Дар як сатр
» » Наврӯз рамзи ҳувияти миллист

Наврӯз рамзи ҳувияти миллист

21-03-2018, 15:32

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

 

Ҳамдиёрони азиз!

Наврӯз дар фарҳанги мо - тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд.

Наврӯз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад. Дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, некуиро пеш бигиранд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизамон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо карда, боиси ифтихори мо - миллати тоҷик аст, ки бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузург байналмилалӣ гашт.

Мо-тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ ва баҳору эҳё бисту ҳафт сол аст, ки дар марҳилаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамоем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Исмоили Сомонию Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид. Халқҳо ва мамлакатҳои ҷаҳон дар заминаи расму ойинҳои наврӯзӣ роҳи сулҳу ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоиштаро пеш гирифта, муносибатҳои дӯстонаву мусолиматомезро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшанд.

Чунонки ҳамагон медонем, доираи ҷуғрофиёии ҷашни Наврӯз дар ҷаҳони имрӯз хеле васеъ арзёбӣ мешавад ва кишварҳоеро дар бар мегирад, ки аз ғарби сарзамини Чин шурӯъ шуда, то Осиёи Марказӣ, нимкураи Ҳинд, Қафқозу Русия, сарҳадоти Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои арабӣ ва Африқои Шимолӣ ҷойгир мебошанд.

Ҳар як ҷашни миллӣ вобаста ба хусусиятҳои худ дорои рамзҳоест, ки орзую ниятҳои мардум тавассути он ифода меёбад. Наврӯз бо эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, эҳёи табиати хуфта ва оғози мавсими киштукор рост меояд ва дар ин миён аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст.

Чи хеле ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст».  Аз ин ҷост, ки дар ягон давру замон ҳеҷ як идеология, ҷаҳонбинӣ, дину мазҳаб, сиёсат ва неруи ҳукмрон натавонист монеае дар баргузории ҷашни Наврӯз эҷод карда, мардумро аз ҷашнгирии он манъ намояд.

Мардум дар даврони мухталифи таърихӣ гоҳ ошкоро, гоҳе пинҳон ва ҳатто баъзан бар зидди неруҳое, ки мухолифи Наврӯз буданд, ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд. Ин ҷашн минбаъд дар миёни қавмҳои дигари ғайриэронӣ, аз ҷумла ӯзбекҳо, қазоқҳо, озариҳо, туркҳо, мардумони Қафқоз интишор гардида, маҳбубият пайдо намуд ва ҷузъи тамаддуни ононро ташкил дод. Яъне, Наврӯз дар вуҷуди худ муҳимтарин арзишҳои башариро ҷой дода, дар дилу дидаи мардум нақши бориз гузоштааст. Он аз ҳудуди миллӣ берун рафта, дар фарҳанги миллии халқҳои дигар ба хушӣ пазируфта шудааст.  

Ҳамватанони гиромӣ!

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сарулибоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Бузургони илму адаби мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд.

Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзро таҷлил менамоем.

Ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз тамоми мардуми шарифи вилоят ва Тоҷикистони азизро табрик гуфта, бахту саодат ва хайру баракатро дар ҳар хонадони тоҷик, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таманно менамоям.

 

Сарбаланду хонаобод бошед!




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ  ...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ ...

Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст

Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Сиёсат