру шодмонӣ бахшид. Бахусус дар ҳамсоягӣ бо яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон-Хатлон қарор дорем.

Аз ин ҳамкорию дӯстиҳо хело мамнунем. Охир нохунро аз гӯшт ҷудо кардан номумкин аст ва халқҳои тоҷику ӯзбек низ амсоли гӯшту нохунанд бо ҳам.

Абдукарим Ахмедов, раиси иттиҳоди касабаи ташкилоти якҷояи вилояти Сурхондарё: «Наврӯзи хуҷастапайро ба мардуми вилояти Хатлон табрик гуфта, орзуи онро дорам, ки ин риштаҳои дӯстию рафоқат ва садоқат, ки аз қаъри асрҳо реша гирифтаву бо мурури замон бо сиёсати оқилонаи сарони ду давлат боз ҳам қавитару мустаҳкамтар гардидааст, газанде нарасад ва муҳофизи ин дарахти саодату дӯстӣ ва баракат худи мо заҳматкашони ин ду давлат бояд бошем».

Тошқулов Абдулқодир Ҳамидович, ректори Донишгоҳи давлатии Термиз: «Аз он хушҳолам, ки минбаъд ҷавонон метавонанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили илм намоянд. Омӯзгорон ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон сафар намоянд. Тавре ки дӯстӣ марз надорад, донишро низ сарҳаде набояд бошад. Аз дастовардҳои солҳои охир дар риштаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон хело хушҳолам. Зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатдории хеш маорифро низ дар мартабаи аввалинҳо гузоштааст. Аз ин фурсати дастдода истифода бурда, тамоми маорифчиён, дар симои онҳо ҳамаи сокинони вилояти Хатлонро бо Наврӯзи оламафрӯз табрик мегӯям».

P.S. Воқеан, сафар ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шодию нишоти ҳамагон, омодагию таҷлили ҷашни наврӯзӣ бори дигар собит намуд, ки мардуми тоҷику ӯзбек бо ҳам қаринанд ва монандиҳои зиёде дар зиндагӣ, урфу одат, ҳунар, пазироии меҳмонон доранд. Ин қаробатро дар ягон аср садде шудан нашояд. Бори дигар мегӯем: «Ҷовидон бод Наврӯзи байналмилал ва сиёсати оқилона, хирадмандона ва башардӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!»

ВАХШОНА,

Хатлон-Сурхондарё-Хатлон

Шарҳи хонандагон +
levitra wikipedia francais canadien
cheap levitra 10 mg
mixing cialis and levitra
buy levitra online
miconazole nitrate 20mg generic levitra
6 апрел 2018 22:41
levitra 20 mg fiyat ikinci
buy generic vardenafil
citrulline e disfunzione erettile levitra
coupon levitra
levitra .com
7 апрел 2018 15:03
marie silvia and levitra
buy levitra 10 mg
levitra free
coupon levitra
levitra muthead simulator
7 апрел 2018 18:14
levitra dosage sizes of oxycontin
levitra generic
levitra active ingredient
buy 20mg levitra
levitra schering plough
7 апрел 2018 20:51
levitra 10 mg tablet picture
buy 10 mg levitra
levitra flavio letras cursivas
buy levitra
levitra increase effect stronger harder
7 апрел 2018 23:32
wirkungsdauer viagra cialis levitra
buy levitra
levitra flavio novo cd de tony
levitra 10 mg
lola levitra vs viagra
8 апрел 2018 02:23
levitra 20mg filmtabletten bestellen
levitra 20 mg bayer prezzo
doctor.com levitra.order link
cheap levitra 20 mg
levitra orodispersible kaufen
8 апрел 2018 05:07
nexus 7 user comments on levitra
cheap levitra 10 mg
levitra beeld babyfoon aanbieding
buy levitra online
hostia que levitra durante la consagracion a maria
8 апрел 2018 07:44

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Падидаи таърихӣ: тоҷику ӯзбек боз ба ҳам омаданд

Падидаи таърихӣ: тоҷику ӯзбек боз ба ҳам омаданд

Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ