Дар як сатр
» » А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

11-03-2018, 11:33

Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон барои кормандони шуъба  оид  ба  корҳои  дин,  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими миллӣ  семинари  омӯзишӣ  оид  ба фаҳмонидани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва омӯзиши  Низомномаи  намунавии комиссияҳои  доимӣ  ва  ҷамъиятӣ, тартиби   гузаронидани   маросими дафну азодорӣ, хатнасури хайриявӣ ва тӯйи домодию арӯсии хайриявӣ баргузор гардид. Дар семинар Абдурраҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирбек Бекназаров, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Сафар  Шарифзода,  мудири  шуъба  оид  ба  корҳои  дин,  танзими анъана  ва  ҷашну  маросими  миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   вилояти   Хатлон,   муовинони  раисони  шаҳру  ноҳияҳо, намояндагони   шуъбаю   бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана  ва  ҷашну  маросимҳои  миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят, сархатибони масҷидҳои ҷомеи минтақаи  Бохтар ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

- Сарвари давлат бо қабул намудани қонунҳои миллӣ дар кишвар ба нуқтаҳои   муҳими шакл гирифтани миллати муосир, тарбия намудани насли солиму солеҳ ва омода кардани  кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳ намудааст. Тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар   бораи   танзими  анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бемориҳои иҷтимоии  таърихиро,  ки дар  миёни  мардуми миллати  мо  буд, табобат кард, - гуфт зимни баромад. Абдурраҳим Холиқзода,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки мақсади  ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, аз як ҷиҳат, сабук кардани зиндагии мардум  бошад, аз тарафи  дигар, ба роҳи дуруст ҳидоят намудани мафкураи динии мардум мебошад. Аз ҳамин хотир, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва кормандони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бояд кӯшиш намоянд, ки ҳангоми назорат намудани иҷрои қонунҳо ҳаматарафа   ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон моҳияти қонунро фаҳмонанд.

Ф. ДАВЛАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Раҳгумзадагон ҳеҷ ба мақсад нарасанд

Номаҳои Шумо
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ