Дар як сатр
» » Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост

10-03-2018, 13:24

Лӯхтак чизи одиест, ки аз чӯб, парчаи коло, пахта, риштаҳои рангин, тугмаву муҳраву нигин омода мешавад.  Чизи одист, аммо ҳангоми бозӣ бо он кӯдакон аз инҷиқӣ дар канор мемонанд, бо он бозӣ мекунанд, гап мезананд, механданд, гоҳо қаҳрӣ мешаванд, гоҳо оштӣ мекунанд. Кӯдакон дар ҳини бозӣ ба лӯхтакҳо вазифаву нақшҳои мухталифро медиҳанд. Махсусан, духтарчаҳо ба лӯхтакбозӣ ҳаваси беандоза доранд. Онҳоро ба таври ҳақиқӣ дӯст дошта, нигоҳубин мекунад. Лӯхтакбозӣ дар кӯдак ҳиссиёти модариро бедор менамояд. Яъне кӯдак нисбати зоча ғамхории модарона зоҳир карда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш  нисбати ӯ менамояд, духтарча нисбати зочаааш такрор месозад.

 

Лӯхтаксозӣ кори осон нест. Аз риштаву сӯзан, пораи коло ва пахтаву муҳраву нигин «одамак» сохтан аҷаб кори мушкилест. Сохтани лӯхтаки шабеҳи одам. Чӣ эъҷозу сеҳре дорад он.

Дар рафҳои мағозаҳои бозичаҳои бачагона ва бозорҳои кишвар лӯхтакҳои шабеҳи одаму ҳайвонҳо ба ҳар намуду ранг истода, назари бинандаро ба худ мекашанд. Аз тамошои онҳо одам лаззат мебарад, ба дунёи рангини кӯдакон ворид мегардад ва боз мехоҳад, ки аз нав кӯдак шавад. Кӯдаке, ки ба ҷуз бозича «касе» ва чизи дигари қимату дӯстдоштанӣ дар дунё надорад. Бозӣ бо лӯхтак воситаи муҳимтаринест, ки дар тарбияи ахлоқии кӯдакон нақши муҳим мебозад.

Сохтани лӯхтак, ки эъҷози дасти ҳунарманд аст, аз тафаккури воло, маданияти баланд ва муъҷизаофар будани дастони инсон дарак медиҳад. Дунёи лӯхтаксоз аҷаб  рангин аст.  Дунёи пурфасонаву пурэъҷоз. Дунёи пур аз қаҳрамониву ҷасорату шуҷоату мардонагӣ. Дунёи зебоӣ ва  билохира, дунёи беназир, ки гӯё Худованд онро фақат барои ин инсони ҳунарманди гулдасту муъҷизаофар офарида бошад.

Дар рӯзҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар маркази ноҳияи Носири Хусрав баргузор  гардид, аз тамоми гӯшаву канори ноҳия ҳунармандони бис-ёре бо мақсади муаррифии маҳсули дас-тони хеш ширкат намуданд. Дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018, маҳсули офаридаҳои ҳунарманди лӯхтаксоз Хумор Азимова ба маъраз гузошта шуда буд, ки бисёр назаррабо буданду дилкаш ва ба иштирокдорон мақбул.

Ду ҳуҷраи хонаи ин ҳунармандро, ки дар Ҷамоати деҳоти «Истиқлол»-и ноҳияи Н. Хусрав воқеъ аст, пур аз лӯхтак, ки шабеҳи қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ аст, дарёфтем. Ин ҳунарманди лӯхтаксоз аз тахайюли бою рангини хеш моҳирона истифода намуда, лӯхтакҳоро дар нақши қаҳрамонони афсонаҳои халқӣ хеле олӣ офаридааст.

Сад дареғ, ки холаи Хумор дунёи фониро падруд гуфтааст. Аммо маҳсули ҳунари зебои мардумиаш номи ӯро зинда медорад. Ҳоло духтари холаи Хумор – Сурайё Гулматова (дар акс) касби модарашро идома медиҳад. Чӣ хуш, ки ин ҳунарманд дар баробари ҳунари воло доштанаш боз рӯ ба мутолиаи китоб овардааст. Аз олами «Афсонаҳои халқи тоҷик» бохабар будааст, онҳоро мутолиа менамудааст, аз онҳо лаззат бурда, бо тахайюли бойи хеш қаҳрамонони ин афсонаҳоро дар шакли лӯхтак офаридааст ва пешкаши мардум, бахусус кӯдакон, гардондааст.

Муҳимаш он ки тавассути лӯхтакҳои сохтааш кӯдакон дар рӯҳияи ахлоқи шоистаи инсонӣ тарбия меёбанд. Онҳо ҳангоми бозӣ бо лӯхтакҳо меҳрубон будан, гапдаро будан, хушмуомила буданро ёд мегиранд. Кӯдакон бо лӯхтакчаҳо чунон унс мегиранд, ки лаҳзаи беҳтарини умр ва вақти қиммати хешро бо онҳо мегузаронанд ва ҳама меҳру муҳаббат ва садоқату дӯстдориашонро ба онҳо мебахшанд. Ин ҳама хислати накӯ дар қалбашон ҷо мегирад ва то нафаси охирини умр пойбарҷо мемонад.

Тамоми аҳли деҳ дар бораи Хумор Азимова бо муҳаббат сухан гуфта, аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, ки холаи Хумор як шахси фарзона буду хизмат ба мардумро савоби бузург медонист. Номи ин ҳунарманди рангинхаёл, ки дили ҳазорон кӯдаконро пур аз шодиву фараҳ мекардааст ва ба ҳазорон хонаҳо бо ин дастранҷи хеш зебоии хоса зам менамудааст, то абад дар ёдҳо ва қалбҳо  боқист, зеро ҳама мардуми ноҳия бо ифтихор номи лӯхтаксози моҳир - холаи Хуморро пайваста бо меҳр ба забон меоранд. Хуморе, ки ҷон ба Ҷонофарин таслим намудаву умед мебандем, ки чун маҳбубтарин бандаи Худованд дар фирдавси барин манзил гирифта.

Аммо ин ҳунари волои Хумор Азимова, ки аз худогоҳ, хештаншинос, фарҳангиву бомаърифат ва меҳнатдӯст буданаш шаҳодат медиҳад, номи ӯро зинда нигоҳ медорад. Ҳамакнун ҷигарбандонаш  идомадиҳандаи кору пайкори модар ҳастанд, зеро онҳо аз модари ҳалолкору боиффат ва ҳунардӯсташон нозукиҳои ин касбро ёд гирифтаанд.

Айни ҳол масъулони осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Носири Хусрав чанд намунаи маҳсули дасти ин ҳунарманди зиндаёдро дар гӯшаи алоҳида ҷо дода, онро ҳифозат менамоянд ва барои меҳмонону сокинони дигари ноҳия чун дастоварди аҳли ҳунари ин маҳал намоиш медиҳанд.

Заҳмати Хумор Азимоваи ҳунарманд ва духтараш Сурайё шоистаи таҳсин аст. Чӣ хуш аст, ки ин гуна ҳунармандон бо рушди ҳунару малакаи хеш дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ саҳми бориз мегузоранд.

Ҳангомаи ИСМАТ,

Сумангул АСАДБЕК


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Д. Гулмаҳмадзода: «зиҳӣ, модар!»

Д. Гулмаҳмадзода: «зиҳӣ, модар!»

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Зан-нигини пурҷилои тоҷи миллат»

«Зан-нигини пурҷилои тоҷи миллат»

Ҳокимияти давлатӣ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Чорабинӣ хотирмон гузашт

Чорабинӣ хотирмон гузашт

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ