Дар як сатр
» » ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ АЗАЛӢ ДОРАД»

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ АЗАЛӢ ДОРАД»

21-03-2018, 15:27

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: «НАВРӮЗ БО ОБУ ХОК ВА РӮҲИ ТАМАДДУНСОЗИ НИЁГОНИ МО ПАЙВАНДИ АЗАЛӢ ДОРАД»

Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини  воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.

Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.

Наврӯз  бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.

Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона - дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад. Яъне Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи Хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони Одам  аст.

Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.

Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад. Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.

Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамояд, ки дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.

Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст. Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.

Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст. Бузургдошти Наврӯз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда натанҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худ-ро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд.

Мо дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва умуман иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.

Шарҳи хонандагон +
levitra cijena ljekarna salus
vardenafil 20 mg
levitra 10 mg orodispersible tablets for toddlers
prezzo levitra 10 mg
levitra loatra rebika rai
6 апрел 2018 21:37
will levitra work full stomach tattoos
vardenafil coupon
cialis viagra levitra e vivanza qual o melhor smartphone
cheap levitra generic
potenzmittel levitra 5mg
7 апрел 2018 14:15
fibrosi peniena e levitra coupon
cheap vardenafil generic
packungen cialis vs levitra
levitra 20 mg
sacerdote levitra y samaritano hospital sao
7 апрел 2018 17:31
levitra frequency
20mg levitra
levitra preis deutschland
buy generic levitra
levitra 10 mg prezzo kenya
7 апрел 2018 22:48
bayer levitra
buy generic levitra
levitra vs viagra diabetes type
buy levitra 10mg
robin de levitra imagination playground
8 апрел 2018 01:35
recomended levitra doses
levitra 10mg prezzo
levitra antiguo testamento interlineal hebreo
coupon vardenafil
bayer brand levitra
8 апрел 2018 07:00

Матолиби дигар:

Наврӯз рамзи ҳувияти миллист

Наврӯз рамзи ҳувияти миллист

Ҳокимияти давлатӣ
Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст

Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт
Наврӯз- оғози баракати сол

Наврӯз- оғози баракати сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Ангораи Наврӯз-2016 тасдиқ шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Ҷаҳон ба арзишҳои наврӯзӣ ниёз дорад

Сиёсат