Дар як сатр
» » Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

Замин азизмоҳро соҳиби хона ва зиндагии хуб гардонид

10-03-2018, 13:04

Азизмоҳ Маҳмадиева аз ҷумлаи он бонувонест, ки дар соҳаи кишоварзӣ муваффақ гашта, рӯзгори хонаводаашро аз ин ҳисоб пеш мебарад. Ӯ солҳои зиёд аст, ки деҳқонӣ мекунад. Меҳри беандозааш нисбат ба замин ва кишоварзӣ зиёд буд, ки Азизмоҳ соли 2005 хоҷагии деҳқонии «Ширин»-ро таъсис дода, дар он боғ бунёд намуд.

 

- Ман дар ин кор бисёр хушнуд ва сипосгузор аз Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошам. Чунки Сарвари давлат ҳамеша ғамхор ва дастгирӣ мо-занони меҳнатдӯст буда, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагиамон мусоидат мекунад. 

Соли 2012 ин хонуми кишоварз аз ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ дар озмуни «Бонуи соҳибкори сол» ҷоизаи «Фараҳ» ширкат варзида, нимфиналисти номинатсияи хоҷагии қишлоқ гардид. Тавре ки худи ӯ мегӯяд: «Иштирок дар ин озмун ба ман ҷасорат бахшид, таҷриба дод,  муносибатҳои дӯстона ва кори маро бо дигар соҳибкорзанони минтақаҳои гуногуни кишвар пайваст. Меҳрамро ба касбам афзуд  ва ниҳоят 1,5 га зардолубоғам ба 6 га расид».

Баъд аз ин, ба гуфтаи ӯ, роҳаш ба деҳқонӣ кушода шуд. Аз тарафи Асостсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ҳамроҳи 18 нафар соҳибкорзанони фаъоли ҷануби Тоҷикистон ба вилояти Суғд рафт. Он ҷо бо кишоварзону боғдорон ва соҳибкорони касбӣ вохӯрда, табодули таҷриба намуд ва боз ҳам кор омӯхт. Аз боғдорони пуртаҷрибаи вилояти Суғд 500 бех ниҳоли зардолуи мевааш хушкшаванда харидорӣ намуда, онро дар 2 га замин шинонд. 

- Ду сол пеш дар шимоли Тоҷикистон маҳз дар айёми гулкунии дарахти зардолу ҳаво бениҳоят сард омад ва ба боғу зироати кишоварзон зарар расонид. Дар ин вақт соҳибкорони суғдӣ ҳамкориро бо мо зич ба роҳ монда, меваи зардолуи моро барои хушккунӣ харидорӣ намуданд, - мегӯяд Азизмоҳ Маҳмадиева.

- Баъзе хоҷагидорони собиқадор ба мо мегуфтанд, ки зардолупарварӣ дар шароити минтақа даромаднок нест, – ба ёд меоварад апаи Азизмоҳ. – Дар соли чаҳоруми парвариши боғи зардолу саҳмдорони хоҷагии мо боварӣ ҳосил карданд, ки зардолу аз ҳама маҳсулоти сердаромад аст, агар коркарди ниҳолҳо дуруст ба роҳ монда шавад. 

Ҳоло ин зани пуркор, дар  маҷмуъ, 16 га замин дорад. Дар боғаш зардолую шафтолу, олую олича ва хурмо мепарварад. Дар боқимонда замин ба сабзавоткорӣ машғул буда, як сол қабл ба истеҳсоли кӯчати помидору  қаламфури булғорӣ низ бо усули муосир оғоз кардааст. Ин тарзи истеҳсол ва парвариши кӯчатро ба Азизмоҳ ва садҳо зани дигар Лоиҳаи «Соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои занон» омӯхт.

- Бори аввал зимистони гузашта, парвариш ва истеҳсоли кӯчати памидору қаламфури булғориро бо усули муосир дар гармхона ба роҳ мондам. Агар мо ҳарчанд дертар ба ин кор шурӯъ карда бошем ҳам, вале натиҷаи заҳматамон хуб шуд.  Дар ин сол жола бориду ниҳолони помидори шинонидаи ҳамсояҳоямро нобуд кард.  Аммо мо корро тибқи тавсияҳои  агрономҳои лоиҳаи болозикр ба роҳ монда, сабзавоти худро эмин нигоҳ доштем ва даромади хубу ҳосили фаровон гирифтем.

Азизмоҳ аз ҳисоби даромади буҷаи хоҷагиаш нияти сохтани бунгоҳи тиббӣ ва боғчаи бачагонаро дорад.

Амонҷон МАҲКАМОВ,

Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

Ҷомӣ. Ҷавонон касбу ҳунар меомӯзанд

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

ИСТЕҲСОЛИ ЛИМӮ БАРЗИЁД ИҶРО ГАРДИД

Иқтисоду тиҷорат
Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ амалӣ мегардад

Иқтисоду тиҷорат
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ