Дар як сатр
» » Падидаи таърихӣ: тоҷику ӯзбек боз ба ҳам омаданд

Падидаи таърихӣ: тоҷику ӯзбек боз ба ҳам омаданд

10-03-2018, 14:24

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Оре, ин мисраъҳои одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асрҳо боз мазмуну моҳияти хешро гум накардааст. Ҳангоме ки марзи байни Ҷумҳурии Тоҷикистону  Ӯзбекистон дар ҳудуди вилояти Хатлон дар ноҳияи Шаҳритӯс кушода гардид, аз ашкҳои модарон, чеҳраҳои хуши фарзандон, баҳамоии пайвандон боз як бори дигар волоияти  мисраъҳои ашъори Рӯдакиро эҳсос намудам.

Беш аз бист сол боз дарвозаҳои марзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Тоҷикистон баста буд ва дӯст наметавонист, ки чеҳраи дӯстро бинад. Модар пазмони духтару фарзанд дар ёди рӯйи волидайн ғамгину ҳасратзада буд. Инак, бо иқдому сиёсати сулҳпарваронаи сарони ду кишвар садди  чинӣ бардошта шуду пайвандон ба васли якдигар расиданд. Рӯзи 7 марти соли равон боз як гузаргоҳи сарҳади  миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз кард. Субҳи бармаҳал сокинони ноҳияҳои Қубодиён, Н. Хусрав, Шаҳритӯс дар тан либосҳои идона, дар даст парчамҳои давлатӣ, шиору навиштаҷоти ифодакунандаи дӯстиву рафоқат, ҳамдилию ҳамраъйӣ рӯ ҷониби мавзеи сарҳадӣ оварда буданд. Гулдастаҳои муаттар, чеҳраҳои хандони пиру ҷавон аз зиндагии пурсаодат, рӯзгори ободу осудаи ҳаммеҳанонамон дарак медод. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони навоҳии Қубодиён, Шаҳритӯс, Носири Хусрав  дар хатти сарҳад намояндагони вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пазироӣ намуданд. Садои дафу чанг ба атроф танинандоз буду сурудҳо дар васфи дӯстии миёни халқу миллатҳо, аз ҷумла тоҷику ӯзбек ба қалбҳо шодӣ меафзуд.

Раиси вилояти Сурхандарё Эркинҷон Турдиев ва ҳамроҳонашро издиҳоми беш аз панҷҳазорнафараи вилояти Хатлон гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. Парчамҳои ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя парафшон буд. Пас аз пешвозгирӣ ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид. Раиси вилояти Хатлон,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода меҳмононро ба сарзамини офтобии Хатлонзамин хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки пайванди дӯстӣ миёни халқҳои тоҷику ӯзбек аз давраҳои хело қадим идома дорад. Дӯстии Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ далели ин гуфтаҳост. «Ин ду адиби шинохтаи классик тавонистанд дар арсаи таърих риштаҳои дӯстии тоҷику ӯзбекро тақвият бахшанд. Бо таҳияи асарҳои оламшумулашон бори дигар собит созанд, ки  ин ду миллат метавонанд, баҳри рушду тараққиёти на танҳо иқтисодиву иҷтимоӣ, балки фарҳангию адабӣ низ саҳмгузор бошанд», - таъкид дошт раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронӣ.

Раиси вилояти Сурхандарё Эркинҷон Турдиев низ зимни баромадаш аз пазироии гарму самимии мардуми Хатлонзамин изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки ҳамкорӣ миёни ду вилоят ва дар умум миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба манфиати мардуми ин ду кишвар хоҳад буд. Ҳамчунин, раиси вилояти Сурхандарё иброз дошт, ки дар вилоят тоҷикони зиёде сукунат доранду  қисме аз онҳо соҳиби вазифаҳои давлатианд ва миёни аҳолӣ соҳибэҳтиром гардидаанд. Лаҳзаҳое, ки ду миллат ба ҳам расиданд, яъне гузаргоҳи «Гулбаҳор» кушода шуду онҳо рӯ ҷониби Тоҷикистон оварданд, барои сокинони ҳар ду давлат лаҳзаҳои фаромӯшнопазир ва пурҳаяҷону пуризтироб буд. Ашкҳои шодӣ рӯйи модарону духтарон ва пиру барноро мешуст.

Шаҳло Бурҳонова бо амри тақдир аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ноҳияи Шаҳритӯс келин шуда омада буд. Охирин маротиба ин модар соли 1997 ба тариқи марзи сарҳадии «Гулбаҳор» ба Ӯзбекистон рафта буд. Тавре ки номбурда ашкрезон ва бо ҳаяҷон сухан мегуфт, фарзанди нахустинаш 20-сола гардидааст ва инак, баъд аз 20 сол  ба дидори пайвандонаш, бахусус модари азизу меҳрубонаш, мерасад. Ва дастурхони пур аз кулчаю нонҳои бо меҳр пухтаашро ба даст гирифта, озими сафари Ӯзбекистон шудааст.

Хосият Тошпӯлотова низ бо амри тақдир аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон келин шуда, ба ноҳияи Шаҳритӯс омадааст. Ӯ бо ашки шашқатор қисса оғоз намуд. Ин зани афсурдадил бо сабаби баста будани роҳҳо натавонист, ки дар ҷанозаи модари дилсӯзу ғампарвар ва ба ҷону дил баробараш ширкат варзад.  Дарвоқеъ, ӯ натавонист ба ҳарфу сухани вопасини модараш гӯш диҳад. Шояд дами нафаси охирин модари Хосият Тошпулотова низ дар орзуи дидани чеҳраи фарзандаш ва суханҳои нагуфтаи дар дил нуҳуфтааш дунёи равшанро падруд гуфтааст. Ҳамин  тавр, Хосият Тошпӯлотова дар ҷанозаи бародару додаронаш низ ширкат надошт. Шояд аз ин рӯ, бо ашки шашқатор ёди он рӯзҳо мекарду аз ин баҳамоии мардуми  ду давлат ва кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ шукрона дошт, ки минбаъд бе ягон мамониат ба ӯ ва фарзандонаш дидорбинии пайвандони боқимондааш муяссар мегардад.

Дар ҳақиқат, ин лаҳзаҳо бисёр пурҳассос ва фаромӯшнопазир буданд, зеро баҳамоии пайвандон, хешу ақрабо, ёру дӯстон шаҳодат аз рӯзгори осудаи мардуми Тоҷикистон буд. Меҳмононе, ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада буданд, ҳамин тавр бо пайвандону дӯстон, волидайн пазироӣ доштанду зери савту навои дӯстӣ мерақсиданд. Пас аз қабулу эҳтироми меҳмонон чун арзи сипос ва эҳтиром раиси вилоят ба намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон- раиси вилояти Сурхандарё туҳфаҳои хотиравӣ, мусаввараҳои зебои манзараҳои афсонавии Хатлонзаминро тақдим дошт.

Боз дар навбати худ, гурӯҳи сокинони Хатлонзамин, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони  ВАО зери парчамҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ҷониби гузаргоҳи сарҳадии «Гулбаҳор» оварданд. Дар сарҳади вилояти Сурхандарё меҳмонони хатлониро бо нону намак ва дастагулҳои муаттар пазироӣ намуданд. Сокинони вилояти Сурхандарё аз ташрифи меҳмонони хатлонӣ хурсанду болидарӯҳ гардида, бо савту наво ва сурудҳои дилнишин васфи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро месароиданд.

Раиси вилояти Сурхандарё Эркинҷон Турдиев ҳозиринро хайрамақдам гуфта, доир ба дӯстии гусастанашавандаи тоҷику ӯзбек, робитаҳои ҳамкории судманд изҳорӣ андеша намуд. Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сухан баромада, таъкид дошт, ки дар ҳақиқат, боз офтоб мебаромадааст ва боз дарҳои ду давлати ба ҳам ҳамсоя ба рӯйи якдигар боз гашта, равуои шаҳрвандон барқарор гашт. Раиси вилоят зимни суханронӣ таъкид дошт, ки роҳҳо пайвандгари қалбҳоянд. Минбаъд муносибатҳои ҳасана миёни ду вилояти ҳамсарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон - Хатлону Сурхандарё равнақ ёфта, бадин васила созишномаҳои ҷалби сармоягузорӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ низ ба имзо мерасанд. Муҳим аз ҳама пайвандон, модарон, волидайн, фарзандон, хоҳару бародарон ба дидори ҳамдигар мерасанд. Ранҷу дуриҳо, раҳпоиҳо, интизориҳо ба охир расида ва минбаъд танҳо меҳру муҳаббат, садоқат, вафою ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстии гусастанашаванда боқӣ хоҳад монд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳамчунин, ба иштирокчиёни ҷамъомад, сокинони вилояти Сурхандарё, бахусус  ба ҷавонон муроҷиат намуда, таъкид дошт, ки бояд дар қалби ҷавонон рӯҳияи дӯст доштани ҳамдигар, эҳтиром, муносибатҳои некдилонаю некхоҳонаро ҷо намоем. Бояд ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстиву ободгароӣ тарбият намоем. Роҳбари вилоят дар фарҷоми суханронӣ иштирокдоронро ба Рӯзи Модар-сарчашмаи ҳаёт ва Наврӯзи хуҷастапай-фасли зеботарини сол, баҳори гулфишон табрик намуда, ба ҳамагон тансиҳатӣ  ва хонаободӣ таманно намуд. Ба мо имкон даст дод, ки бо чанд тан сокинони вилояти Сурхандарё ҳамсуҳбат шавем. Нилуфар Авазова ва Норхол Ҷумъаева чандин сол муқаддам аз ноҳияи Шаҳритӯс бо амри тақдир  келин шуда ба вилояти Сурхандарё омаданд. Ин модарони толеъбаланд аз он изҳори сипос намуданд, ки монеаҳои марзҳои сарҳадӣ бартараф гардидаанд ва ниҳоят, метавонанд пайвандону волидайни хешро бе ягон мамониат аёдат намоянд, аз ҳолу аҳволи эшон бохабар гарданд.

Ду нафар сокинони солдидаи вилояти Сурхандарё момои Хумор ва Байномбибӣ ба пазироии сокинони вилояти Хатлон баромаданд. Онҳо низ аз ин иқдоми неки роҳбарони ду давлат хеле хушнуд гашта, даст ба дуо бардошта, ба сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон миннатдорӣ карда, дуои офияти ҷонашонро намуданд, ки пас аз чандин сол ба дидори наздикону пайвандонашон, ки дар Тоҷикистон рӯзгор ба сар доранд, расидаанд. Дар ҳақиқат, кушодашавии марзҳои сарҳадии Ӯзбекистону Тоҷикистон, равуои бемамониати шаҳрвандони ин ду кишвар имкон медиҳад, ки робитаҳои фарҳангиву адабӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ боз ҳам ривоҷ ёфта, рӯзгори сокинони ин ду вилояти калонтарини Тоҷикистону Ӯзбекистон нумӯю равнақи тоза ёбад.

ВАХШОНА,

"Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БО  ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!»

«ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗРО БО ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!»

Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

ЗАНОН-БУНЁДСОЗИ ҶОМЕА

Ҳаёти иҷтимоӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Мардумони тоҷику ӯзбек аз қадим бо ҳам дӯсту бародар буданд

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт