Дар як сатр
» » Журналистон бояд барои пешгирӣ аз халалдоршавии фазои иттилоотӣ иттиҳоди неру нишон диҳанд

Журналистон бояд барои пешгирӣ аз халалдоршавии фазои иттилоотӣ иттиҳоди неру нишон диҳанд

10-03-2018, 15:49

11 март - Рӯзи матбуоти тоҷик

 

10 март дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон ҳамоиши рӯзноманигорони вилоят ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик барпо гардид.

 

Дар ин ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар, сардабирони нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин собиқадорони матбуот ҳузур доштанд. Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода аҳли қалам, тамоми кормандони воситаҳои ахбори оммаро бо иди касбӣ - Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, табрику таҳният гуфта, барояшон илҳоми бесарҳад, килки созанда ва рӯзгори саодатмандро таманно намуд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси ҷадидони Бухоро аввалин рӯзномаи тоҷикӣ - «Бухорои Шариф» санаи 11-уми марти соли 1912 дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л.Н.Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони Бухоро, нашр гардид. Вилояти Хатлони Тоҷикистон бошад, дар муқоиса бо минтақаҳои шимолу шарқи ҷумҳурӣ дертар, танҳо дар оғози солҳои 30-юми асри ХХ соҳиби рӯзномаҳои худ гардид. То он замон зиндагии мардуми ин минтақа ва рӯйдодҳои муҳими онро мухбирони нашрияҳои русии Туркистон ва рӯзномаи тозатаъсиси «Тоҷикистони Сурх» инъикос мекарданд.

Бо ҳадафи татбиқи барномаи азхудкунӣ ва обёрии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш Ҳукумати шӯроӣ дар аввали солҳои 30-юм ҳазорон нафарро аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ ба ин водӣ муҳоҷир намуд. Барои тарғибу ташвиқи меҳнаткашон ба бунёди ин иншооти бузург кумитаи марказии ҳизби коммунистӣ чанд қарорро ба тасвиб расонид, ки таъсиси рӯзномаҳоро пешбинӣ мекард. Яке аз ин қарорҳо 8 феврали соли 1931 қабул шуд, ки тибқи он бояд дар маҳалли сохтмони Вахш рӯзномае бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ таъсис дода мешуд.

То замони тасвиби ин қарор дар қитъаи марказии сохтмони Вахш комсомолҳо рӯзномаи девориеро бо номи «Ударник Вахшстроя» таҳия мекарданд, ки баъдтар дар заминаи он ду нашрияи бисёртиражаи (орган)-и кумитаи ҳизбӣ ва раёсати сохтмон - «Зарбдори сохтмони Вахш» ва «Ударник Вахшстроя» - ташкил ёфт. Ин рӯзномаро метавон поягузори журналистикаи минтақавӣ ва мактаби бузургу эътирофшудаи рӯзноманигорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон номид. Шоир ва публитсисти шинохтаи тоҷик Мирсаид Миршакар яке аз нахустин муҳаррирони нашрияи «Зарбдори сохтмони Вахш» - аввалин рӯзнома дар водии Вахши вилояти Хатлон дар оғози солҳои 30-юми асри XX буд. Фаъолияти журналистии Мирсаид Миршакар дар саҳифаҳои рӯзномаи сохтмони Вахш, талошҳояш барои шаклгирии ҳавзаи адабӣ, ба роҳ мондани робитаҳои эҷодию фарҳангии ӯ дар солҳои сиюми асри гузашта аз ҷониби муҳаққиқон пурра омӯхта нашудааст. Аммо ҷойи баҳс нест, ки саҳми Мирсаид Миршакар дар ташкили кори нахустин нашрияи чопии вилояти Хатлон ва касби шуҳрату маҳбубияти ин рӯзнома дар байни коргарони тоҷик ва миллатҳои маҳаллӣ назаррас мебошад. «Зарбдори сохтмони Вахш» ҳамчунин дар шаклгирии ҳавзаи адабӣ ва публитсистика дар водии Вахш саҳми бориз гузошта, барои пайдоиш ва нашри рӯзномаҳои дигари даврӣ дар навоҳии минтақа заминаи устуворе фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки иди матбуоти тоҷик дар замони Шӯравӣ 5 май ҷашн гирифта мешуд, ки ба рӯзи нашри нахустшумораи нашрияи коммунистии «Правда» рост меомад. Пас аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 парлумони Тоҷикистон 11 мартро рӯзи матбуоти тоҷик эълон намуд.

Муовини раиси вилоят М. Хидирзода таъкид намуд, ки матбуоти тоҷик ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа бахусус дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фароҳам омадани шароиту имкониятҳои озодандешию ошкорбаёнӣ мавқеи устувор ишғол намуд. Матбуот ба мақсаду мароми халқ ва арзишу манфиатҳои миллӣ наздиктар шуд. Имрӯз дар фаъолияти матбуоти мустақили Тоҷикистон, яъне дар фаъолияти онҳое, ки худашон рӯзномаву маҷалла, агентии иттилоотӣ, шабакаи телевизион ё радио таъсис дода, кори онро мустақилона пеш мебаранд, унсурҳоеро мебинем, ки сазовори пайравӣ кардану омӯхтан ҳастанд.

- Ман умед дорам, ки қаламкашон донишу малака ва қобилияти эҷодии худро мунтазам ба сӯйи ҳадафҳои неку созанда равона карда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон, таҳкими сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти нангини ҷомеа саҳми босазо мегузоранд, - зикр кард М. Хидирзода. - Мо дарк мекунем, ки буҳрони иқтисодӣ, афзоиши нархи маводи чопӣ ба фаъолияти матбуоти даврии маҳаллӣ таъсири манфӣ расонида, боиси то ҷое коҳиш ёфтани теъдоди нашр гаштааст. Боиси хушнудист, ки намояндагони нашрияҳо, сарфи назар аз ин мушкилот ва монеаҳо, рисолати касбиашонро сарбаландона иҷро менамоянд. Дар чунин шароит таъсис додани сомонаҳои интернетии воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ бар салоҳи кор аст. Зеро сомонадорӣ на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ камхарҷ аст, балки тавассути он фарогирии аудитория васеътар ва имкони нашри зудҳангоми ахбор бештар мегардад.

Таъкид шуд, ки дар Рӯзи матбуоти тоҷик месазад, ки аз меҳнати пурсамар ва шоистаи эҷодкорон, собиқадорони соҳа ёдоварӣ намоем. Мактабҳои бузурги эҷодӣ ва корномаи журналистони соҳибноми хатлонӣ чун Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Бӯриннисо Бердиева, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Қувваталӣ Холов, Абдулло Муродов, Акбар Муслимов, Ғаффор Мирзо, Фотеҳ Ҳомидов, Ашӯр Сафар, Мисралӣ Сониев, Аскаралӣ Набиев, Файзалӣ Чориев ва даҳҳо нафари дигар, ки бо навиштаҳои пурмуҳтавои худ дар бедории мардум ва баланд рафтани сатҳи маърифатнокии онон, фош намудани беадолатиҳои иҷтимоӣ саҳми беандоза гузоштаанд, дар саҳифаҳои таърихи матбуоти тоҷик сабт ёфтааст.

- Мо аз журналистони машҳури вилоятамон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта, сарфи назар аз вазъияти номуътадили сиёсӣ, идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ, рисолати эҷодкориашонро сарбаландона адо карда, ба ҳалокат расидаанд, ҳамеша ба ёд дорем, - давом дод муовини раиси вилоят. - Номи неку хотираи устодони сухан Пиримқул Сатторӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Шарифамоҳи Кишвардухт, Тӯраҷон Қобилов, Олимҷон Ёрасенов, Зикрулло Валиев, Зуҳуриддин Суярӣ, Саидҷалол Фахриддинов, Аюбҷон Неъматов, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Шарофиддин Қосимов ва дигарон гиромӣ бод.

Муовини раиси вилоят доир ба саҳми матбуот дар таҳкими забони адабӣ сухан гуфта, ҳамзамон аз он изҳори таассуф кард, ки саҳифаҳои рӯзномаҳои музофотӣ ҳанӯз ҳам аз ғалатҳои гоҳе фоҳиши ғоявию услубӣ ва имлоӣ пок нашудаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мавқеи ҷуғрофӣ, ҳаёти иҷтимоии мардум ва шояд ин  ки бахши аъзами аҳолии вилояти Хатлон дар рустоҳо умр ба сар мебаранд, ба забони матбуоти маҳаллӣ ҳам бетаъсир намондаанд. Яъне гоҳе гӯишҳо ва шеваҳои хоси як маҳалли муайян, ки аз забони адабии китобӣ тафовут доранд, ҳатто дар матолибе, ки дар қолаби жанрҳои хабарӣ таҳия шудаанд, дар матбуоти вилояти Хатлон ба чашм мерасанд.

Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо забони содаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад. Пешвои миллат ба кормандони воситаҳои ахбори омма ва аҳли қалам таъкид кардаанд, ки лафзи модарӣ муқаддас аст ва онро азизу гиромӣ бояд дошт.

- Дар мавриди муҳтавои матбуоти имрӯза танҳо онро гуфтан мехоҳам, ки ҳам матбуоти расмиву ҳам ғайриҳукуматӣ, дар маҷмӯъ, хоҳони беҳбудиву пешрафти ҷомеа мебошанд, - идома дод муовини раиси вилоят М. Хидирзода. - Роҳбари мамлакат низ ишора кардаанд, ки ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил, ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон, иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад.

Пас аз ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи матбуот маросими эътои Ҷоизаи озмуни вилоятии эҷодкорон «Нерӯи сухан» ба ғолибонаш сурат пазируфт. Соли дувум аст, ки ин озмуни эҷодӣ дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар миёни журналистон ва ВАО-и вилоят аз рӯйи панҷ номинатсия – «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ», «Беҳтарин нашрияи ноҳиявӣ», «Беҳтарин барномаи телевизионӣ», «Беҳтарин барномаи радиоӣ» ва «Беҳтарин сомонаи хабарӣ» гузаронида шуда, дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад.

Ҳамин тавр, журналист Н. Маъмурзода сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ», нашрияи «Гулхани Восеъ»-и ноҳияи Восеъ сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин нашрияи маҳаллӣ», журналистон Далер Шарифов ва Д. Шарифов барандаи Ҷоизаи «Беҳтарин барномаи телевизионӣ», корманди радиои вилоят Р. Додархӯҷаев соҳиби Ҷоизаи «Беҳтарин барномаи радиоӣ» ва сомонаи интернетии рӯзномаи «Хатлон» ғолиби номинатсияи «Беҳтарин сомонаи интернетӣ» гардиданд. Ба ғолибон Шаҳодатнома ва мукофоти пулиро муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода тақдим намуд.

Ҳамин тавр, беш аз 70 нафар кормандону собиқадорони матбуот ва ВАО-и вилоят аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Дар поёни ҳамоиши бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик Махфират Хидирзода изҳори итминон кард, ки ҳар як намояндаи ВАО минбари суханро барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода менамояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф нест.

М. Носирҷон,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +
levitra definicion de economia
<a href="http://levitra-gg.com/#buy+levitra">10mg vardenafil</a>
levitra tratamiento
levitra 10mg prezzo
ariane levitra anao manao
6 апрел 2018 22:34
medical levitra
<a href="http://levitra-gg.com/#buy+levitra">buy vardenafil generic</a>
levitra y sacerdote alli pasaron por
levitra prices
difference entre levitra et viagra side
7 апрел 2018 14:57
andy levitra pro football focus player
<a href="http://levitra-gg.com/#buy+levitra">vardenafil generic</a>
cialis comparison levitra a href http
cheap 20 mg levitra
acheter levitra vardenafil
7 апрел 2018 18:10
levitra generika rezeptfrei deutschland fussball
<a href="http://levitra-gg.com/#buy+levitra">buy generic levitra</a>
levitra on the internet
vardenafil
levitra generico precio mexico
8 апрел 2018 02:17
potenzmittel levitra side
<a href="http://levitra-gg.com/#buy+levitra">levitra generic</a>
bayer levitra 10mg
levitra 10 mg prezzo
blood pressure levitra
8 апрел 2018 07:39
Propecia How Long For Results 1 Mg tadalafil cialis from india Pediatric Dosage Of Keflex Candaian Pharmacies
12 июн 2018 16:02

Матолиби дигар:

Матбуот ва вао дар таҳкими асолати миллию  Давлатдорӣ нақши муассир доранд

Матбуот ва вао дар таҳкими асолати миллию Давлатдорӣ нақши муассир доранд

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Ҳамкорони мо барандаи Ҷоизаҳои ба номи Лоҳутӣ ва Асрорӣ шуданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Д. Гулмаҳмадзода: «Журналистон ҳимоятгари манфиатҳои миллианд»

Д. Гулмаҳмадзода: «Журналистон ҳимоятгари манфиатҳои миллианд»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бузургон дар ситоиши матбуот

Бузургон дар ситоиши матбуот

Хабарҳо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА