Дар як сатр
» » Лочабофӣ: «мушку заъфар», «миттӣ» ва «байрақ»

Лочабофӣ: «мушку заъфар», «миттӣ» ва «байрақ»

10-03-2018, 13:32

Алочабофӣ дар Феҳристи миллии фарҳанги ғайримоддӣ дар бахши касбу ҳунарҳо ба қайд гирифта шудааст

Ҳунари алочабофӣ дар бис-ёр шаҳрҳои тоҷикнишин, аз ҷумла дар Хуҷанд, Самарқанд, Бухоро, Ҳисор (Қаратоғ), Кӯлоб ва дигар шаҳрҳо маълум буд. Дар Осиёи Марказӣ алоча ба номҳои зебак, фарангӣ ва абрешимӣ маълум аст. Тавре ки муҳаққиқ Дилшод Раҳимов дар «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» навиштааст, алочае, ки тору пудаш аз ресмони маҳаллӣ таҳия мешуд, зебак ном дошт. Алочае, ки аз ресмони аврупоӣ бофта мешуд, фарангӣ ва оне, ки аз абрешиму ресмон буд – алочаи абрешимӣ номида мешуд. «Алоча матои рахдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Нақши алоча аз роҳҳои ҳаррангаи қабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он «миттӣ», «мушку заъфар» ва «байрақ» ном доранд.

Алочаи ҳисорӣ аввалҳо тангбар буд. Дар охири асри XIX бари он аз чор ангушту чоряк (26-27 см) то (56-58 см) васеъ карда шуд, ки онро мардуми маҳаллӣ «олчинбар» («оршинбар») меномиданд. Дарозии ин гуна алочаро 12,5 оршин (8,8 м) чен карда мебуриданд, ки он «як лӯла» ном дошт. Аз он як ҷомаи мардона ва ё як куртаи занона дӯхтан мумкин буд», - омадааст дар «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик».

Баъзан нақши алочаро бо ду рахи барашон яксони гуногунранг зинат медоданд. Масалан, як рахро сурх, дигарашро сафед, зард ё ягон ранги дигар мекарданд. Аз ин навъ алоча маъмулан ҷомаҳои занонаву мардона медӯхтанд. Алочае, ки  аз ресмонҳои  дуруштнах бофта мешуд, пудаш дар байни асоси матоъ хуб намоён мешуд ва ба матоъ тобишу ҷилои махсус медод.

Устоҳо ин усулро моҳирона истифода бурда, матоъро ҷилодору хушнамуд месохтанд, чунки бо роҳи рангкунӣ чунин тобиш ба вуҷуд намеомад. Чунончи, дар матои асосаш бунафшранг пуди кабуди осмониро мегузоштанд, ки дар натиҷа алочаи кабуднамо истеҳсол мешуд.

Ду навъи алоча маъмул буд. Сиёҳалоча, ки пуди онро аз нахҳои сиёҳ мекарданд ва сурхалоча, ки пудаш аз нахҳои сурх таҳия мешуд. Сиёҳалоча матои нисбатан олмиёна ва торик-ранг буд, ки бештар барои ҷомаҳои мардона истифода мешуд. Сурхалоча каме равшан буда, аз он либосҳои занона медӯхтанд.

Масъули гӯша

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»

Шарҳи хонандагон +
levitra generico brasil vs argentina
levitra online
key acquisto levitra
buy 10 mg levitra
levitra ili cialis iskustva korisnika
7 апрел 2018 14:27
sacerdote levitra y el samaritano para
buy levitra 10mg
levitra dosierung
20mg levitra
quel est le meilleur viagra cialis ou levitra free
7 апрел 2018 17:42
levitra ukk
vardenafil
cd o levitra flavio almeida
buy 20mg levitra
difference between levitra cialis and viagra
7 апрел 2018 20:16
ostia que levitra en misa
buy vardenafil online
2comparison levitra
buy 10 mg levitra
levitra dosierung paracetamol
7 апрел 2018 22:59
potenzmittel levitra free
buy levitra 10mg
viagra vs levitra equivalent dose and effective dose
levitra 20mg bayer prezzo
tren que levitra wikipedia shqip
8 апрел 2018 01:46
levitra 10 mg bucodispersable precious accents
vardenafil online
levitra eyes
levitra buy
assuefazione levitra 20
8 апрел 2018 07:11

Матолиби дигар:

ҚУРОҚДӮЗӢ: АЗ ДӮХТИ НАВЪИ «ВАРАҚӢ» ТО «ҚУӢ»

ҚУРОҚДӮЗӢ: АЗ ДӮХТИ НАВЪИ «ВАРАҚӢ» ТО «ҚУӢ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Атлас ва атласбофӣ

Атлас ва атласбофӣ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

2018-СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР