Дар як сатр
» » Фурӯзон чун чароғи тобон буд

Фурӯзон чун чароғи тобон буд

11-03-2018, 15:51

- Бори  гаронеро бар дӯшам гузоштӣ,- арзи  муддао намудам ба сармуҳаррири рӯзномаамон Асалмо Сафарова вақте фармуд, ки дар бораи шодравон Тӯра Қобилов чизе бинависам. - Охир, дар бораи  ин шахсияти  бузургу нотакрор, ки ҳар қадами зиндагиаш барои  имрӯзу ояндагон панд асту зиндагӣ, чӣ гуфтан ҳам метавон?

- Метавонӣ, - тасаллоам дод ӯ, - агар  ту натавонӣ, пас кӣ метавонад? Охир, то ҷое медонаму воқифам, яке аз шогирдону дӯстони наздики ӯ ту будӣ!

Тӯра Қобиловро ман кай ва чӣ тавр шинохтам? Ҳамон вақте шинохтамаш, ки  пас аз шинохти ӯ зиндагии пасоянди худро шинохтам. Шукри Худованди муттаол, ки дар радифи Тӯра Қобилов боз касони дигар пайдо шуда, дар роҳи басе мураккаб ва пурпечутоби рӯзноманигорӣ дастамро гирифтанду ба роҳам дароварданд. Вагарна, ман дар пешбурди  ин пешаи барҳақ душвор дар нимароҳ мемондам.

Воқеан, ман бо Тӯра Қобилов чӣ тавр шинос шудам? Баъди хатми мактаби  олӣ дар яке аз  мактабҳои ноҳияи  Вахш муаллим шудам. Дар ин муддат  бо рӯзномаи  ноҳиявии «Вахш» ҳамкорӣ доштам. Пас аз як соли кориам дар конфронси  августии муаллимони ноҳия ширкат варзидам. Чӣ шуд, ки номамро гирифтанду Ифтихорнома ҳам доданд. Тӯра  Қобилов ба ҳайси  мудири шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи ҳизби коммунисти ноҳия дар конфронс иштирок дошт.

-Ҳамоне, ки дар рӯзномаи «Вахш» хабару  мақолаҳо менависад, туӣ?- пурсид пас аз конфронс.

- Ҳа,- тасдиқ кардам ман.

- Аз ҳамин рӯз эътиборан ту дар рӯзнома кор мекунӣ. Аз мактаб дида, дар он ҷо заруртарӣ. Ман дар ин хусус ҳозир  бо мудири маориф, баъд бо муҳаррири рӯзномаи «Вахш» гуфтугӯ мекунам. Ба кори рӯзнома гузар.

Ҳамин боис  шуду ман ба рӯзномаи ноҳиявии «Вахш»  ба кор даромадам. Ҳар рӯз ҳатман  ду-се маротиба ба идораи рӯзнома меомад. Ҳол он ки идораи рӯзнома дар шаҳраки Октябр (ҳоло шаҳраки  Исмоили Сомонии  ноҳияи Кӯшониён) ҷой дошту аз маркази ноҳия дур  воқеъ буд. Хабарамон мегирифт, ҳолпурсиамон мекард, навиштаҳоямонро аз назар  мегузаронд, маслиҳатамон медод, худаш дар назди котиба нишаста,  мақолаҳояшро чоп  мекунонд. Лекин  аз рӯзноманигорон ёриашро ҳеҷ гоҳ дареғ намедошт. Рӯзнома  ва рӯзноманигоронро таҳти назорати  қатъӣ  ва доимӣ гирифта буд. Касе бе иҷозату ризомандии  ӯ ба идораи  рӯзнома шомил гаштаву аз кор рафта наметавонист.

Ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» гузаштанам ҳам як таърихи ба худ аҷибе дорад. Он вақт муҳаррири рӯзномаамон Толиб  Неъматов бемори бистарӣ буд. Кори рӯзномаро муовинаш Шукрулло Маҳмадалиев пеш мебурд.

- Ака, ба рӯзномаи вилоятӣ гузаштаниам,- боре арзи матлаб намудам ба Ш. Маҳмадалиев.

- Бе иҷозати Тӯра Қобилов?- пурсид ӯ. Бирав бипурс, агар  розӣ шавад, майлаш.

-Ӯ ҳеҷ гоҳ розӣ  намешавад,- гуфтам ман,- охир худаш маро ба кори рӯзнома тавсия дода буд-ку! «Таваккал нар бувад, андеша мода»- гуфтаанд. Таваккал  кунеду ҷавобам диҳед – ака.

-Ҳарчи бодо бод, - гуфту розӣ шуд.

Ҳамин тариқ, ба кори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» гузаштам. Пас аз се рӯз ба шаҳраки «Октябр», ки рӯзномаи «Вахш» дар ҳамон ҷо воқеъ буд, барои хабаргирии ҳамкорони собиқам рафтам. Дари котиби масъулро кушода, дар он ҷо Тӯра Қобиловро дидам, ки нишаста ҳамроҳи мухбирон суҳбат дошт. Дигар на пас гашта тавонистаму на даромада. Дар ҷоям шах шуда мондам.

- Ку даро! – гуфт Тӯра Қобилов.- Се рӯз боз даракат нест, ягон ҷо сафар доштӣ магар?

- Не, -гуфтам бо нимовоз. Ба рӯзномаи вилоятӣ гузаштам.

- Э ҳа, муборак бошад! Бе ягон даҳан гапи мо? Майлаш, хуб кардӣ гузаштӣ. Вилоят вилоят аст. Пас аз чанд моҳ Тӯра Қобилов худ ба ҳайси муовини муҳаррири рӯзномаи вилоятии  «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа»  ба кор омад.

- Муаллим, - гуфтамаш ман. Маро дар вақташ ҷанг карда будед, ба омаданам монеъ шуда будед, охир худатон ҳам омадед-ку!

- Аз пушти ту омадам, туро одам кунам гуфта омадам, ношуд. Ана дар ин ҷо якҷоя кор мекунем. Ва якҷоя кор ҳам кардем. Мисли пешина бомасъулияту сахтгир буданд Тӯра Қобилов.

Дар масъалаи кори рӯзнома аз худ мегузашт. Суханони пасту баланд мегуфт, вале зуд пушаймон мешуд.

- Додар, ҷангу сарзанишҳоямро ба дил нагир, кор аст. Дар кор  баъзан ҷангу маломатҳо мешавад. Бо ҳамин суханон дилбардорӣ мекард. Баъд аз ин аз утоқи кориаш мамнуну хурсанд мебаромадем.

Боре, як рӯзи зимистон бо ҳамкорон маҷлиси навбатиашро мегузаронд. Ману  ҳамкорам Сафармад Аюбзода дар шуъбаи маданият кор мекардем. Соҳаҳоро байни худ тақсим карда будем. Маориф аз ман буду маданият аз Сафармад Аюбзода. Лекин аз ин корамон Тӯра Қобилов воқиф набуд. Дар ҷаласа маро хуб сарзаниш карду навбат ба Сафармуҳаммад Аюбзода расид.  Аз маориф безор шудем. Канӣ китобхона? Канӣ маданият? Рости гап, Сафармад Аюбзода қалами пурқувват дошт. Вале гоҳ-гоҳ менавишт.

Вақте ки Тӯра Қобилов Сафармад Аюбзодаро сарзаниш мекард, ӯ сабаб овард, ки хонаам сард аст.

- О кадом рӯз ронандаамон Зуҳуриддин се-чор халта ангишт ба хонаат бурда партофта буд-ку?

- Ҳамин тавр аст, муаллим, - ҷавоб дод Аюбзода. - Вале дар намегирад.

Тӯра Қобилов дигарбора аз нармгуфторӣ ба ҷаҳлу ғазаб гузашт.

- Ангишт додем, аловмон ҳам диҳем-мӣ? - ба сари Аюбзода дод зад Т. Қобилов.

Аз ин ҷавоби содалавҳонаи Аюбзода ҳама хандиданд. Вале Тӯра Қобилов аз ҷаҳлу ғазаб намефаромад.

Дар кор басе сахтгиру пурмасъулият буд. Ончунон сарзаниш мекард, ки  худаш гапи гуфтаашро намедонист. Вале басе  ғамхору нармдил буд. Аз сарзанишҳояш, пеш аз ҳама, худ ғам мехӯрд. Пас аз як-ду дақиқа зуд ба ҳамон одам занг мезад ва ба утоқи кориаш даъват мекард.

- Додарам,- мегуфт ӯ. - Хайр акнун кор кор аст. Бе ҷангу ҷанҷол намешавад. Чой кашида медод. Лаълии қанду кон-фетро пешат дароз мекард. Хуллас, ки ранҷиши касро аз дилаш мебаровард.

Чандин сол дар вазифаи муовини аввали муҳаррири рӯзномаи вилоятӣ фаъолият намуд. Дар кор бисёриҳоро тарбия кард. Дасташонро рост намуд. Имрӯз  журналистони ботаҷрибаи амсоли  Сайдалӣ Бобохонов, Саидҷаъфар Баёзӣ, Мирзо Гадо, Саттор Қарахонов, Абдувалӣ Абдулвоҳидов ва бисёр дигарон, ки худ ба  устодӣ расидаанд, аз Тӯра Қобилов миннатпазиранд. Ифтихор аз он мекунанд, ки ҳамроҳи чунин инсон кор кардаанд ва аз таҷрибааш баҳра бурдаанд. Чунин инсонҳо омадан доранду рафтан не.

Дар Рӯзи матбуот ҳамеша хандонрӯ буд. Ҳамаро якояк табрик мекард. Гӯё дар ин рӯз ӯ рақибе надошт. Аммо мисли ҳама инсонҳо аз ғаму ғусса орӣ набуд. Лекин ғами дигаронро мехӯрд. Мисле ки Худованд ба ҳамин кор офарида бошадаш.

Дар вазнинтарин рӯзҳои солҳои ҷанги бародаркушӣ муҳарририи рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи дӯстӣ»-и ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар)-ро ба уҳда дошт. Дар он ҷо низ шогирдони зиёдеро ба воя расонд. Лекин, мутаассифона, чунин инсони бузург аз дасти наҳзатиён ки ҳамчун хоинони ватан ном бароварда буданду бебаҳона ҷиноят содир мекарданд, ба ҳалокат расид. Имрӯз ҳам кори неки ӯ, номи некаш дар  дилу дидаҳо боқист. Доиман ғами ҳамкорону тобеонашро мехӯрд. Дар ҳамон рӯзҳои вазнин маоши коргаронро диҳам гуфта, ба ноҳияи Кӯшониён рафт. Аз ин мебарояд, ки ӯ то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар ғами инсонҳо буд. Бо ҳамин ном дар дили мо ҷовидона хоҳад монд.

Ҳ. МАЛИКОВ,

«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +
levitra 100 milligrams
vardenafil cost
walgreens generic levitra for sale
generic levitra
levitra vardenafil prezzi pazzi
6 апрел 2018 21:33
levitra generico prezzo in farmacia
buy levitra 10mg
aty an tany levitra ahola
buy 10 mg levitra
levitra flip penny
7 апрел 2018 14:12
levitra traje de novio con
10 mg levitra
comparison viagra levitra
vardenafil buy
levitra assistance program
7 апрел 2018 17:28
estimulante masculino levitra coupon
levitra 20mg
comprar levitra professional information
vardenafil rezeptfrei deutschland
levitra 10mg para que serve a creatina
7 апрел 2018 20:03
levitra commercial football drama
coupon vardenafil
comparison levitra viagra cialis
levitra buy
laura levitra
8 апрел 2018 01:32
aty an-tany levitra aho no mihira news
buy 20 mg levitra
cheap eteamz.active.com levitra link o order phentermine
cheap levitra 20 mg
tononkira aty an tany levitra vs cialis
8 апрел 2018 04:20
levitra bloeddrukmeter
coupon vardenafil
levitra 10 mg viagra
cheap levitra 20mg
ortho tri-cyclen levitra retin-a acid reflux
8 апрел 2018 06:57

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ