Дар як сатр
» » 15 фарзанди як модар

15 фарзанди як модар

10-03-2018, 12:33

Сайалӣ, Робиямоҳ, Саидакбар, Фариштамоҳ, Саидмукарам, Саидҷаъфар, Кибриё, Сайфурамоҳ, Мастурамоҳ, Холиқҷон, Зайтунбӣ, Абдусаттор, Зубайдамоҳ, Абдуҷалол, Раъногул - ҳама фарзандони қаҳрамонмодар холаи Шамсия Қурбонова ва падари хушбахту бодавлат Файзалӣ Раҳматов, сокини деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти «Тоҷикистон»-и ноҳияи Балҷувонанд. Имрӯз ҳафт писар ва ҳашт духтар номбардори онҳо мебошанд. Холаи Шамсия 60 сол дорад. Писари бузурги ӯ Сайалӣ, 40- сола ва фарзанди хурдӣ, Раъногул 15 солаанд.

 

Аксари фарзандони холаи Шамсия аз ноҳияи Балҷувон дар пайи зиндагӣ ва ризқу рӯзии худ рафтаанд. Яке, дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дигаре, дар идораҳои давлатӣ машғули коранд. Панҷ фарзанди ин хонавода дорои маълумоти олӣ буда, соҳибкасб шудаанд.  Дигар фарзандон хонандаи мактаби миёна мебошанд.

Дар вақти суҳбат бо холаи Шамсия пай мебарем, ки ӯ модари хушбахти даврон аст. Дар омади гап аз ин модар пурсон мешавам, ки дар тарбияи 15 фарзанд чӣ азобҳоеро паси сар кардааст? Ӯ баъди сукути тӯлонӣ табассумкунон мегӯяд: «Албатта, таваллуди фарзанди зиёд ва тарбияи онҳо кори саҳл нест. Азоб ҳам буду хурсандиҳам. Ба ин ҳадяи илоҳӣ шукр мегуфтам ва ҳама мушкилот фаромӯш мешуд. Ҳангоме, ки фарзандонамон хурд буданд, ба хӯрокаву пӯшока таъмин кардани онҳо танқисӣ мекашидем. Ба ин нигоҳ накарда понздаҳ фарзандро тарбия намудем»,- афзӯд холаи Шамсия.

Оре, ин қаҳрамонмодар понздаҳ фарзандро ба дунё оварда, калон кардааст. Шукрона аз он мекунад, ки дар кишвари ободу осоишта давлати пирӣ меронад. Фарзандонаш ба ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифтаанд ва имконияти таҳсили касбомӯзӣ доранд.

Даҳ ҷигарбандаш соҳиби оила ва фарзанд мебошанд.

Робиямоҳ, духтари дуюмии оила, бо ифтихор ва сипос аз волидайн ҳарф зада, мегӯяд: «Волидайн моро новобаста аз душвории молиявӣ ва мушкилоти зиндагӣ хононданду пӯшонданд ва маълумоти олӣ доданд, имрӯз мо соҳиби касби дилхоҳу ҷойи кор ҳастем».

Чун дар арафаи Рӯзи модар қарор дорем, Саидакбар, писари сеюмии ин оила, модараш Шамсияро бахшида ба ин рӯз аз номи аҳли фарзонадон табрик намуда, мегӯяд: «Дустдоратон ҳастем то абад, идат муборак модарҷон!».

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дидори модару писар баъди 23 сол

Дидори модару писар баъди 23 сол

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Марди 92-сола соҳиби дугоник шуд! (Тафсилоти бештар)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Ҳаёти иҷтимоӣ
Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Ҳаёти иҷтимоӣ
«Ҳайфи ту, падарбезор!»

«Ҳайфи ту, падарбезор!»

Ҷавонон ва варзиш