Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар


Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар



2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро  мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.   

Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.

Таҷҳизоти кории корхона ба таври автоматӣ фаъолият намуда, дар як соат имконият дорад, ки 3 тонна сабзавот ва то 120 килограмм маҳсулоти донагиро банду баст намуда, пешниҳоди харидорон созад.

Ҳоло дар корхонаи навтаъсис банду басти 14 навъи меваю хушкмева ва сабзавот роҳандозӣ гардида, дастгоҳҳои корӣ имконият медиҳанд, ки бо пайдо гардидани талабот номгӯи маҳсулот ба таври назаррас зиёд карда шавад.

70 фоизи маҳсулоти кишоварзие, ки барои банду баст ба коргоҳ ворид карда мешавад, аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷумҳурӣ буда, 30 фоизи дигар, ки асосан донагиро дар бар мегирад, аз дигар кишварҳо ворид мегардад.

Айни замон Коргоҳи “Деҳаи ман” бо 45 хоҷагии кишоварзӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, аз онҳо маҳсулот дастрас менамояд. Корхона ҳамчунин имконият дорад, ки фармоиши хоҷагиҳои деҳқониро барои банду басти маҳсулоти истеҳсолнамудаашон иҷро намояд.

Банду басти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи талабот бо ҳаҷму намудҳои гуногун дар борҷомаҳои зебову бозоргир амалӣ карда мешавад. Ҳоло маҳсулоти банду бастгардидаи корхонаи мазкур асосан ба мағозаву фурушгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва дигар минтақаҳои кишвар пешниҳод карда мешавад. Ба иттилои масъулин, айни замон талабгорони чунин маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ дар бозорҳои хориҷӣ низ зиёд аст ва корхона барои содироти он ба дигар кишварҳо омода мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман” бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шарикони рушд (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) бунёд гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ, ки аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.   

Дар назди коргоҳи нав мағозаи алоҳидаи фуруш таъсис ёфта, ба харидорон маҳсулоте, ки дар корхони мазкур бо шаклу андозаи гуногун банду баст мегардад, пешниҳод карда мешавад.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро василаи муҳими таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор маънидод намуда, барои роҳандозии содироти маҳсулоти банду бастгардида ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон дидан карда, бо маҳсулоти ниҳоии онҳо аз наздик шинос шуданд.

http://www.president.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода