Дар як сатр
» » Гулнисо: «бо қаҳрамонии шавҳарам ифтихор мекунам»

Гулнисо: «бо қаҳрамонии шавҳарам ифтихор мекунам»

10-03-2018, 09:36

Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон полковники тоҷик Хайриддин Аҳтамов барои ҷасорат ва мардонагӣ ҳангоми ҳимояи сарҳади давлатӣ (баъди маргаш) бо ордени «Спитамен дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.

 

Хайриддин  Аҳтамов, собиқ сардори отряди сарҳадӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар задухӯрди мусаллаҳона ҳангоми пешгирии убури ғайриқонунии қочоқбарони афғон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷи-кистон қаҳрамонона ҳалок гардид.

Ин мукофоти давлатиро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ генерал-полковник  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар ҳузури фарзандон, наздикон ва ҳамхизматони марҳум ба Гулнисо Нозимова, ҳамсари Хайриддин Аҳтамов супорида, аз ҷумла ӯ зикр намуд: "Роҳбарияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва миллати бошарафи тоҷик ҳеҷ гоҳ фарзандони шуҷоъ ва қаҳрамони худро фаромӯш намекунанд”.

Муҳаммад Улӯғхоҷаев, сухангӯи ин  ниҳод, дар суҳбат ба рӯзномаи "Хатлон” гуфт, ки бо ташаббуси фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ манзили истиқоматии оилаи полковник Хайриддин Аҳтамов пурра таъмир гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.

- Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ҳамсару фарзанди ҳамяро-қи мо худро танҳо ҳис кунанд, зеро Хайриддин Аҳтамов барои таъмини амнияту сарҳад ҷони худро сипар кардааст. Ёду қаҳрамониҳои ӯ ҳамеша дар қалби мо ҳаст ва мемонад, - иброз дошт Бадриддин Мирзоев, полковник, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ.

Ҳамчунин, афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ Шуҳрат Раҳмонализода аз ҷасорату мардонигӣ ва хизмати содиқонаи ин ҳомии ватан ёд намуда, гуфт, ки Хайриддин Аҳтамов ҳамеша дар сафи пеши амалиёти машқиву ҷангӣ қарор дошт. Ҳеҷ гоҳ намегузошт, ки аскарони қаторӣ дар сафи пеш бошанд, балки аввал худ пеш баромада ба афсарон намунаи олии ҷасуриву далериро нишон медод.

Подполковник Назрулло Башшолов, ҳамхизмати Аҳтамов, мегӯяд, ки  марги қаҳрамононаи полковник Аҳтамов Хайриддин барои афсарону низомиёни қатории Қӯшунҳои сарҳадӣ талафоти калон аст. Ӯ дар хотираи мо ҳамчун афсари кордон, ватандӯсти асил, муборизи зидди қочоқчиёну вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ва дӯсти дардошно нақш хоҳад баст.

Ёдовар мешавем, ки шоми 2 декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон кӯшиш карданд, ки бо маводи мухаддир вориди марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд. Ҷинояткорони мусаллаҳи афғон ба огоҳии  онҳо итоат накарда, ба тарафи сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд. Дар натиҷа, сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович зимни ин амалиёт қаҳрамонона ба ҳалок  расиду чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Аз оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида, боқимонда бо истифода аз торикии шаб ба хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ бурданд. Баъди аз назаргузаронии ҷойи ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Масъулини Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, ки  фарзанди содиқи ватан, муҳофизи марзу буми меҳан аз дасти ноҷавонмардон ба ҳалокат расонида шуд, вале ҳазорон ҳазор пайравону ҳамсафони ӯ кори ӯро идома дода, намегузоранд то нохалафе қадами нопоки худро ба ин сарзамини муқаддас гузошта, хокашро олуда гардонад. Хайридин Аҳтамов шаҳиди роҳи адолат, ҷонфидои миллат, ҳомии ҳақиқии марзу бум буд, ки ному қаҳрамонии  ӯ дар қалбу ёди ҳар як сарҳадбону ҳар як фарди тоҷик боқӣ хоҳад монд. Ба қавли шоир:

 

Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст,

Ҷойи ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

 

Ҳамсари марҳум Гулнисо Нозимова бо дили реш аз шавҳари дар роҳи ҳифзи Ватан шаҳидгаштааш ёдовар шуда мегӯяд: Марги Хайриддин барои оилаи мо дарду ғам ва мусибати калон буд. Акнун бо нолаю фиғон, зорию тавалло ӯро дигарбора ба ҳаёт баргардонида наметавонам.

Таскини ягонаам ин аст, ки ӯ ҷони худро барои ҳифзи хоки муқаддаси ватан, ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз нисор намуд. Бо баҳои ҷон нагузошт, ки нохалафоне бо нияти қочоқи маводи мухаддир марзи меҳани моро убур карда, ба ин мулки ободу озод доруи маргро интиқол  диҳанд. Бале, аз ҳушёрию зиракии марзбонони мо қочоқчиён ба мақсади нопокашон нарасиданд. Аммо аз тири онҳо шавҳари ман ба ҳалокат расид. Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, ки маро танҳо намегузоранду ба оилаи мо кумак мекунанд. Ҳамчунин,  ӯро бо мукофоти давлатии ордени «Спитамен дараҷаи I» сарфароз гардонида, хотираи шавҳарамро гиромӣ дош-танд.

Фаромӯз БОБОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Шамсиддин Шоҳин: Пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқчиён

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният