Дар як сатр
» » Мактуби модарону омӯзгорон

Мактуби модарону омӯзгорон

20-01-2015, 18:23

Мактуби модарону омӯзгорон

Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ!

Мо омӯзгорону модарон, ки бештару бештар барои боз ҳам ривоҷ додани соҳаи илм ва тарбияи ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ пешгирӣ намудани онҳо аз ҳар гуна ҳаракатҳои ғайриҳизбӣ масъалаҳои террористӣ-экстремистӣ чораҳои лозима андешида нишон доданием, ки занҳо ҳамеша дар пойдории давлату ҳукумат пояи асосӣ буданд ва ҳастанду мемонанд.

Мо - модарон, омӯзгорон аз Шумо ва пайравонатон, яъне ҲНИТ хоҳиш дорем, ки дигар оби чашми модаронро нарезонед, чашмонашон ба роҳи фарзандонашон интизорӣ накашанд, нагузоред, ки хуни тифлони бегуноҳ, хуни модарон ва ҷавонписарон резад, аз ин роҳ баргардед. Зеро модар одамиро ба дунё овардааст. Одамоне, ки хуни ноҳақ мерезанд, дунёи тинҷу оромеро ба ҷангу ҷидол оварда мерасонанд, оқибат ба нестиву бенишонӣ мерасанд.

Мо, омӯзгорон гуфтанием: одамоне, ки номи одамиро ба замин мезананд, сазовори бардоштани ин ном нестанд. Онҳо танҳо дар зоҳир одаманд, дар асл аз дев ё ҳайвони дигар беш нестанд. Сазовори одаму инсон будан донистани ҳадду ҳудуди худ аст. Ҳамин ки аз ҷодаи худ берун қадам ниҳод, ӯро дигар одам номидан маҳол аст.

Ҳакими Тӯс мефармояд:
Ҳар он к-ӯ гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш з-одамӣ.


Мехостем аз шумо бипурсем, ки оё медонед хирадмандони ҷаҳон чи қадар таъкид кардаанд, ки мо инсон бимонем ва сазовори номи инсонӣ бошем. Ба фикри мо, Шумо намедонед. Ё табиати инсон ҳамин тавр аст, ки гӯши ношунав дорад ва ё аз таърих сабақ намегирад. Носири Хусрав бо сӯзу гудоз мегӯяд:

Зи мардумзодаӣ, бо мардумӣ бош,
Чи бошад дев будан? Одамӣ бош.


Мо, модарон, аз шумо хоҳиш дорем, ки аз ин даҳшат бояд канора ҷуст. Ҳоло ҳам дер нашудааст, аз ин роҳ баргардед. Ислоҳ шавед.
Иттиҳод ва иттифоқ бояд шуд, баҳри ваҳдати башар бояд ҷадал кард.

Як гурӯҳ модарон, омӯзгорони кафедраи курси амалии забони русии ДДҚ ба номи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зани бомаърифат - оилаи солим

Зани бомаърифат - оилаи солим

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

«Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб буб ...

Муроҷиати модарони Хатлонзамин: Нагузорем, ки ҷоми булӯрини Ваҳдат осеб буб ...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Ф. Абдуллоева: Ҷавонони Хатлон бо муҳтавои номаи донишҷӯёни суғдӣ ба унвони ...

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА