Дар як сатр
» » Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

11-03-2018, 15:56

"Вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад...”

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар ҳар як давру замон шахсиятҳое ба дунё меоянд, ки бо сифату хислат, омолу ҳиссиёт ва одамгариву одамдӯстии худ аз якдигарон тафовут доранд. Шояд ин гуна шахсият дар ботини марҳум Арслон Сафаров аллакай барвақт маъво дошт, ки имрӯзҳо на танҳо наздикону пайвандонаш ӯро бо некӣ ёд мекунанд, балки ҳамкорону ҳамдиёрон аз рӯзгори ӯ гирди худ суҳбатҳои хотиравӣ ороста, дар анҷоми ёдбуд аз набудаш афсӯсу надомат мехӯранд. Мо низ ин лаҳза дар суҳбати дӯстони ин марди мардон ҳамроҳ шуда, азм гузоштем, ки оид ба фаъолият ва халқияти шафоати наҷиби ин родмарди давр ба қадри имкон дигаронро низ ошно бисозем.

Арслон Сафаров то омадан ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ ба аксари мардуми ин минтақа аллакай шинос буд. Зеро ӯ дар вазифаи котиби Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳия зиёда аз 17 сол фаъолияти пурсамар дошт. Ин вазифа масъулияти баланди ҳуқуқӣ ва ҳукуматиро доро буда, тамоми аҳолии қобили корӣ, барои ба расмият овардани ҳуҷҷатҳои муқаррароти шаҳрвандӣ ба имдоди ӯ ниёзманд гардида, наздаш ташриф меоварданд. Хулқи накуи инсонӣ, хислатҳои наҷиби одамгарӣ, аз қабили муомилоти хуш, таҳаммулпазирӣ, риояи одоби муошират, ҳусни баёни сухан, хатти зебо ва ниҳоят, муросилоти волои номанигорӣ яке аз хислатҳои фардӣ ва хоси Арслон Рӯзиевич буд. Даҳҳо нафар эҳтиёҷмандоне, ки барои зарурат наздаш ҳозир мешуданд, имрӯз ҳам аз муомилаю рафтори наҷиби инсонии ӯ бо муҳаббат ва эҳтироми хоса ёд карда, раҳмату махфираташ мехонанд.

Воқеан, хислатҳои наҷибо-наи устод Арслон Сафаров солҳои дар шуъбаи маорифи ноҳия буданаш (солҳои 1985-2002), баръало зоҳир гардида, барои ҷумлаи роҳбарони дигар муассисаҳои гирду атроф намунаи ибрат буданд. Ӯро хуш намеомад, агар касе ба мақсади ғайбат наздаш даҳон кушояд, ё касеро аз кадом маҳал будану набуданаш шинос намояд. Аз қавмгароӣ ва маҳалбозӣ тамоман дур буд ва тоқати шунидани суханеро оид ба ин мавзӯъ надошт. Сиёсатбозиҳои замони низоъҳои шаҳрвандиро мудом маҳкум менамуд ва аз пешомади номатлуби дасисабозиҳои он вақту замон мардумро ҳушдор менамуд. Дар даврони ба миён омадани файзи сулҳу ваҳдати миллӣ яке аз аввалинҳо буд, ки ин пайки хушро ба ҳар як  омӯзгор самимона ва шодиёна табрик мегуфт.

Асолати хонаводагии ӯ, ки аз падар мерос монда буд, ба фарзандон бетаъсир намонд. Падари бобои Рӯзибой Сафаров аз барқарорсозони ҳокимияти шӯравӣ дар Саройкамар буда, солиёни зиёд дар корҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ фаъолият дошт.

Дар оила онҳо панҷ бародар буданд: Аслам, Арслон, Акрам, Исроил ва Иброҳим. Ҳама соҳиби маърифат ва одамони номдору меҳнатварзидаи соҳаҳои гуногунанд. Бародари калонӣ Арслон Сафаров чун роҳбари маълуму машҳур ва таъсисдиҳандаи совхози ба номи Мирзоянс, Акрам омӯзгори орифу отиф, Исроил муҳандиси ботаҷрибаи соҳаи техника, Иброҳим корманди фарҳангу маданият. Аммо дар байни онҳо Арслон бештар ба илму дониш талоши зиёд дошт, хусусан доир ба соҳаи математика майлу рағбаташ афзуда буд. Ин буд, ки баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Пушкин соли 1954 бо ҳидояти мудири маорифи давр М. Ёров ӯ ба сифати омӯзгори математика нахустин фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби 8-солаи ба номи Калинин оғоз намуд. Баъди ду сол ӯро зина ба зина чун омӯзгори беҳтарин ба мактабҳои 8-солаи ба номи Ворошилов, Ибни Сино ва Маяковский бо кор таъйин гашт. Баъд аз фароҳами имкониятҳо ӯ таҳсилро тариқи ғоибона дар Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ), солҳои 1962-1967 идома дода, соҳиби маълумоти олӣ гардид.

Соли 1964 Арслон Сафаровро ҳамчун мутахассиси варзида ва соҳибистеъдод ба кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия ҷалб намуда, сипас, масъулияту ҳалолкориашро ба инобат гирифта, чанде пас вазифаи нозири шуъбаи маорифро ба ӯ муносиб мебинанд.

Баъд аз муддате ӯро ба кумитаи иҷроияи ноҳия ба кор даъват намуда, вазифаи котибиро ба уҳдааш вогузоштанд. Ӯ дар ин вазифа 21 сол кору фаъолият намуд. Моҳи ноябри соли 1985 Арслон Рӯзиевич Сафаровро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ таъйин карданд. Мутаассифона, ин давра ба солҳои бозсозии Шӯравӣ ва ба ҷунбишу нобасомониҳои шаҳрвандӣ рост омада, ба низоми ҳаёти маданиву маънавии мардум бетаъсир намонад. Хизмати Арслон Сафаров дар ин давра баҳри дар ҳолати эътидол нигоҳ доштани кори таълиму тарбияи хонандагон, бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин кардани мактабҳо ва нигоҳ доштани пойгоҳи моддии таълимгоҳҳо назаррас буд. Ӯ дар ин вазифаи масъул то соли 2002 фаъолият дошт. Ташвишҳои солҳои нангин (солҳои 90-ум), меҳнату заҳмати доимӣ баҳри пойдорӣ ва беҳдошти маърифат, талошҳову бедорхобиҳо оҳиста-оҳиста ҷисми боғайрату солими ӯро хаставу лоғар менамуд. Бо ин сабаб соли 2002 ӯ бо хоҳиши худ аз вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ озод мегардад. Аммо ӯ аз вазифа дур буду аз ҷамъият не. Ҳувияти миллӣ ва ғурури омӯзгорӣ ӯро намегузошт, ки орому осуда бошад. Устод баъд аз истеъфо додан ҳам, орому осуда набуд. Ба ранҷу оризии худ нигоҳ накарда, дар ҳама гуна чорабиниҳои маданиву маърифатӣ ва ҷамъиятии ноҳия иштирок дошт, ба тарбияву камолоти ҷавонон ғамхорӣ менамуд ва то охири умр ҳамин гуна буд.

Бинобар меҳнати содиқона ва хизматҳои арзандаи ҷамоавӣ ба устод Арслон Сафаров унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони Аълочии маорифи халқ, ордену медалҳои зиёд қадр карда шудаанд.

Ӯ соли 2008 дар 80-солагӣ аз олам даргузашт

Зикри хайр ёдаш бод!

Асомиддин Асоев,

Саъдулло Шарифӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Рисолати омӯзгор

Рисолати омӯзгор

Маориф ва илм
Баҳодурзода Абдуҷаббор раиси нави ноҳияи А. Ҷомӣ

Баҳодурзода Абдуҷаббор раиси нави ноҳияи А. Ҷомӣ

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Ғамхори аҳли заҳмат

Ғамхори аҳли заҳмат

Маориф ва илм, НАҶОТ САФАРЗОДА
Омӯзгори соҳибиззат

Омӯзгори соҳибиззат

Маориф ва илм