Дар як сатр
» » Нақши вао дар ташаккули эҳсоси ватандорӣ ва мубориза бо ифротгароӣ

Нақши вао дар ташаккули эҳсоси ватандорӣ ва мубориза бо ифротгароӣ

9-03-2018, 09:48

28 феврал дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши ВАО дар ташаккули эҳсоси ватандорӣ ва мубориза бо ифротгароӣ» баргузор гардид.

 

Дар ҳамоиши мазкур, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барпо шуд, сармуҳаррирони тамоми нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявию байналмилалӣ, собиқадорон ва алоқамандони матбуот иштирок доштанд. Конфронсро сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Асалмо Сафарова ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пайомадҳои ба истилоҳ «таҳоҷуми иттилоотӣ» ва зарурати боз ҳам фаъолтар будани рӯзноманигорон дар муқобили ин ҳама таҳдидҳои ҷаҳони муосир сухан гуфт.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ҳамзамон директори муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода зимни ироаи маърӯзааш дар мавзӯи «Рақобатпазирии ВАО дар шароити муосир» аз ҷумла таъкид кард, ки дар шароити вусъати терроризм ва экстремизми мазҳабӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, муборизаи шадид дар бозори геополитикии ҷаҳон иттилоот силоҳи асосӣ маҳсуб мешавад.

Аз нигоҳи раиси ИЖТ, муҳимтарин тадбир дар бобати таъмини амнияти фазои иттилоотӣ ҳамкории зичи се бахш: ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлат ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Ин ҳамкории пурарзиш метавонад ва имкон фароҳам меорад, ки барои пешгирии таҳдидҳои иттилоотӣ омода бошем. "Яке аз таҳдидҳои дучоршаванда монополизатсияи бозори иттилоотии Тоҷикистон ва сохторҳои алоҳидаи он аз тарафи сохторҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ мебошад. Таъкиди ин нуқта бо он бештар асоснок мешавад, ки тайи солҳои охир кишварҳои олам, чӣ абарқудратҳо ва чӣ мамлакатҳое, ки даъвои соҳибнуфузӣ дар минтақа доранд, ба таври бесобиқа сохторҳои иттилоотии худро пурзӯр мекунанд. Ин раванд ҳатто аз даврони ба истилоҳ «ҷанги сард» низ ваҳимтар ба назар мерасад, зеро сохторҳои итттилоотӣ ба воситаҳои таблиғи хушунату зӯроварӣ ва таҳдид табдил меёбанд. Масалан, имрӯз дар кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон дар баробари дигар васоити иттилоотӣ радиои ба ном "Давлати исломӣ” фаъолияти худро пеш мебарад ва маълум аст, ки он манбаи тарғибу ташвиқи чӣ идеяҳоест”, - зикр кард З. Исмоилзода.

Ба андешаи раиси ИЖТ, дар чунин шароити душвори геополитикӣ Тоҷикистон барои ҳимояи фазои иттилоотиаш бояд панҷ тадбирро раҳандозӣ намояд. Яке аз онҳо пешниҳоди муҳтавои сифатноки телевизионҳои миллист, зеро рӯ овардани мардум ба шабакаҳои беруна ва манбаъҳои иттилоотии бегона, бешубҳа, мухотабонро дар зери таъсири шабакаҳои бегона боқӣ нигоҳ медорад. Инчунин, омода намудани мутахассисони соҳаи васоити ахбор ва хусусан онҳое, ки бо забонҳои англисӣ, русӣ, чинӣ мавод пешниҳод карда тавонанд, пойбарҷо будан дар баробари нуфузи садҳо сомона-ҳои интернетӣ ва таҳоҷуми иттилоотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони васоити ахбори омма, беҳбудӣ бахшидан ба вазъи воситаҳои ахбори омма дар музофот бас муҳим аст.

- Табиист, ки айни ҳол вазъи ВАО дар минтақаҳо касеро қонеъ карда наметавонад, - идома дод раиси ИЖТ. - Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи интишороти матбуот 187 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Ин ба ҳар 4 миллион хонандаи имконотӣ 00.3 нусха ё бо аломат 127 аломат, яъне сатр ташкил медиҳад. Ҳафтанома, моҳномаҳо ва гоҳномаҳои шаҳрию районӣ дар фазо ва майдони иттилоотӣ ҳиссаи ночиз доранд. Аз сабаби фаъолияти мунтазам надоштани онҳо дар минтақаҳо ҷавононе, ки журналистикаро интихоб мекунанд, тақрибан минбари нашри маводи шогирдонаи худро надоранд. Ин аст, ки аксари онҳое, ки ба факултаи журналистикаи  донишгоҳҳо ҳуҷҷат месупоранд, таҷрибаи ҳамкорӣ бо нашрияҳоро надоранд. Ҳол он ки чанд сол пеш шарти асосии қабул ба факултаи журналистика доштани тавсиянома аз редаксияи нашрияҳо ва пешниҳоди маводи нашргардида буд. Ин анъанаҳоро эҳё намудан боиси нуфузи нашрияҳои маҳаллӣ мегардад.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳамкории зичи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бо нашрияҳои музофотӣ ногузир аст, зеро воситаҳои ахбор бояд фақат дар зоҳир минбари ҳокимияти маҳаллӣ набошанд, балки дар амал минбари таҳлилу баррасии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии музофоти кишвар бошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  мардум бештар ба манбаи маҳалии ахбор бовар мекунанд ва авлавиятро ба хабарҳои маҳалливу минтақавӣ медиҳанд. Ин нуқтаро бояд сармуҳаррирони васоити ахбори умуми чопӣ ва электронӣ ба назари эътибор гиранд ва муҳтавои нашрияҳо ва шабака-ҳои телевизиониву радиоии худро ба  тартиб дароранд.

Тибқи пурсише, ки дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» гузаронида шудаст, дар ВАО баъзе кормандон давоми 10-15 соли охир умуман бозомӯзиро нагузаштаанд. Бешубҳа, ин боиси поин рафтани маҳсули журналистӣ ва канор рафтан аз таҳлили ҷиддии масоил мегардад. Барои ҳамин, тавре дар ҳамоиш ишора шуд, бояд ба такмили чандзинагии ихтисоси кормандони воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад. Зеро ҷомеаи иттилоотӣ хеле дар равнақ аст ва бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Дар баробари ин, рушди босуръат кормандони эҷодиву техникӣ бояд бо донишҳои назариявию амалии соҳа мусаллаҳ бошанд ва тавонанд муҳтавои барномаву навиштаҳояшонро такмил диҳанд.

Дар идома, роҳбари идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон Ҳамро Салимов дар мавзӯи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ дар ВАО-и электронӣ маърӯза карда, аз ҷумла қайд кард, ки ҷомеаи журналистӣ ва ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони маҳбуб бояд ҳамеша ин ҳарфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд дошта, сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад: «Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад».

Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигории ДДҚ ба номи Носири Хусрав, дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон тавассути публитсистикаи сиёсии тоҷик» маърӯза карда, иброз дошт, ки публитсистикаи сиёсии тоҷик аз аввалин муроҷиатҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон оғоз меёбад. "Чунки дар он айём масъалаи фирориёни тоҷик, баргардонидани онҳо ба ватан, таъсир ба эҳсоси ватандории онҳо яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати онвақта буд. Ба ғайр аз ин, публитсистону сиёсатмадорони номии он давра А. Достиев, И. Усмонов низ дар осори публитсистии худ масъалаи меҳанпарастию ватандорӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро муҳим шуморидаанд”, - идома дод Д. Маҳкамова.

Унвонҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав Н. Маъмурзода дар мавзӯи «Хоки ватан аз тахти Сулаймон хуштар» ё муҳта-вои мусоҳибаҳо бо гумроҳони наҳзатӣ» сухан гуфта, аз силсилаи мусоҳибаҳои ихтисосиаш бо собиқ муҳассилони мадрасаҳои ғайрирасмии исломии хориҷӣ, пайравону таблиғгарони ТЭТ ҲНИТ ва фошкории ҳадафҳои уғризонаи ин ташкилот ёдовар шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз фазои холии идеологӣ, сиёсатҳои бепояи нобаҳангом, ваҳшонияти сиёсиву қатлу куштор, радикализми сиёсӣ ва иқтисодӣ, буҳрони маънавӣ, хурофоту мавҳумпарастӣ аз сабабҳои аслии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ буданд ва имрӯз, дар замони бадалшавии идеологияҳо, таҳоҷуми иттилоотию таҳмилсозии ғояҳои бегона, ВАО ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташакулдиҳандаи афкори созанда бояд саҳми худро дар таҳкими сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва ташаккули эҳсоси ватандорӣ гузоранд.

Дар ин конфронс таъкид гардид, ки бо вуҷуди нияти неки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои таъмини сулҳу ҳамзистии осоишта ба хотири ояндаи неки миллату меҳан, аъзои ҲНИТ аз аввал ба ташкил ва иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ дастбакор шуданд. Дар ғояҳое, ки ҲНИТ талқин мекард, ҷойгоҳи миллат, давлатдорӣ ва арзишҳои миллӣ холӣ буд. Масалан, танҳо дар солҳои 2010-2015 45 нафар аъзои ин ҳизб ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба 34 нафари онҳо қарорҳои ниҳоии судӣ қабул гардиданд. 23 нафар аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Раёсати олии он бинобар даст  доштан дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ногуфта намонад, ки ТЭТ ҲНИТ бо таъсиси расонаҳо ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам талоши таъсиргузорӣ дар афкори оммаро дар дохили Тоҷикистон дорад. "Зархарид”-они ин ташкилот бо нашри шарҳу ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо мехоҳанд фазои иттилоотиро халалдор ва мардумро дар муқобили ҳукумати феълӣ зеҳнсозӣ созанд. Аммо тоҷикистониҳо аз асли ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, аз он ки барои бароварда сохтани мақсадҳои худ чӣ гуна аз номи дини мубини ислом сӯйиистифода мешуд, хуб бархӯрдоранд.

Имрӯз журналистон ва ВАО метавонанд ва бояд ҳам дар муқобили чунин "ҷангҳои иттилоотӣ” чун василаи муассири дифоъкунандаи манфиатҳои миллию давлатӣ ва ташаккулдиҳандаи афкори солиму созандаи мардум хизмат кунанд.

Мусоидат намудан ба ташаккули шахсият, шахсияте бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, шахсияте, ки ифтихори миллӣ дошта бошад, шахсияте, ки дар ҳама ҳол ба манофеи миллию давлатӣ авлавият диҳад, нафаре, ки сатҳи баланди ахлоқ, ҷаҳони ғановатманди маънавӣ дошта, масъулиятшиносу созанда ва таҳаммулпазиру худогоҳ бошад, на танҳо вазифаи аслии оила, ҷомеа ва давлат аст, балки яке аз самтҳои фаъолияти васоити ахбори омма бояд бошад.

Зимни муҳокимарониҳо дар конфронси илмӣ-амалӣ таъкид гардид, ки дар ҷанги иттилоотӣ танҳо  бо иқдоми хайриявӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ғолиб шудан имконнопазир аст. Ҳукумат пойгоҳи моддӣ-молии ВАО-ро сарфи назар аз шакли моликияташон дастгирӣ бояд намояд. Дар ин росто таҳияи ҳар чӣ зудтари Стратегияи миллии дастгирӣ ва рушди ВАО-и миллӣ аз муҳимтарин тадбирҳо ба шумор меравад. Ҳамзамон, вусъати фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар шароити ҳассоси кунунӣ, албатта, аз менеҷменти дурусти идорӣ, фаъолияти босамари риштаҳои эҷодиву техникӣ ва стратегияи дурусту мушаххаси онҳо низ вобаста мебошад.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Асалмо Сафарова дар ҷамъбасти кори конфронси илмӣ аз фаъолияти журналистии худ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдовар гардида, гуфт, ки Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ солҳои ҷангу ҷидол ва пурошӯберо аз сар гузаронд. Журналистон ҳам дар қатори ҳамон мардум аз миёни обу оташ гузаштанд. Вале ҳама мақсаду маромашон танҳо иборат аз он буд, ки дар роҳи заҳматдӯстӣ, ватанпарварӣ, созандагию ободгароӣ ва беҳдошти ахлоқии мардум саҳм бигиранд. Ҳамарӯза дар ин раҳ худашон пешсаф буданд ва дигаронро низ дар ин ҷода раҳнамоӣ менамуданд. «Имрӯз ҳам вазифаи аввалиндараҷаи эҷодкорони вилоят, чун ҳамеша тарғибу ташвиқ намудани сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Аз ҷониби дигар, журналистони вилоят дар роҳи ободиву созандагӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як журналист дар ҳар давру замон, пеш аз ҳама, воқеъбинона инъикос намудан ва нигоштани ҳаёти ҷомеа аст. Итминон бар он дорам, ки қаламкашони вилоят аз ин пас низ солҳои зиёде баҳри пешрафти ҳаёти ҷомеа, таҳкими сулҳу субот ва тарбияи ватандӯстии заҳматкашон нақши муҳим хоҳанд гузошт», - афзуд А. Сафарова.

Пас аз ироаи маърӯза ва муҳокимарониҳо дар конфронс, маросими супурдани шаҳодатномаҳои узвият ба аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ки дар ВАО-и маҳаллӣ фаъолият доранд, барпо шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби раиси ИЖТ З. Исмоилзода ба чанде аз собиқадорони матбуот, аз ҷумла Саидалӣ Бобохонов, Боймурод Саидалиев, Ҳусейн Мирзоев, Наҷот Сафарзода, Асалмо Сафарова, Азизи Фаттоҳ, Умар Камолов, медалҳои ҷашнии «100-солагии матбуоти тоҷик» тақдим гардид.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бузургон дар ситоиши матбуот

Бузургон дар ситоиши матбуот

Хабарҳо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

«Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Баррасии нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Баррасии нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

ВАО бояд аз манфиатҳои миллию давлатӣ дифоъ кунанд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА